Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лӯлиҳо: "Дар Русия ту ҷӯгию ман тоҷик нест, мо ҳама - тоҷикем" (ВИДЕО ва АКС)


Лӯлиҳои сокини Тоҷикистон мегӯянд, агарчӣ дар дохили кишвар то ба ҳол каму беш мардум аз онҳо фосилагирӣ мекунанду зуд-зуд аз «ҷӯгӣ» буданашон ёдрас мешаванд, аммо дар муҳоҷират ва ғарибӣ ин ҳама фосилаҳо қариб аз байн рафтааст.

Ҳатто ин лулиён мӯътақиданд, ки ин раванд то ҷое ба ҳамоиши қавми лӯлӣ бо тоҷикон мусоидат кардааст.

Умед, ҷавони 17-солаи лӯлӣ, ки бо «авлод» -и худ, яъне дигар лӯлиҳо дар деҳаи Ҷағатайи ноҳияи Варзоб зиндагӣ мекунад, ба тозагӣ аз муҳоҷирати корӣ баргаштааст. Ӯ рузи сешанбеи 8-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар муҳоҷирати корӣ дар Русия бо бачаҳои тоҷик кору зиндагӣ мекард ва бо ҳам муносибати гарму бародарона доштаанд.

Ба гуфтаи вай, мушкилоти умумӣ ва сахтиву душвориҳо дар ғарибӣ, андешаи «ту ҷӯгиву ман тоҷик» -ро аз сару забонҳо дур кардааст. Умед афзуд, «бо 13 бачаи тоҷик кор мекардем, як ҷо мешиштем нону об мехӯрдем, як ҷо зиндагӣ
мекардем, тамошо мерафтем вақтҳои холӣ ба шаҳр. Он ҷо ту ҷӯгӣ ман тоҷик гуфтанӣ гап нест, ҳама ғарибем, муҳоҷирем ҳама аз Тоҷикистон. Мо дар шиноснома тоҷикем.»

Ҳарчанд ҷавонписарону мардони лӯлӣ ба одати қадимии худ -- талбандагӣ эҳтиром мегузоранд ва онро «мероси бобоиашон» медонанд, аммо ин кор, яъне «гаштак» ё талбандагиро дар ин «авлод» ғолибан занону пиронсолон анҷом медиҳанд ва мардони хонавода мунтазири халтаҳои ҳамсарону модаронашон нанишаста, барои амалӣ сохтани нақшаҳои бузургтари худ роҳи муҳоҷиратро пеш мегиранд.

Воқеан хонаводаҳои муҳоҷиронро дар кӯчаи лӯлинишини деҳаи Ҷағатайи ноҳияи Варзоб, ки иборат аз 130 хоҷагӣ аст зуд фарқ кардан мумкин аст. Муҳоҷират зиндагии онҳоро тағйир дода ва аксариият кулбаҳои фақиронаву нимавайронаашонро ба хонаҳои нисбатан баланду барҳаво табдил додаанд.

Аслам, як навраси 14-сола, ки дар сару либос ва намуди зоҳирӣ ҳам аз атфоли дигари ин русто фарқ мекард, бо ифтихор ва бо ишора ба дучархааш гуфт, падараш дар бозгашти ахираш аз муҳоҷират барояш онро тӯҳфа кардааст.
Аслам ҳамчунин аз мошини навхаридаи падараш тавсиф карда гуфт, акнун зиндагии онҳо ҳам ба зиндагии ҳамсояҳои тоҷикашон баробар хоҳад шуд: «Ду телефон дорам ман, зиндагиамон хеле беҳтар аст. Боз бо маблағе, ки падарам мефиристад, мо гов харидаву нигоҳубин мекунем ва мефурӯшем. Ба наздикӣ 3 ҳазор сомонӣ ду говамонро фурӯхтем. Мо бо падару модарам дар Русия ҳам будем, падарам он ҷо барои ман ароба харида дод, кор мекардам дар як рӯз беш аз 100- 150 сум кор мекардам, душвор набуд аробаам хурд буд. Оянда, дар ин ҷо пул нест ва ман ҳам ба Русия меравам, падарам ваъда доданд, ки баъди хатми мактаб маро ҳам бо худ мебарад.»
Мирзораҳим Мирзоамиров, раиси маҳаллаи лӯлиҳо дар деҳаи Ҷағатой мегӯяд, дар миёни мардуми ин қавм афроди соҳибмаълумот ҳоло қариб нест ва аксарият дар 17-18 солагӣ рӯ ба мардикорӣ меоранд. Ба гуфтаи вай, ҷавонмардони лӯлӣ ҳунарманду устоҳои хубанд, аммо аксаран корфармоёну соҳибкорон дар қабули онҳо ба кор, ҳатто корҳои каммузд ҳазар мекунанд ва маҳсулотеро, ки онҳо ба бозор мебароранд харидор надорад.

Бинобарин ба гуфтаи ҷаноби Мирзоамиров, ҳоло аксари лӯлиҳо рӯ ба Русия овардаанд: «Ман тавсия кардам, ҳамон шире, ки мегиред, чака, ҷурғот кунеду ба бозор бароред, килояш 6-7 сомонӣ ба фурӯш меравад. Ҳамин корро карданд, ҷӯгӣ гуфта харидор пайдо накард. Як духтараки тозаву зеборо тавассути шиносам дар ошхонае ба кор мондем, табақу косашӯӣ мекард, аммо баъди 10 рӯз, шиносам гуфт, ин намешавад, муштариёнамон кам шуд, ҷӯгӣ гуфта намеоянд. Набошад бинед, хушрӯгии ҷавонҳоро, ҳама коргаранд, дар ҷустуҷӯйи кор.»

Мирзораҳим Мирзоамиров, мегӯяд, аксари лӯлиҳо кордӯстанд ва мардуми дағалу ҷангҷӯ нестанд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, ҳоло аксари хонаводаҳо нони даҳонашонро тавассути талбандагии занону муҳоҷирати мардони «авлод» ба даст меоранд.
Рӯзғори имрӯзи лӯлиҳои Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:59 0:00

"Маззаи ноне ки металабем, дигар аст"
Аммо Қумриниссо Гиёева, лӯлизане, ки модари нӯҳ фарзанд аст, мегӯяд, бо вуҷуди таъсири мусбати муҳоҷират ба зиндагии онҳо, боз ҳам таъми ноне, ки тавассути талбандагӣ ё касби бобоии худ аз пушти дари дигарон ҷамъ меоранд ширинтар аст: «Хонаамон расо ҳам бошад, ҳама шароитамон бошад ҳам, мо ин корро накунем намешавад, ноне, ки худамон мепазем, чени ноне, ки ҷамъ мекунем, ширин нест. Вай дар назарамон бомазза аст ва аслан мо агар дар як рӯз чанд дар наравем, намешавад, ин як вобастагӣ одат шудааст.»

Тибқи омори расмӣ дар Тоҷикистон наздики 15000 ҷӯгӣ ё лӯлӣ зиндагӣ мекунад ва маҳалли сукунати онҳо манотиқи водии Ҳисор, вилояти Хатлон ва вилояти Суғд гуфта мешавад. Аммо тибқи оморҳои ғайрирасмӣ, теъдоди онҳо дар Тоҷикистон ҳудудан ба 40 ҳазор нафар мерасад. Ин қавм бо талбандагӣ ва сиёҳҷурдагии худ аз сокинони дигари Тоҷикистон фарқ доранд. Ҳамин фарқият баъзан боиси фосила гирифтани мардуми маҳаллӣ ва бархӯрди на чандон хуб нисбат ба онҳо мешавад.

Аммо бо муҳоҷирати лӯлиҳо дар қатори тоҷикон ба Руссия, ба гуфтаи онҳо ин фосилагириҳо ҳам ба таври чамшгир аз байн рафтаву муҳоҷират барои ҳамоиши лӯлиён кӯмак кардааст ва мусоҳибони мо, лӯлиҳои Тоҷикистон умед доранд, ки ин раванд дар дохил ҳам бетаъсир намемонад ва бархӯрд ба онҳо дигар шавад.
XS
SM
MD
LG