Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбарон дар куштори мухолифи қазоқ дар Кишинёв будаанд


Шаҳрвандони Қазоқистон Алтай Жаканбоеви 36-сола ва Майрам Каратаеви 33-сола, ки дар куштори рӯзноманигор Айдос Содиқ дар Украина муттаҳам мешаванд, 18 июн тавассути гузаргоҳи Паланка ба Молдова рафтаанд.

Телеграм-канали "Молдова: Актуально" бо истинод ба манбаъҳо дар хадамоти махсус навиштааст, ки қазоқистониҳо 19 июн, соати 01:20 аз шаҳри Кишинёви Молдова ба шаҳри Анталияи Туркия парвоз кардаанд.

Ба гуфтаи манбаъҳои расона, Каратаев аз фурудгоҳи Кишинёв ба Франкфурти Олмон парвоз кардааст.

Мақомоти Қазоқистон ахиран хабар доданд, ки Жаканбоев 21 июн ба шуъбаи пулис рафта, худро таслим кардааст. Маҳалли будубоши гумонбари дувум номаълум аст.

Мухолифи қазоқ Айдос Содиқов, ки дар шаҳри Киеви Украина мавриди ҳамла қарор гирифта буд, 2 июн дар бемористон ҷон дод.

Ҳамсари мухолифи қазоқ дар марги шавҳараш президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаевро гунаҳкор донист.

Шахси ношинос 18 июн дар Киев ба самти мошине, ки дар дохили он Содиқовҳо ҳузур доштанд, оташ кушод.

Додситонии кулли Украина 20 июн гуфт, зидди ду қазоқистонӣ Алтай Жаканбоеви 36-сола ва Майрам Каратаеви 33-сола бо гумони ҳамла ба Содиқов тафтишотро оғоз кардааст.

Айдос Содиқов соли 2014, баъди он ки дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон зидди Наталя Содиқова парванда боз шуд, ба Украина рафта, ҳаққи паноҳандагии сиёсӣ дарёфт кардааст. Содиқов мегӯяд, ӯро дар ватан бо ангезаҳои сиёсӣ таъқиб мекунанд. Мақомоти Қазоқистон Содиқовҳоро бо гумони барангехтани бадбинӣ таҳти пайгард қарор додаанд.

XS
SM
MD
LG