Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Баъди ишғоли Қрим Русия ба Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой бештар манфиатдор шуд"


Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ба кор шурӯъ мекунад ва барои ширкат дар он раҳбарони даҳ кишвари узв, аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон аз Тоҷикистон, Владимир Путин аз Русия, Син Ҷинпин аз Чин ва дигар раҳбарон сафар кардаанд.

Шореҳи Радиои Озодӣ Ред Стендиш дар остонаи ин нишаст, ки қарор аст 4-уми июл барпо шавад, аз таҳлилгари масоили чинӣ ва корманди созмони таҳқиқотии MERICS дар Берлин хонум Эва Сюарт хост, масоили мавриди баррасӣ дар нишасти Остонаро шарҳ диҳад.

Эва Сюарт: Ба назари ман, хабари калон ба узвияти созмон қабул шудани Беларус мешавад. Беларус узви даҳуми ин созмон ва ҳам аввалин кишвари аврупоӣ мешавад, ки ба Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой қабул хоҳад шуд. Таҳаввулоти вобаста ба ин ва фаъолияти ояндаи барнома барои мушоҳида ҷолиб хоҳад буд. Дуюм чизе, ки бояд дид, дар робита бо терроризм ин созмон чӣ хоҳад кард, чун нишаст баъди ҳамлаи ахири террористӣ ба Русия барпо мешавад. Фикр мекунам, ки созмон дар талоши қабули барномаи нави ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризм, ҷудоиталабӣ ва ифротгароӣ хоҳад шуд. Ин масъала эҳтимолан барҷаста мешавад ва ман ҳам ба ин хотир аз ҷараёни он мушоҳида хоҳам кард. Ва масъали сеюм, бешубҳа, Афғонистон хоҳад буд. Ин мавзӯи калоне хоҳад шуд. Пеш аз ҷаласа гуфта шуд, ки онҳо дар заминаи ҳамоҳангсозии масоили минтақавию байналмилалӣ хоҳанд буд, ҳарчанд ин гапи нав нест. Вале ин ҷо ман дар бораи нақши Афғонистон ва Русия андеша дорам. Инчунин, мавзӯи ҷанги Русия дар хоки Украина ҳаст. То ҷое ман дар ёд дорам, дар бораи ин ҷанг дар ҷаласаи гузашта ҳеҷ ишорае нашуд. Вале ман ба хотири ҳамин мавзӯъ ҳам ҷаласаро пайгирӣ мекунам, то бубинем, оё дар бораи ҷанги Русия алайҳи Украина кадом изҳороте садо медиҳад?


Радиои Озодӣ: Ин созмон, ки бо ташаббуси Чин таъсис ёфтааст, вақтҳои охир аз ҷониби Путин ва мақомоти Русия чун як ниҳоди муҳими сиёсии минтақавӣ ёд мешавад. Ба назари шумо, оё дидгоҳҳои ин ду кишвар ба рисолати созмон то куҷо аз ҳам фарқ мекунад ва ба назари шумо, мешавад гуфт, ки ин созмон ба як ташаккули зиддиғарбӣ табдил мешавад?

Эва Сюарт: Ин саволи хурд нест, вале ба назари ман, Чину Русия дидгоҳашонро дигар мекунанд ва ҳоло хостҳои онҳо аз ин созмон аз ҳам фарқ мекунад. Вақте созмон бо ташаббуси Чин таъсис шуд, як тағйироти ҷиддие овард. Дар оғоз Русия аз ин созмон чандон хушҳол набуд, чунки созмонҳои зери назари худро дорад ва барояш зарурати дахолати Чин вуҷуд надошт. Аз ин рӯ, дар оғоз Чин барои ҳамкории бештару наздиктар, масалан, аз роҳҳои иқтисодӣ талош ва Русия бештар истиҳола мекард. Ҳоло дар умум мешавад гуфт, ки Русия дар фаъолияти ин созмон манфиатдор мешавад. Ин чиз баъди ишғоли Қрим бештар эҳсос шуд. Баъди ҳуҷум ба хоки Украина дар соли 2022 Русия дар фикри пайдо кардани шарикони нав нею, тавсеаи муносибатҳо бо дигар шарикони дур аз Аврупо ва Ғарб шудааст. Бо ҳамин сабаб ҳам дар чанд соли охир ба кори Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой манфиатдор шудааст. Русия ҳамеша дар ҷабҳаи пеш аст. Ҳоло на Чин, балки Русия барои тавсеаи ин созмон фишор меорад. Агар мо дар бораи мавзеъгирии зиддиғарбии созмон бигӯем, чунин мавқеъ бештар дар рафтори Русия, на Чин дида мешавад. Чин аз доштани чунин як чеҳрае худдорӣ мекунад ва дар талоши ин аст, ки шариконаш дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбу дигар ҳамкорони Созмони ҳамкорҳои Шонгҳойро мутақоидат кунад, ки мавзеи зиддиғарбӣ надорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG