Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷӯгиҳо дар чорсӯи таҳсил ва талбандагӣ


Ҷӯгиҳо ҳангоми таҳсил дар мактаб (Акс аз бойгонӣ)
Ҷӯгиҳо ҳангоми таҳсил дар мактаб (Акс аз бойгонӣ)

Қаҳрамон, хатмкунандаи синфи 4-уми мактаби ҷӯгиҳо, таҳсилашро дар синфи 5-ум идома нахоҳад дод.

Агар ӯ таҳсилашро идома медод, дар 25-солагӣ мактаби миёна ва дар 30-солагӣ ягон Донишгоҳ ё Донишкадаро хатм мекард ва шояд аввалин лӯлии соҳибмаълумот аз миёни лӯлиҳои ноҳияи Восеъ ба ҳисоб
Онҳо зиндагии худро аслан бо касби талбандагӣ дар пушти дари сокинони шаҳру деҳот ба сар мебаранд ва шаҳрвандии Тоҷикистонро ҳам надоранд...
мерафт.

Қаҳрамон дар 13-солагӣ ҳамроҳи хоҳари 9-сола ва бародари 11-солаи худ якҷо ба синфи якуми ин мактаб, ки соли 2006 бо маблағгузории Фонди миллӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, як фонди хайриявие, ки бо маблағҳои грантӣ фаъолият мекунад, сохта шуда буд, ҳамроҳи иддае аз лӯлитаборони деҳаи Бешариқи ҷамоати Пахтаободи ноҳияи Восеъ ба синфи аввал ворид шуд.

Ин мактаб танҳо аз сад фисади сокинони лӯлитабори ин ҷамоат, ки синни мактабӣ доранд, танҳо 20 фисадашашонро метавонад, то синфи 4-ум ба таҳсил ҷалб кунад ва лӯлиёни хатмкунандаи синфи чорум бояд таҳсилашонро ҳамроҳи тоҷикон ва дар мактаби тоҷикӣ идома диҳанд.
Аммо ба мисли Қаҳрамон аксари лӯлиёне, ки барои аввалин бор мактаби вижаи лӯлиёнро то синфи 4-ум хатм кардаанд, ба идомаи таҳсил дар мактаби тоҷикӣ розӣ нестанд.

"Тоҷикон бо мо он қадар муносибати хуб надоранд. Ба ҳоламон механданд ва масхараамон мекунанд. Аз ин рӯ намехоҳем, ки дигар таҳсиламонро бо онҳо идома диҳем. Ба мо агар мактаби 11-сола мекарданд, хуб мешуд. Бе таҳсил дар кӯчаҳо ҳам моро таҳқир мекунанд. Ба шеваи гапзаниямон механданд",-изҳор дошт Қаҳрамон.

Мактаби вижа барои лӯлиён аввалин бор дар Тоҷикистон ва ҳамчунин Осиёи Миёна, ки теъдоди зиёди лӯлиён ба сар мебаранд, сохта шудааст. Масъулини ҳукумати маҳаллӣ мегӯянд, ҳадафи бунёди мактаб баргардонидани лӯлиён аз талбандагӣ ба ҳаёти оддии мулкӣ аст.

Аммо Бахтиёр Одинаев, сармутахассиси шӯъбаи маорифи ноҳияи Восеъ мегӯяд, имсол ин мактабро 25 нафар лулӣ хатм кард, ки ҳамаи онҳо ба идомаи таҳсил дар мактабҳои тоҷикӣ розӣ нестанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки соли гузашта аввалин хатмкунандагони ин мактаб, ки 95 нафарро ташкил медоданд, ҳоло ҳамроҳи ҳамсолон ва волидайни хеш ба талбандагӣ машғуланд.

Бахтиёр Одинаев мегӯяд, то синфи чор лулиён маҷбуран таҳсил кардаанд ва онҳо ба таҳсил ҳеҷ ҳавасмандӣ надоранд.

СОКИНОНЕ, КИ ШАҲРВАНДӢ НАДОРАНД...

Бахтулло Мирзоев, директори вижаи ин мактаби лӯлиён дар сарпечии бархе аз лӯлиписарон аз идомаи таҳсил ду омилро мебинад. Сабаби аввал ба назари ӯ, аксари лӯлиёни кӯҳансолон ташвиқ мекунанд, то фарзандонашон таҳсил накунанд, зеро касби аҷдодии онҳо талбандагист ва бояд лӯлӣ бо ин тарз зиндагӣ кунад.

Аз сӯи дигар Мирзоев мегӯяд, замоне ҳукумати маҳаллӣ барои саводнок гардонидани лулиён барои бунёди ин мактаб ба созмонҳо гуногун мактуб кард ва ин мактаб сохта шуд, дар шурӯъи кор ҳам онҳо ба мушкили зиёде дар самти ҷалби фарзандони лӯлиён ба таҳсил дучор шуданд.

"Аввалан, ин ки мехостем, аз 6 то 7-соларо ба синфи аввал ҷалб кунем, ягон фарзанди лӯлӣ шаҳодатномаи таваллуд надошт. Ягон падару модари онҳо ҳам санаи таваллуди фарзандонашонро намедонистанд. Фақат мегуфтанд, ки дар зимистон ё дар вақти зардолупазу тутпаз фарзандамон таваллуд шудааст. Аз ин рӯ, мо маҷбур будем, ки даҳони онҳоро боз кунем ва бинем, ки дандонҳояшон рехтаанд, маълум мекунем, ки 6-7 сола ҳастанд ва ба синфи 1-ум ҷалб кунем. Дигар соли аввал, аз 7-сола то 14-соларо ба синфи якум қабул кардем ва ба онҳо шаҳодатномаи тахминии таваллуд омода кардем. Омили дуюм ҳамин аст, ки ҳоло бисёре аз онҳо фақат барои он аз таҳсил шарм мекунанд, ки бо ҳамсолони худ нею бо хурдсолон таҳсил мекунанд",-меафзояд, Мирзоев.

ПАС АЗ ДАРС ТАЛБАНДАГӢ

Дар тайи ин чор сол наздики сад нафар аз фарзандони лӯлиён ба ин мактаб ҷалб шудаанд. Ҳарчанд, ба гуфтаи масъулин, бархе хонаводаҳое ҳастанд, ки намехоҳанд, аз 4-5 фарзандаш ҳамааш ба таҳсил ҷалб шаванд. Аз сӯи дигар ба гуфтаи Мирзоев, директори ин мактаб, дар сурати ҷалби ҳамаи лӯлиён ба мактаб имкони таъмини онҳо бо ҷои нишаст нест, зеро маткаб танҳо барои 100 нафар ва он ҳам ҳангоми таълим дар ду баст сохта шудааст. Омӯзгорони ин маткаб мегӯянд, бо вуҷуди таълиму тарбия онҳо наметавонанд, садди роҳи талбандагии лӯлиён гарданд.

Як омӯзгори ин мактаб, ки нахост номашро зикр кунем гуфт: "Мо дарс медиҳем, ба онҳо мисол меорем, ки бубинед, ки пас аз хондан фалон кас ба ин натиҷаи хуб расид. Дар ҳақиқат зеҳни мактаббачаҳои лулӣ тез аст ва онҳо дарсро зуд аз худ мекунанд, вале дар ин ду се сол, боз мебинӣ, ки баъд аз дарс ё рӯзҳои истироҳат, онҳо дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳру деҳот ба талабандагӣ машғуланд."

"ҲАФТ ҶӮГӢ БА АСКАРӢ РАФТААСТ"


Лӯлиён, ки дар ҷануби Тоҷикистон аслан, дар ду ҷамоати ноҳияи Восеъ, 200 километр дур аз шаҳри Душанбе, зиндагӣ мекунанд, аксаран, ҳатто дар замони Шӯравӣ аз таҳсил дар мактаб ва хидмати ҳарбӣ ба таври истисноӣ дар канор мемондаанд.

Сокинони тоҷики ноҳияи Восеъ ба хотир меоранд, ки то таъсиси ин мактаб низ, яъне пас аз истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ягон лӯлӣ ба таҳсил ва хидмати аскарӣ ҷалб нашудааст. Дар ҳафт соли пеш барои ҷалби як лӯлиписар ба хидмати ҳарбӣ тамоми лӯлиён назди комиссариати ҳарбии ноҳия бо нишони эътироз ҷамъ омада буданд. Иддаои онҳо ин буд, ки лӯлиён ба таври имтиёзнок аз хидмати ҳарбӣ раҳо карда шавад.

Он замон ин талаби ҷӯгиҳо ба инобат гирифта шуда ва ягона лӯлиписар аз хидмати аскарӣ раҳо шуд.

"ХОНАНДУ КАСБИ АҶДОДИРО ҲАМ ФАРОМӮШ НАКУНАНД"

Онҳо зиндагии худро аслан бо касби талбандагӣ дар пушти дари сокинони шаҳру деҳот ба сар мебаранд ва шаҳрвандии Тоҷикистонро ҳам надоранд. Аммо имсол ҷалби 7 лӯлӣ ба хидмати аскарӣ барои дигар сокинон "сенсатсия" буд.

Бархе лӯлиён аз ин талошҳои ҳукумати маҳаллӣ зоҳиран истиқбол мекунанд. Қутосбӣ мегӯяд, "бигузор фарзандонамон хонда савод омӯзанд, рафта ба ватан хизмат кунанд. Дониш ба онҳо як рӯз не як рӯз ба кор меояд."

Дар ҳоле ки ин лӯлизан саводмӯзиро ба фарзандон ташвиқ мекунад, дар ҳамин баробар намехоҳад, ки онҳо аз пешаи аҷдодии худ даст бикашанд.

"Бихонанд, аммо ҳеҷ гап надорад, ки кам-кам талбандагӣ кунанд. Ин талбандагии мо аз гуруснагӣ нест, балки касби авлодии мост, ки бояд онро тарк накунем",-илова кард ӯ.

"ЛАЗЗАТИ ЗИНДАГИИ ҶӮГӢ"

Аммо на ҳамаи лӯлиён ба ин талошҳои ҳукумати маҳаллӣ ҷиҳати баргардонидани онҳо ба ҳайёти мулкӣ назари яксон доранд.

Нозималӣ, як марди лӯлӣ бар ин аст, ки замони ахир ҳуқуқи онҳо нақз мешавад ва агар вазъ чунин идома кунад, эҳтимлан онҳо касбу анъанаи аҷдодиро аз даст бидиҳанд. Ба гуфтаи ӯ, ин касби аҷдоди ҳаст ва тамоми лулиён оилавӣ ба он даст мезананд.

Вай меафзояд: "Фарзандони моро ба таҳсилу хизмати аскарӣ ҷалб мекунанд. Охир мо ҳазорсолаҳо нахондем рӯзамон гузашт. Мо анъанаҳои худро дорем ва бигузор онҳоро давом диҳем. Талбандагӣ касби аҷдодиамон ҳаст. Мо баробари дамидани офтоб халтаро ба пушт мегирем ва берун мешавем барои талбидан ва бегоҳ баробари фурӯ рафтани офтоб ба хона бармегардем. Лаззати зиндагии лӯлӣ дар ҳамин аст. Пас, чаро мо онро тарк кунем?"

РӮЗГОРИ ПУР АЗ ТАҲҚИР

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба касби талбандагии лулиён тоҷикон назари гуногун доранд. Гоҳо назари хайрхоҳона ва аксаран назари таҳқиромез. Аз ҷумла, Рустам Камолиддинов мегӯяд, мо дарк кардем, ки инҳо бо ҳамин тариқ рӯз мегузаронанд, пас бигузор бо ҳамин тарз зиндагӣ кардан бигиранд.

Рустам мегӯяд: "Аз мо чӣ меравад, як пора нон. Дар ҳақи гузаштагон садақа кардан мегирем ҳамон як порчаи нонро."
Лӯлиён қавме ҳастанд, ки панҷ-шаш аср пеш аз Ҳиндустон ба кишварҳои Осиёи марказӣ ва дигар мамолики Аврупо ҳиҷрат кардаанд. Дар ҳар давлате, ки онҳо сукунат кардаанд, забони мардуми ҳамон ҷоро пазируфтаанд, вале касби худ, яъне талбандагиро ба ҳеҷ сурат тарк накардаанд...


Аммо Абдулло Асламов, як сокини дигар назари комилан дигар дорад. Ӯ лулиёнро як халқи муфтхӯр медонад.

"Инҳо як халқи тайёрахӯр ҳастанд. Бигузор кор кунанд, ранҷ баранд ва зиндагӣ кунанд. Садақа кардан ҳам ба инҳо савоб нест. Худованд гуфтааст, ки ба онҳое садақа кунед, ки эҳтиёҷ доранд ва ба ҷуз гадоӣ коре аз дасташон намеояд. Лекин ин лӯлиҳо ҳамаашон одамҳои солиманд-ку?",-меафзояд, Абдулло.

Лулиён низ чунин рафтори сокинони муқимиро як ранг қабул мекунанд. Яъне, ба ҳама мушкил тоб овард ва касби аҷдодиро идома бояд дод. Ҳайбулло, як марди лӯлии миёнасол мегӯяд: "Дар ҳақиқат пушти як дар меравем, таҳқир мешунавем. Як нафар дарро ба рӯямон мепушад ва чизе намедиҳад, дигар бо меҳрубони ба мо садақа мекунад. Дар бисёре аз деҳот сагҳоро ба рӯямон мекушоняд. Албатта, мушкил аст, вале мо чунин гап дорем, ки бояд ҳангоми адои касб ба ҳама мушкили тоб орем. Халтаи гадоиро пушт кардан осон нест."

Ҳоло дар кӯчаву хиёбонҳо ва назди аксари бозорҳои Тоҷикистон лулиёнро мушоҳида кардан мумкин аст, ки ба талбандагӣ шуғл доранд. Дар ҷануби Тоҷикистон, танҳо дар ду ҷамоати ноҳияи Восеъ беш аз ҳазор хонаводаи лӯлиён, ки наздики даҳ ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, ба сар мебаранд.

Ба назари таърихшиносн, лӯлиён қавме ҳастанд, ки панҷ-шаш аср пеш аз Ҳиндустон ба кишварҳои Осиёи марказӣ ва дигар мамолики Аврупо ҳиҷрат кардаанд. Дар ҳар давлате, ки онҳо сукунат кардаанд, забони мардуми ҳамон ҷоро пазируфтаанд, вале касби худ, яъне талбандагиро ба ҳеҷ сурат тарк накардаанд.

Дар ҷануби Тоҷикистон чун намунаи як таҷриба бо таъсиси як маткаби вижа талош доранд, то лӯлиёнро ба ҳаёти мулкӣ баргардонанд.

Аммо аз оне, ки хатмкунандагони синфи чоруми ин мактаби вижаи лулиёни деҳаи Бешариқи ноҳияи Восеъ ба мисли Қаҳрамон хондани худро дар синфи панҷуми мактабҳои тоҷикӣ идома намедиҳанд, коршиносон кушиши ба ҳайёти мулки баргардонидани лулиёнро бе натиҷа арзёбӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG