Ин бозии гурӯҳи "J" миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-солаи Сингапуру Тоҷикистон 25-уми октябр дар варзишгоҳи “Бишан”-и Сингапур доир гардид. Футболбозони навраси тоҷик дар нимаи аввали дидор як гол ва дар нимаи дуюм ду гол ба самар расонданд. Голҳоро Назрулло Ашурализода (ду гол) ва Ҳайдаршо Худойдодов заданд. Як голи мизбонон ба Шафрел Ариел мутааллиқ аст.
Бозии дигари даври дуюми гурӯҳи "J" 25-уми октябр байни дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-солаи Умон ва Гуам бо пирӯзии умониҳо бо ҳисоби 18:0 хотима ёфт.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) 23-юми октябр дар аввалин бозиаш дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дар Сингапур тими Гуамро бо ҳисоби рекордии 33:0 шикаст дода буд. Ҳамлагар Муҳаммад Назриев, ки 14 гол зад, дар рӯйхати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот садрнишин аст.
Бозии дигари даври аввали гурӯҳи "J" 23-юми октяб байни дастаҳои мунтахаби наврасони Умон ва Сингапур бо пирӯзии умониҳо бо ҳисоби 5:0 ба поён расида буд.
Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали гурӯҳи "J" тимҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистону Умон бо сеимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои якуму дуюм қарор доранд. Дастаҳои Сингапуру Гуам бидуни имтиёз мутаносибан дар зинаҳои сеюму чаҳорум ҷойгир шудаанд.
Дар даври сеюм ва охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дар гурӯҳи "J" рӯзи якшанбеи 27-уми октябр футболбозони навраси тоҷик бо тими Умон ва Сингапур бо Гуам рақобат мекунанд.
Бар асоси натиҷагирии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 даҳ дастаи ғолиби гурӯҳҳо ва панҷ тими беҳтарини ҷойҳои дуюм ба қисми ниҳоӣ роҳ меёбанд. Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 миёни дастаҳои наврасони то 17-сола аз 3-юм то 20-уми апрели соли оянда дар Арабистони Саудӣ доир мегардад.
Мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои мунтахаби наврасон (U-17):
Гурӯҳи "J"
Даври якум
Тоҷикистон – Гуам – 33:0
23-юми октябр. Сингапур. Варзишгоҳи «Бишан». 82 тамошобин.
Умон – Сингапур – 5:0
Даври дуюм
Гуам – Умон – 0:18
Сингапур – Тоҷикистон – 1:3
Голҳо: Ҳайдаршо Худойдодов, 5 (0:1). Назрулло Ашурализода, 62 (0:2).
Шафрел Ариел, 82 (1:2). Назрулло Ашурализода, 86 (1:3).
Тоҷикистон: Абубакр Раҳмонҷулов, Меҳроҷиддин Розиқов, Мустафо Ҳасанбеков, Самиаллоҳ Давлатов, Муҳаммад Назриев (Асадбек Махтумов, 84), Назрулло Ашурализода, Аҳмадҷон Шоев, Ҳайдаршо Худойдодов (Умед Ҷафоев, 46), Зариф Зарифзода (Давид Мақсудов, 36), Рамазон Бахталиев (Меҳрубон Одилзода, 46), Абдусамад Меликмуродов (Абдулло Иброҳимзода, 24).
Беҳтарин бозигари дидор: Назрулло Ашурализода (Тоҷикистон).
25-уми октябр. Сингапур. Варзишгоҳи «Бишан». 650 тамошобин.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи "J"
Ҷ |
Дастаҳо |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
Тоҷикистон |
2 |
2 |
0 |
0 |
36-1 |
6 |
2 |
Умон |
2 |
2 |
0 |
0 |
23-0 |
6 |
3 |
Сингапур |
2 |
0 |
0 |
2 |
1-8 |
0 |
4 |
Гуам |
2 |
0 |
0 |
2 |
0-51 |
0 |
Даври сеюм
27-уми октябр (якшанбе)
14:00 – Тоҷикистон - Умон
17:00 – Сингапур - Гуам
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбест.
Гуфтугӯ