Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия пешниҳоди Эрдуғон барои миёнҷигарӣ дар ҷанги Украинаро рад кард


Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия рузи чаҳоршанбе ба Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфт, ки Анқара метавонад кӯмак кунад, то ҷанги Русия ва Украина поён ёбад.

Аммо сухангӯи Путин таъкид кард, ки Эрдуғон наметавонад нақши миёнаравро дар ин ҷанги 28-моҳа пешниҳод кунад.

Бар асоси хабарномаи раёсати ҷумҳури Туркия, Раҷаб Таййиб Эрдуғон ки дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Остона, пойтахти Қазоқистон, бо Владимир Путин мулоқот кард, гуфт, ки бовар дорад сулҳе, ки барои ду тараф одилона бошад, имконпазир аст.

Аммо Дмитрий Песков, сухангӯи Путин, ин имконро, ки раҳбари Туркия нақши миёнаравро иҷро кунад, рад намуд. Песков дар мусоҳибае телевизионӣ дар посух ба ин пурсиш, ки оё Эрдуғон метавонад чунин нақшеро ифо кунад, гуфт, "на, имконпазир нест".

Бар асоси хабарномаи дафтари раёсати Туркия, раҳбарони ду кишвар ҳамчунин дар бораи ҷанг дар Ғазза ва роҳҳои поён додан ба ҷанг дар Сурия бо якдигар гуфтугӯ карданд.

Туркия узви НАТО аст, паймони низомие, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико раҳбарии онро ба ӯҳда дорад. Аммо бар хилофи дигар раҳбарони кишварҳои узви НАТО, ки Русияро таҳрим кардаанд, Эрдуғон талош кардааст, ки робитаҳои неки худро бо Русия ва Украина ҳифз кунад.

Туркия дар даст ёфан ба созиш барои содироти ғалладона аз бандарҳои Украина дар Баҳри Сиёҳ нақши калидӣ иҷро кард. Ин созиш ба муддати як сол амалӣ шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG