Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади муҳоҷири тоҷик ба Душанбе интиқол дода мешавад


Кумитаи тафтишоти Русия таҳқиқ қатли ваҳшиёнаи муҳоҷири 39-солаи тоҷикро дар ҳоле идома медиҳад, ки сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ин пажӯҳишро таҳти назорат гирифтааст.

Ҷавоне, ки бародараш дар вилояти Маскав ба гунаи ваҳшиёна кушта шудааст, мегӯяд, замоне ба марги Комилҷон бовар кард, ки аксҳои ӯро яке аз кормандони пулиси Русия барояш нишон дод. На танҳо бовар кард, балки ба ваҳшат афтод ва наздик буд беҳуш шавад: «Сараш бурида буд, ангуштонаш, рагҳояшро ҳама бурида буданд. Баъд ба чашмам бовар кардам, чунки додарамро шинохтам», -- мегӯяд ​Улуғбек Ҳамдамов, ки баъдаш ин ҷароҳатҳоро дар тани бародараш дар мурдахона ҳам дидааст.

Комилҷон Ҳамдамови 39-соларо рӯзи 3 май се ноболиғи сокини шаҳри Королёви вилояти Маскав аввал бо оҳан ба сараш зада, аз пой афтодаанд ва сипас латукӯб кардаву ба баданаш бо корд ва винттобак (отвертка) задаанд.

Хабари қатли ваҳшиёнаи бародарашро ба Улуғбек Ҳамдамов корманди пулис расондааст: "Рӯзи 4 май буд, ки телефони ман занг зад. Як нафар бо забони русӣ худро ходими милиса муаррифӣ кард ва гуфт, ки шумо бояд барои бурдани бародаратон биёед. Гуфтам, «чӣ гап шуд?», гуфт, «ӯ дар ҳолати мастӣ аст ва ҳатман як хешаш бояд омада ӯро барад. Аммо бидонед, ки вазъият хеле ҷиддӣ аст». Ман баъд фаҳмидам, ки ин одам намехост, маро аз пой афтонад ва ин хабари бадро ба ҳамин шакл ба ман расонд. Вале баъд аз соате як ҳамватани мо занг заду гуфт, «Улуғбек, сабур бош. Комилҷонро куштанд.»

Бародарон Ҳамдамовҳо аз ноҳияи Турсунзодаи Тоҷикистон ба Русия барои кор омада буданд. Комилҷон бори охир барои кор ба Русия соли 2012 омада буд ва моҳҳои охир бо боркашониву часпонидани реклама пул кор мекард. Бародарон бори охир ҳамдигарро рӯзи 24 апрел дида буданд. Пеш аз маргаш Комилҷон ба модараш дар Регар 500 доллар пул фиристодааст. Вай оиладор набуд ва, ба гуфтаи Улуғбек, сабабаш ҳам танҳо «камбағалӣ» буд. Ба саволи ин ки чаро ин ду бародар дар як ҷо кору зиндагӣ намекарданд, гуфт, дар Подолск ӯ дар хонаи як марди русе бо корҳои боғбонӣ машғул аст ва дар ҳамин хона ҳам дар ҳуҷрае шабро рӯз мекунад. Ба гуфтааш, шароити кору зиндагии ӯ танҳо барои як нафар пешбинӣ шудааст.

Таҳқиқи ин ҳодисаро Кумитаи тафтишоти Русия ба дӯш гирифтааст ва мегӯяд рӯзи 7 май се гумонбари қатл, сокинони шаҳри Королёви вилояти Маскав бо иттиҳоми содир кардани 9 ҷиноят, аз ҷумла қатли Комилҷон Ҳамдамов боздошт шудаанд. Сомонаи Вазорати умури дохилии Русия менависад, ки ин гурӯҳ дар як силсила ҷиноятҳо дар қаламрави шаҳр ва вилояти Маскав гумонбар дониста мешавад. Дар ҳоле, ки Кумитаи тафтишоти Русия ин қазияро шарҳ намедиҳад, дафтари матбуоти ВКД Русия менависад, ки ноболиғон эътироф кардаанд, ки ҳадди аққал 2 кушторро содир кардаанд, вале ин маълумот ҳанӯз бояд исбот шавад. Полиси Русия аз шарҳи бештари ин қазия, аз ҷумла тавзеҳи сабаби куштори ваҳшиёнаи Комилҷон Ҳомидов, иртиботи эҳтимолии ин гурӯҳ ба созмонҳои миллатгаро ва ғайра худдорӣ мекунад.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия қазияро дунбол мекунад ва намояндаи расмии Сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммади Эгамзод мегӯяд, сафорати Тоҷикистон ба Кумитаи тафтишоти Русия ва Вазорати умури дохилии ин кишвар муроҷиат кардааст, то парванда ба гунаи ҷиддӣ пажӯҳиш шавад. "То ҳол далел дар даст нест, ки ин куштор бо ангезаҳои сиёсӣ ба вуқӯъ пайвастааст," -- мегӯяд ӯ. Сафорати Тоҷикистон гуфтааст, таҳқиқи қазияро зери назорати қатъӣ қарор хоҳад кард.

Дар остонаи таҷлил аз Иди ғалаба бар фашизм дар Русия ва ба ин шеваи ваҳшатангез кушта шудани муҳоҷири тоҷик хашму ғазаби садҳо нафар аз муҳоҷирони тоҷикро ба шабакаҳои иҷтимоӣ рехтааст. Яке аз фарзияҳои куштор мансубияти ҷинояткорон ба гурӯҳҳои миллатгарои рус гуфта мешавад, ки бо роҳҳои хушунату куштор зидди муҳоҷирон ва ғайрирусҳо мубориза мебаранд.

Ҳашт рӯз баъди куштори ваҳшиёна Комилҷон ҷасади ӯ ба Тоҷикистон интиқол меёбад. Барои гирифтани ҷасади ӯ аз сардхона ва интиқоли он то фурудгоҳ Улуғбек Ҳамдамов бо кӯмаки созмони Иттиҳоди ҷавонони тоҷик ва масҷиде дар Маскав ба ҷамъоварии кӯмакпулӣ машғул буд.​Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ҷасад аз фурудгоҳи Маскав то Душанбе бепул интиқол дода хоҳад шуд.

Куштори муҳоҷири тоҷик дар вилояти Маскав дар ҳоле ба амал омадааст, ки ҳомиёни ҳуқуқи башари Русия мегӯянд, дар муқоиса бо миёнаҳои солҳои 2000-ум ҷиноятҳо бар пояи бегонаситезӣ нисбатан рӯ ба коҳиш доранд. Александр Верховский, раиси маркази таҳлилии «Сова»мегӯяд:

"Дар тӯли солҳои 2009 то 2012 ин қабил ҷиноятҳо рӯ ба коҳиш овард ва сабабаш ҳам дар ин аст, ки сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ афроди зиёдро боздошт ва зиндонӣ карданд. Аммо баъди ин, мутаассифона, таҷрибаи кори полис тағйир ёфт ва бештар рӯ ба онҳое овард, ки ба таблиғи ақидаҳои нажодпарастӣ машғуланд. Инҳо бошанд, гурӯҳи дигари афрод ҳастанд. Аз ин рӯ, соли 2013 боз ҳам ҳодисаҳои ҳамла (бар пояи бегонаситезӣ) афзоиш ёфт. Соли 2014 бошад, дар муқоиса бо соли 2013 ҳодисаҳои куштор якбора зиёд шуд. Соли 2013 мо дар бораи 23 куштор ва тахминан 200 ҳамла ва соли 2014 дар бораи 27 куштор ва 120 маҷрӯҳ гузориш додем. Ин як ҳолати ғайриоддист," - гуфт ин муҳаққиқ.

Вай меафзояд, охири соли 2014 ҳам стратегияи ҷилавгирӣ аз зуҳуроти тундгароӣ қабул шуд, вале, ба гуфтаи ин таҳлилгар, ин барномаҳо на ба полису сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, балки ба идораҳои дигари давлатӣ нигаронида шуда, таъсири дарозмуддат дорад. «Полис бошад, мисли гузашта, бар пояи қонун ва ҳам дастурҳои сиёсӣ кор мекунад ва солҳои охир, омори ҷиноятиро ҳам дар маҷмӯъ, масалан, аз рӯи моддаи «экстремизм» хулоса мекунаду бас», -- гуфт Александр Верховский.

XS
SM
MD
LG