Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Асадулло Маҳмудов душмани зиёд дошт”. ВИДЕО, САДО, АКС


Писарамаки соҳибкори тоҷики дар Магнитогорск кушташуда гуфт, Асадулло Маҳмудов дар миёни “худи тоҷикҳо” душмани зиёд дошт ва эҳтимолан, қурбони ин ихтилофҳо шуд. Рӯзи 15 декабр дар Русия як соҳибкори 49-солаи тоҷик аз тири туфанги ҳамлагари ношинос кушта шуд.

Як писарамаки соҳибкори дар шаҳри Магнитогорски Русия кушташуда гуфт, эҳтимолан Асадулло Маҳмудов қурбони афроде шуд, ки бо ӯ дар

Марди пулдор набуд, ки барои пулаш кушта бошанд

ҳолати ихтилоф қарор доштанд. Ин соҳибкор дар шароити мармуз шоми 15 декабр дар назди манзилаш кушта шуд ва таҳқиқи ин ҳодисаро полиси Русия шурӯъ кардааст.

Соҳибкор, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, ё...?

Дар ҳоле, ки ҳанӯз сабаб ва ангезаҳои куштори соҳибкори тоҷик мушаххас нест, наздиконаш иддао мекунанд, ки Маҳмудов дар баробари фаъолияти соҳибкорӣ, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон ҳам буд. Айни замон, наздикон иқрор мешаванд, ки ӯ "душмани зиёд дошт".

Далер Маҳмудов, писари амаки Асадулло Маҳмудов, ки ҳоло дар Душанбе асту мунтазири интиқоли ҷасади соҳибкор аз Магнитогорск мебошад, гуфт, ин шахс “душмани зиёд дошт” ва пеш аз маргаш ҳам бо

15-20 рӯзе пеш аз ин ҳодиса Асадулло Маҳмудов бо як рафиқи тоҷикаш моҷаро ё ба қавле “разбор” шуда буд. Далер Маҳмудов

як шахсе моҷарои сахте доштааст.

Далер Маҳмудов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Асадулло Маҳмудов аз солҳои 2004 то 2011 раиси ҷамъияти тоҷикон дар Магнитогорск буд. Ҳоло ба ҷои ӯ дар ин мақом ҷиянаш Бахтиёр Султонов кор мекунад. Ба гуфтаи ӯ, пас аз канор рафтан аз раёсати ҷамъияти Тоҷикистон дар бозори шаҳри Мангитогорск ба бизнеси хурд, яъне, хариду фурӯш машғул буд. Як автомашинаи “Газел” дошт барои “маршрутка” кироя дода буд. “15-20 рӯзе пеш аз ин ҳодиса Асадулло Маҳмудов бо як рафиқи тоҷикаш моҷаро ё ба қавле “разбор” шуда буд. Сабабашро намедонам. Шоҳидон мегӯянд, қариб буд ҷанг шавад, вале ҳар ду тараф бо додани дашномҳои қабеҳ аз ҳам ҷудо шуда буданд”.

Асадулло Маҳмудов душмани зиёд дошт
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:26 0:00
Линки мустақим

Асрориддин Маҳмудов, бародари Асадулло Маҳмудов
Асрориддин Маҳмудов, бародари Асадулло Маҳмудов

Асрориддин Маҳмудов, бародари калонии соҳибкори кушташуда ба Озодӣ гуфт, ки "рӯзҳои охир Асадулло аз таҳдидҳо ба ҳаёташ хабар дода гуфтааст, ки ҳамеша як мошини сиёҳ ӯро дуболагир буд". Ба гуфтаи Асрориддин, бародараш "марди пулдор набуд, ки барои пулаш кушта бошанд". Вай соҳибкори хурд буду баъзан барои рӯёндани пули муҳоҷирони кории тоҷик аз корфармоён миёнравӣ мекард.

“Асадулло Маҳмудов душмани зиёд дошт”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:42 0:00

​Ба қавли наздикон, Асадулло Маҳмудов беш аз даҳ соли охир дар Русия бо аҳли оилааш кор ва зиндагӣ мекунад. Як писар дошт. Пеш тез-тез ба Тоҷикистон ҳам сафар мекард, аммо яку ним соли ахир ба Тоҷикистон рафтааст. Асадулло 49 сол дошта ва 5 январ 50-сола мешуд. Дар замони шӯравӣ дар сафи Артиши шӯравӣ дар Афғонистон хизмат кардааст.

Бахтиёр Султонов: "Ҷасадро тавассути Екатеринбург ба Тоҷикистон интиқол медиҳем"

Раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Магнитогорск дар сӯҳбати телефонӣ аз ин шаҳр ба радиои Озодӣ гуфт, ки тоҷикони маҳаллӣ барои фиристодани ҷасади Асадулло Маҳмудов ба Тоҷикистон омодагӣ мебинанд. “Ҳоло ҷасад дар мурдахонаи маҳаллӣ аст ва баъди ҷаноза ба тарафи Екатеринбург меравем. Пагоҳ соати 5-и саҳар аз Екатеринбург ба Душанбе парвоз ҳаст”, гуфт ӯ.​

Бахтиёр Султонов.
Бахтиёр Султонов.

Султонов гуфт, ки дар бораи сабаби кушта шудани Асадулло Маҳмудов фарзияҳо зиёданд. Ҳоло полиси маҳаллӣ кор мекунад. Вай гуфт, ҳоло “дар даст далеле нест, ки касеро айбдор кунем. Вале Асадулло дар Магнитогорск душмани зиёд дошт. Раиси ҷамъияти тоҷикон буд, кору борро ҳал мекард. Аз ин сабаб душманаш бисёр буд”.

Султонов ҳам аз додани ҷузъиёти бештари сабабҳои марг ва ҳам ихтилофҳои эҳтимолии соҳибкори тоҷик бо афроди дигар худдорӣ кард.

Рӯзи 16 декабр дар шаҳри Магнитогорски Русия маросими ҷанозаи соҳибкор ва яке аз фаъолони ҷамъияти тоҷикон Асадулло Маҳмудов баргузор мешавад. Маҳмудов рӯзи 15 декабр дар назди хонааш аз сӯи афроди номаълум кушта шудааст.

Ба иттилои матбуоти русӣ, Асадулло Маҳмудов замоне ҳадафи тир қарор гирифтааст, ки бо мошинаш вориди майдончаи назди хонаи истиқоматиаш мешуд.

Ҳукмиддин, як ҷавони тоҷик, ки дар Магнитогорск дар риштаи сохтмон кор мекунад, гуфт, Маҳмудовро ҳамчун як инсони "хубе мешинохт, ки дар таҳияи санадҳо, аз ҷумла гирифтани патенти кор ба тоҷикон кӯмак мекард ва як шахси баобрӯ дар миёни ҳамватанонаш буд".

Қатли фармоишӣ?

Расонаҳои русӣ бо такя ба манобеи пулис гуфтаанд, ки эҳтимол меравад ин қатл фармоишӣ бошад, вале то ба ҳол сабаби ин куштор маълум нест. Кумитаи тафтишотии Русия гуфтааст, ки ба таҳқиқи ҳодиса аз рӯи моддаи "Куштор" оғоз намудааст.

Ба иттилои наздикони Маҳмудов, шуморе аз гумонбарон дар куштори соҳибкор аллакай боздошт шудаанд ва дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ҳастанд. Вале феълан тасдиқи дурустии ин хабар имкон надорад. ​

Аз сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 16 декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз ҳодисаи куштори шаҳрванди Тоҷикистон дар Магнитогорск огоҳ ҳастанд ва консулгарии кишвар дар шаҳри Екатеринбург бо раиси диаспораи тоҷикон дар тамос мебошад.

Асадулло Маҳмудов аз сӯи афроди номаълум дар наздикии маҳали зисташ ҳадафи тир қарор гирифтааст."

Ба иттилои сафорат, тафтишот оид ба ин куштор оғоз шудааст ва намояндагӣ аз мақомоти зиддахли Русия таҳқиқи мунсифонаи ин ҳодисаро дархост кардааст ва равандро назорат мекунад. Манбаъ гуфт, ки ҷасади ин шаҳрванди Тоҷикистон эҳтимолан фардо ба ватан фиристода мешавад. Асадулло Маҳмудов аз сокинони ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон буд.

Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, дар тамоси катбӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки кормандони ин ниҳод бо гурӯҳи тафтишотӣ робита доранд ва аз натиҷаҳои таҳқиқоти пешакӣ баъдан иттилоъ хоҳанд дод.

​Дар ҳамин ҳол, Каромат Шарифов, раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия рӯзи 16 декабр дар сӯҳбати телефонӣ бо Радио Озодӣ гуфт, ки шаби гузашта раҳбари ҷамъияти тоҷикон дар шаҳри Мантитогорск Бахтиёр Султонов ба ӯ хабари қатли Асадулло Маҳмудовро расондааст.

Зодаи Бохтар ва тоҷире дар Русия

Асадулло Маҳмудови 49-сола зодаи ҷамоати Заргари ноҳияи Бохтар буда, Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ аз солҳо ба ин тараф дар Русия ба тиҷорат машғул будааст.​ Барои бори аввал нест, ки ҳодисаи қатли соҳибкорони тоҷик дар ин шаҳри Русия сурат мегирад.

Аз ҷумла дар авохири моҳи январи соли гузашта Ҳоҷӣ Ҳадятуллоҳ Абдуллоев, зодаи ҷамоати Заргари ноҳияи Бохтар ва аз соҳибкорони тоҷик дар ин шаҳр, кушта шуда буд, ки гуфта мешавад, аз наздикони Асадулло Маҳмудов буд.

Он замон пулиси Русия гуфта буд, ки мумкин аст Ҳадятулло Абдуллоевро ҳамдиёрони худаш хафа карда ба қатл расониданд. Ҷасади Абдуллоевро пас аз даҳ рӯзи ҷустуҷӯ дар минтақаи собиқ қисми ҳарбӣ дар соҳили чапи шаҳри Магнитогорск пайдо карданд.

Бино ба ҳисобҳо, ҳар сол аз 1 то 1,5 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои кор ба Русия мераванд. Ҳар сол беш аз 1000 нафари онҳо дар ғурбат дучори аҷал мешаванд. Аз ҷумла даҳҳо нафари онҳо ҷабран ё аз дасти скинҳедҳои рус ваё аз дасти худи тоҷик кушта мешаванд.

XS
SM
MD
LG