Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳар моҳ дар Тоҷикистон 100 кас олудаи ВИЧ мешавад"


Ба ҳисоби миёна ҳар рӯз дар Тоҷикистон аз се то чаҳор нафар ба ВИЧ – вируси норасоии масунияти бадан – олуда мешудааст. Аммо коршиносон теъдоди воқеии гирифторони ин вирусро бештар аз ин ҳисоб мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки на ҳамаи мубталоёни ВИЧ ба пизишкон муроҷиат менамоянд.​

Дилафрӯз надонист, чӣ гуна ба ВИЧ мубтало шуд

Коршиносон теъдоди воқеии гирифторони вируси норасоии масунияти баданро бештар аз ин ҳисоб мекунанд, зеро на ҳамаи гирифторон ба табибон муроҷиат менамоянд.

Дилафрӯзи 23-сола дар ҳоле аз гирифториаш ба ВИЧ огоҳ шуд, ки тифли шашмоҳа дар батнаш мурд ва пизишкон хостанд, кӯдаки норасидро аз шиками модар берун оранд. Он замон ташхиси хуни ӯ нишон дод, ки ба вируси норасоии масунияти бадан олуда шудааст.

"​Тобистони соли гузашта издивоҷ кардам. Шавҳарам муҳоҷири корӣ дар Русия буд. Дар аввал намедонистам, ки олудаи ин вирус аст. Вақте табибон гуфтанд, ки маҳз аз роҳи иртиботи ҷинсӣ бо ӯ сироят ёфтаам, шавҳарам иқрор кард, ки мубталои ин вирус буд", - нақл кард Дилафрӯз.

Ҳоло табибон ба ин зан ҳомилашавиро иҷозат надода, хостанд, ки аввал ҳамроҳи шавҳараш табобат гирад.

Ба монанди Дилафрӯз дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар бадани 321 нафар ин дарди бедармон ошкор шуд. Рақаме, ки дар нигоҳи аввал намешавад ба он бовар кард. Аммо воқеият чунин аст, ки ҳар моҳ дар як кишвари хурди Тоҷикистон дастикам сад нафар олудаи ин вирус мешаванд.

Муҳоҷирон -- қишри осебпазир

Мақомоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфтанд, дар миёни олудашудаҳо аз се ду нафарашон тавассути иртиботи ҷинсӣ аб ин беморӣ печидаанд. 90 дарсади онҳо аз 15 то 49-солаанд. Ба гурӯҳи осебпазир дар баробари ин вирус, мӯътодони маводи мухаддир, муҳоҷирони корӣ ва ҳам онҳое дохил мешаванд, ки иртиботи бебандубори ҷинсӣ доранд. Теъдоде ҳам аз роҳҳои номаълум ба ин беморӣ гирифтор шудаанд.

ВИЧ/СПИД яке аз бемориҳои хатарноки қарни 20 унвон мешавад, ки табибону олимон то ҳол барои табобати он доруеро кашф накарданд. Аввалин мавриди гирифторӣ ба ВИЧ-СПИД дар Тоҷикистон 27 сол пеш сабт шуд. Тоҷикистон дар миёни чанд кишвари камшумори ҷаҳон аст, ки ин вирус дар он дар муддати 10 соли гузашта 25 дарсад афзудааст. Аз замони пайдо шудани беморӣ дар кишвар, то кунун беш аз 2400 нафар ҳалок шудаанд. Танҳо дар як соли гузашта, 1207 ҳолати сироятёбӣ ба ин вирус ошкор шудааст.

"Тоҷикистон бояд худаш сармоягузорӣ кунад"

Табибон мегӯянд, дар сурати саривақт ошкор шудани нишонаҳои олудагии хун ба ин вирус, ҷони нафарони зиёдро мешавад наҷот дод. Муолиҷаи СПИД хароҷоти калонро талаб мекунад ва танҳо як марҳилаи табобаташ то 8000 доллар арзиш дорад. Барои кумак ба гирифторони СПИД дар Тоҷикистон аз солҳои 90-ум созмонҳои байналмилалӣ дасти ёрӣ дароз кардаанд.

Ахиран созмонҳои байналмилалӣ эълон карданд, ки сармоягузорӣ дар барномаҳои мубориза бо ВИЧ-СПИД дар кишварҳои минтақаро ба тадриҷ коҳиш хоҳанд дод. Таҳлилгарон ҳам мегӯянд, Тоҷикистонро зарур аст, ки худаш барои сармоягузорӣ ба ин барномаҳо омода шавад, дар акси ҳол бо чолишҳои ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳад омад.

Мақомот мегӯянд, то кунун даҳҳо барномаи ҷилавгирӣ аз бемории мазкурро қабул кардаанд ва соли 2017 Стратегияи миллии мубориза бо ВИЧ-СПИД барои солҳои 2017-2020 тасвиб шуд. Ба қавли мақомот, ҳадафи ниҳоии онҳо ошкор кардани тамоми гирифторон ва муолиҷаи онҳо аст, то зиндагии комил дошта бошанд.

Мақомот: "Гирифторӣ ба ВИЧ/СПИД коҳиш ёфтааст"

Дилшод Сайбурҳонов, муовини раиси Маркази мубориза бо бемории вируси норасоии масунияти бадан, рӯзи 28-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин сироятёбӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта даҳ дарсад камтар аст. Ин ҳамсӯҳбати мо сатҳи сироятёбии сокинон ба ин вирусро ташвишовар намедонад ва мегӯяд, сатҳи эпидемия нисбат ба кишварҳои ҳамсоя дар Тоҷикистон пасттар аст.

"Агар дар Русия ба сад ҳазор аҳолӣ 700 нафар, Украина 670 ва Қазоқистон 143 нафар сироятшуда рост ояд, дар Тоҷикистон ба 115 нафар баробар мебошад. Дар муқоиса ба меъёри Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Тоҷикистон чандон дар сатҳи баланд нест", - гуфт ӯ.

Аз сӯи дигар, кишварҳоеро, ки Дилшод Сайбурҳонов номбар кард, дар муқоиса бо Тоҷикистон чандин миллоин бештар аҳолӣ доранд.

Чанде пеш Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон аз мақомоти дахлдор хост, дар фурудгоҳҳо, истгоҳи роҳи оҳан ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ нуқтаи ташхиси фаврии тиббӣ ташкил кунад. Пешниҳоди ташхиси муҳоҷирони тоҷик ҳангоми бозгашт ба ватан дар ҳолест, ки Вазорати тандурустии кишвар онҳоро “афроди осебпазир аз нигоҳи сироятёбӣ ба бемории ВИЧ” номидааст.

Шумораи умумии гирифторони вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ СПИД) наздики 8 ҳазорро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 5 ҳазору 220 нафарашон бо табобати зиддиретровирусӣ фаро гирифта шудаанд. Зимнан, дар Барномаи миллии муқовимат ба эпидемияи вируси масунияти бадан, ки барои солҳои 2017-2020 тасвиб шудааст, аз афзоиши гирифтории кӯдакон ба ин вирус аз роҳҳои номаълум изҳори нигаронӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG