Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси мураббии тоҷиктабор дар Маскав. Алишери Исматзода иттиҳомро рад кард


Алишери Исматзода дар додгоҳ
Алишери Исматзода дар додгоҳ

Додгоҳи ноҳияи Шербинскии шаҳри Маскав Алишери Исматзода, мурраббии риштаи гӯштии озод ва як зодаи Тоҷикистонро то 28-уми августи имсол ба ҳабс гирифт. Ӯ ба омодагӣ ё иҷрои амалҳои террористӣ муттаҳам аст. Исматзода ва ҳам вакили дифоаш иттиҳомро рад кардаанд.

Хабаргузории ТАСС навишт, қарори додгоҳ дар бораи ҳабси Алишери Исматзода 3-юми июл содир шудааст. Кумитаи тафтишотии Русия Исматзодаро ба “ҷалби дигарон ба омодагӣ ва ё иҷрои ҷиноятҳои террористӣ” муттаҳам кардааст. Моддаи 205.1, қисми 1-и Кодекси ҷиноии Русия барои ин иттиҳом то 15 соли зиндонро пешбинӣ кардааст.

Муфаттиш дар додгоҳ гуфтааст, Исматзода ба як хешовандаш, ки дар Сурия меҷангад, пул фиристодааст. Расонаҳои давлатии Русия навиштанд, сухан дар бораи интиқоли ҳазор, 9 ҳазор ва 100 рубли русӣ меравад. Ному насаби ин хешованди мураббӣ маълум нест.

Алишери Исматзода дар додгоҳ аз Мамедов ном шахс ном бурд ва гуфт, барои ӯ замоне пул фиристод, ки ронандаи такси буд. Он пулро ҳам ба гуфтаи Исматзода барои хариди пойафзоли варзишӣ фиристода буд. Мураббӣ ҳамагуна робита бо ин хешовандаш ва дигар аъзоёни гуруҳҳои ифротиро рад кард.

Аммо Кумитаи тафтишотии Русия мегӯяд, “дар вақти кофтукоб аз манзили Алишери Исматзода адабиёти ифротӣ пайдо шуд.”

Ба навиштаи хабаргузории ТАСС, вакили дифои Исматзода дар додгоҳ ба бегуноҳии ин варзишгар пойфишорӣ карда гуфтааст, мақомоти тафтишотӣ далели кофӣ надоранд, ки собит кунанд зерҳимояи ӯ ба терроризм алоқа дорад. Вакили дифоъ аз додгоҳ хост, мураббӣ ба ҳабси хонагӣ гирифта шавад. Аммо додгоҳ ин дархости вакили дифоъро рад кард.

Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 4-уми июл бо нашри изҳороте гуфт, Алишери Исматзода шаҳрванди Русия аст. Аммо дар изҳороти вазорат дар бораи пайвандӣ доштани хешованди Исматзода бо иттиҳоми терроризм чизе гуфта нашудааст.

Исматзода 32 сол дошта, бар асоси шиносмааш зодаи ноҳияи зодаи Ҷайҳун (Қумсангири пешин) мебошад. Соли 2015 Донишгоҳи давлатии варзиш ва туризми Русияро хатм карда, устоди варзиши Русия оид ба гӯштии озод, номзад ба устоди варзиш аз рӯи гӯштии юнонию румӣ мебошад. Ӯ муррабии мунтахаби ҷавонони Русия оид ба гӯштии озод аст.

Исми пурраи ӯ Алишери Исматзода Камолиддин аст ва дар саҳифаи Истаграмаш аксҳои зиёде аз ҷараёни мусобиқаҳои варзишӣ ваё ҷоизагирии варзишгарони ҷавон дида мешавад.

Охирин матлаби нашршуда дар ин саҳифа аз моҳи январ аст.

Бино ба иттилои матбуоти русӣ, Исматзода муддате дар мақоми муррабии калони мунтахаби Маскав оид ба гӯштии озод кор карда, баъдан мураббии калони мунтахаби Русия оид ба гӯштии озод дар миёни занон буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG