Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФАВРӢ! Ҳар се марди кушташуда дар қабристони Маскав тоҷик будаанд


Маҳалли занозанӣ. Аксбардор - хабарнигори Озодӣ Акрами Абдуқаҳҳор
Маҳалли занозанӣ. Аксбардор - хабарнигори Озодӣ Акрами Абдуқаҳҳор

Ҳарсе нафари кушташуда дар занозании гурӯҳии рӯзи 14 май дар як қабристони Маскав шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Хабарнигори Озодӣ Акрами Абдуқаҳҳор, аз қабристони Хованское – маҳалли занозании хунини рӯзи 14 май – хабар дод, ки ҳарсе нафари дар ин занозанӣ кушташуда шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Исми кушташудаҳо:

  1. Хушаков Сӯҳроб.
  2. Ризоев Иноят.
  3. Собиров Сайнуриддин

Ҳайъати намояндагони сафорату консулгарии Тоҷикистон ва намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон баъди боздид аз Хованское барои маълум кардани шумори шаҳрвандони тоҷики захмишуда озими бемористонҳо шудааст. Гуфта мешавад, ҳудуди 15 нафари захмишуда дар занозании гурӯҳӣ дар қабристони Хованскоеро дар 3 бемористони Маскав ҷо кардаанд.

Хабарнигори Озодӣ мегӯяд, сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов низ ба хотири таҳқиқи ин қазияи фоҷиаомез шахсан ба ҷои ҳодиса омадааст ва то ин лаҳзае, ки ин гузориш нашр мешуд, ҳанӯз дар оромгоҳи Хованское қарор дошт.

ГУЗОРИШИ ВИДЕОИИ АКРАМИ АБДУҚАҲҲОР АЗ ҶОИ ҲОДИСА ДАР СОМОНАИ ОЗОДӢ СУБҲИ ЯКШАНБЕ НАШР МЕШАВАД

Ибтидо дар бораи ҳалокати ду нафаре, ки зери чархи мошини як нафар аз тарафи муқобил мондаанд, гузориш шуда буд. Вале шоми 14 май хабаргузории ТАСС хабар дод, ки ҷасади боз як нафарро дигарро аз дохили қабристони Хованское пайдо кардаанд.

Сухангӯи раёсати корҳои дохилаи шаҳри Маскав Софя Хотина гуфт, пулис беш аз 50 нафар аз иштироккунандагони ин занозаниро дастгир кардааст. Ба гуфтаи хонум Хотина, “ба кормандони пулис муяссар шуд, ки се гумонбар дар қатли ду нафарро низ боздошт кунад. Онҳо мехостанд, бо мошин аз ҷои ҳодиса фирор кунанд ва ду нафарро пахш карданд.”

Аз боздоштшудаҳо, ба гуфтаи сухангӯи пулиси Маскав, чанд туфангча ҳам мусодира кардаанд.

Софя Хотина гуфт, дар пайи эъзоми нирӯҳои вижаи пулис, аз ҷумла ОМОН, ба занозанӣ пурра нуқта гузошта шуд ва ҳоло дар атроф ва дохили қабристони Хованское нирӯҳои пулис мустақар шуда, роҳи вуруд ба оромгоҳро низ пулис бастааст.

Намояндаи пулиси Маскав гуфт, раиси пулиси пойтахти Русия Анатолий Якунин низ дар ҷои ҳодиса қарор дошт ва шахсан ба амалиёти мақомоти интизомӣ раҳбарӣ мекард.

Намояндагони идораҳои дипломативу муҳоҷиратии Тоҷикистон дар ҷои занозанӣ. Аксбардор - хабарнигори Озодӣ Акрами Абдуқаҳҳор
Намояндагони идораҳои дипломативу муҳоҷиратии Тоҷикистон дар ҷои занозанӣ. Аксбардор - хабарнигори Озодӣ Акрами Абдуқаҳҳор

Софя Хотина аз шарҳи сабабҳои занозанӣ дар назди дарвозаи марказии оромгоҳи Хованское худдорӣ кард ва танҳо гуфт, бино ба маълумоти муқаддамотӣ, ду гурӯҳ барои минтақаҳои хидматрасониашон дар ин оромгоҳ аз гиребони ҳамдигар гирифтаанд.

Вале хабаргузории Интерфакс аз қавли манбааш дар пулиси Маскав ҷузъиёти зиёдтар овард ва навишт, ки дар қабристони Хованское намояндагони минтақаи Қафқози Русия бо муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дастбагиребон шудаанд ва сабаби муноқиша ҳам баҳси ду гурӯҳ барои қаламрави нуфуз дар ин оромгоҳ будааст.

Дар занозании рӯзи 14 май дар Хованское муҳоҷирони тоҷик низ ширкат кардаанд ва бино ба маълумотҳо, дар байни боздоштшудаҳову захмиён тоҷикҳо низ ҳастанд. Муҳоҷирони тоҷик дар ин оромгоҳ аксар ба ҳайси гӯркан, сангтарош, роҳрӯб кор мекунанд. Аксари онҳо аз минтақаҳои Обигарм ва Роғуни водии Рашт будаанд.

А., як муҳоҷири тоҷик, ки ба гуфтаи худаш, ду сол боз дар қабристони Хованское ба ҳайси гӯркан кор мекунад, рӯзи 14 май ба Радиои Озодӣ гуфт, муноқиша дар ин оромгоҳ аз замони иваз шудани раҳбаронаш қариб ду ҳафта боз идома дошт ва занозании рӯзи шанбе танҳо нуқтаи авҷи ин муноқиша шуд. Ӯ мегӯяд, қафқозиҳо, ки мехостанд хидматрасонӣ дар ин оромгоҳро ба дасти худ бигиранд, рӯзи шанбе як гурӯҳи бузург шуда, дар назди дарвоза ҷамъ омаданд: " Якбора ҳамла карданд. Ибтидо бо чӯбу калтаку арматура. Вале вақте занозанӣ авҷ гирифт, онҳо силоҳҳояшонро берун кашида, ба тирпарронӣ сар карданд. Мо силоҳ надоштем, фақат бо ҳамин чӯбу арматураву санг ва асбоби кориамон – белу белча – аз худ дифоъ кардем. Аз бачаҳои мо низ чанд кас захмӣ шуд.”

Намояндагони идораҳои дипломативу муҳоҷиратии Тоҷикистон дар ҷои занозанӣ. Аксбардор - хабарнигори Озодӣ Акрами Абдуқаҳҳор
Намояндагони идораҳои дипломативу муҳоҷиратии Тоҷикистон дар ҷои занозанӣ. Аксбардор - хабарнигори Озодӣ Акрами Абдуқаҳҳор

​Дар ин занозанӣ, ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, ҷониби муқобил аз туфангчаҳои травматикӣ истифода кардааст. Ду нафаре, ки бино ба хабарҳо, ҷон бохтанд, зери чархи мошини марбут ба аъзои гурӯҳи дигар мондаанд.

Дар гузашта низ бо ширкати муҳоҷирон дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия чунин занозаниҳо сурат мегирифт. Вале занозании ахир аз ду нигоҳ собиқа надорад: Аввалан, аз нигоҳи шумори иштироккунандагонаш, ки манобеи мухталиф дастикам 100 нафар ва бархе ҳатто то 500 нафар баршумурдаанд. Дувуман, худи макони ин занозанӣ, яъне қабристон.

Намояндаи Кумитаи тафтишоти шаҳри Маскав Александр Никитин гуфтааст, ки дар қиболи ин ҳодиса бар асоси моддаи 105-уми Кодекси ҷиноии Русия(куштор) парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. “Муфаттишон алакай дар ҷои ҳодиса ба таҳқиқ шурӯъ кардаанд,” – афзуд вай.

Оромгоҳи Хованское
Оромгоҳи Хованское

Гуфта мешавад, ба ҷуз аз ду кушташуда, дар занозанӣ дар назди дарвозаи қабристони Хованское боз дуи дигар аз туфангчаи травматикӣ маҷрӯҳ шуда, 13 тани дигар бо ҷароҳатҳои бардошта аз зарбаи калтаку арматураву санг ба табибон муроҷиат кардаанд.

Хабарнигори Озодӣ дар Маскав мегӯяд, як ҳайъат аз намояндагони сафорату консулгарии Тоҷикистон ва намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Русия барои равшан кардани ҷузъиёти ҳодиса ва кумак ба шаҳрвандони тоҷик ба оромгоҳи Хованское рафтаанд.

Қабристони Хованское, воқеъ дар минтақаи Новая Москва, соли 1972 таъсис ёфта, дар ҳоли ҳозир, бузургтарин оромгоҳ дар пойтахти Русия ба шумор меравад. Ин оромгоҳ дар километри 21-уми шоҳроҳи Киевское дар майдони 197,2 гектар доман густурдааст.

XS
SM
MD
LG