Пулиси Русия мегӯяд, раҳпаймоиҳои рӯзи 4 ноябри қавмгароён аз силсилаи "Русский марш" ("Марши русӣ") дар шаҳрҳои ин кишвар асосан бидуни ягон қонунвайронкунии ҷиддӣ доир шуд. Ин раҳпаймоиҳо дар ҷараёни таҷлил аз Рӯзи ваҳдати миллии Русия баргузор шуданд.
Ба ҳисоби пулис, дар "Русский марш" дар минтақаи Люблинои Маскав ҳудуди 2000 нафар ширкат кардаанд. Ҳамин тавр, дар ду раҳпаймоии қавмгароён дар Новосибирск беш аз 400 нафар, Дар Перм ва Нижний Новгород то 100-нафарӣ ва дар Уфа ҳудуди 150 нафар иштирок доштаанд. Ин дар ҳолест, ки созмондиҳандагони ин раҳпаймоӣ дар дархости расмии худ барои баргузории ин раҳпаймоиҳо шумори иштирокдоронро ба маротиб бештар пешбинӣ мекарданд.
Ҳамин тавр, даҳҳо нафар дар Хабаровск ва даҳҳо тани дигар дар Краснодар, бо вуҷуди онки мақомот ба баргузории "Русский марш" иҷозат надоданд, таҳти шиорҳое, ба мисли "Русия барои русҳост!" ба хиёбонҳо рехтанд. Дар Челябинск мақомот ба чунин раҳпаймоӣ иҷозат надоданд.
Дар Маскав рӯзи 4 ноябр, ки дар Русия Рӯзи ваҳдати миллиро ҷашн мегиранд, 3 маъракаи пуриздиҳом дар назар дошта шуда буд. Аз ҷумла ду раҳпаймоии гурӯҳҳои қавмгаро таҳти номҳои «Русский марш» («Марши русӣ» ва «Новорусский марш» ё «Русский марш за Новороссию» («Марши русӣ – ба ҳимоят аз Новороссия»), ки якумаш дар Люблино бо ширкати зери 200 нафар гузашт.
Гирдиҳамоии сеюм таҳти унвони «Мы едины!» тарафдорони раисиҷумҳури Русия Владимир Путинро гирди ҳам овард. Мақомоти пойтахти Русия шумори ширкаткунандагони ин ҳамоишро 75 000 нафар мегӯянд.
Рӯзи ваҳдати миллии Русия, ки 10 сол пеш ҳамчун ҷойгузини иди 7 ноябр – солгарди инқилоби коммунистии октябр – таъсис дода шуд, дар амал ба як баҳонаи ба кӯчаву хиёбонҳо рехтани гурӯҳҳои қавмгаро бо «Русский марш» шудааст. Ҳар сол баъди баргузории «Русский марш» аз шаҳрҳои гуногуни Русия дар бораи латукӯб шудани намояндагони ақвоми ғайрирус, аз ҷумла муҳоҷирон, аз тарафи қавмгароён гузоришҳо ба даст мерасанд.
«Русский марш» дар шаҳрҳои Русия имсол дар пасманзари ташдиди боз ҳам бештари сиёсати ин кишвар дар қиболи муҳоҷирон ва афзоиши ҷунбишу ҳаракатҳои қавмгаро дар Русия сурат мегирад.
Ҳамчунин рӯзи 2 ноябр, тоза дар остонаи «Русский марш» дар шаҳри Маскав амалиёти густардаи «Мигрант-2014» ба анҷом расид. Ба гуфтаи мақомоти пойтахти Русия, дар ҷараёни ин амалиёт беш аз 27 000 муҳоҷир боздошт шуда ва садҳо нафар аз ин шумор ба далели нақзи қоидаҳои кору иқомат дар Русия ба хатари ихроҷ рӯбарӯ гардидаанд.