Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурудгоҳи Бохтар баъди як соли танаффус дубора фаъол шуд


Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ), маркази вилояти Хатлон, ки моҳи майи соли гузашта аз кор монда буд, дубора ба фаъолият шуруъ кард. Интизор меравад, рӯзи якуми апрел аввалин ҳавопаймо аз фурудгоҳи Жуковскийи вилояти Маскав ба ин фурудгоҳ биояд.

"Коргарон баргаштанд"

Фурудгоҳи шаҳри Бохтар соли 1969 дар даврони Шӯравии собиқ сохта шуда, ҳавопаймои худро надорад.

Қарордоди фурудгоҳи шаҳри Бохтар бо ширкати ҳавопаймоии "Икар"-и Русия бар сари чаҳор парвоз дар як ҳафта аст. Ду парвоз аз Жуковскийи Маскав ба шаҳри Бохтар ва ду парвоз аз Бохтар ба пойтахти Русия.

Дар дӯконҳои шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои наздик фурӯши билет сар шудааст ва аксари муштариён муҳоҷиронанд. Фарҳод Абдураҳмонзода, раиси Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бохтар, рӯзи 1-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, беш аз 100 кормандро, ки ба рухсатии бемузд фиристода буданд, аввали моҳи март дубора ба кор оварданд. "Бо ширкати “Икар” ҳамкорӣ дорем. Аввал аз Маскав парвоз мекунад, баъд аз тарафи мо. Ҳама 100 дар сад ба кор даъват шудаанд ва ба фаъолият омодаанд", - афзуд ӯ.

"Дар вақти бекорӣ машғулияте пайдо накардам"

Фурудгоҳи Бохтар ҳудуди 200 корманд дорад. Соли гузашта бо сабаби инки ҳамкориаш бо ширкатҳои ҳавопаймоӣ қатъ шуд ва дар хазинааш маблағ намонд, муваққатан фаъолияташро боздошт.

Исроил, як корманди фурудгоҳ, гуфт, якуми март ӯву кормандони дигари собиқро ба кор даъват карданд. Вале онҳо расман аз рӯзи якуми апрел корро шуруъ намуданд. "Ҳама ба кор баргашт, ҳайат боз сарҷамъ шуд. Аз ин тасмим хушҳол шудам, чун дар вақти бекорӣ машғулияти хубе пайдо накарда будам", - нақл кард мусоҳиби мо.

Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бохтар баъди онки натавонист ширкатҳои ҳавопаймоиро барои анҷоми парвозҳо ҷалб кунад, бо чаҳор миллион сомонӣ қарзи бонкҳои маҳаллӣ қитъаи зарурӣ ё хатти парвозро бо стандартҳои байналмилалӣ таъмир кард. Як масъули дигари фурудгоҳ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шартномаи нави онҳо бо ширкати "Икар"-и Русия ба муддати тӯлонист.

Шурӯи кори фурудгоҳи Бохтар ва "моҷарои ҳавоӣ"

Оғози фаъолияти фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бохтар дар ҳолест, ки мақомоти ҳавопаймоии Тоҷикистон бо ширкати дигари русии "Уралские авиалинии" дар масъалаи парвозҳо дучори мушкил шудаанд. Баҳси онҳо сари иҷозаи парвозҳо ва ҳам тавсеаи шумори хатсайрҳо дар қаламрави Тоҷикистон мебошад.

Як ҳафтаи охир аст, ки бархе парвозҳои ҳавопаймоҳои “Уралские авиалинии” анҷом намешаванд. Музокироти ду ҷониб барои баррасии идомаи парвозҳо дар моҳи апрел баргузор мешаванд. Вале ширкати "Сомон Эйр" рӯзи 1-уми апрел хабар дод, ки парвози ҳавопаймоҳояш аз Душанбеву Хуҷанд ба ҳафт шаҳри Русия қатъ шудааст. Масъулони "Сомон Эйр" гуфтанд, ин тасмим "маҷбурӣ" ва бар асоси барқияи "Росавиатсия" гирифта шудааст.

Фурудгоҳи шаҳри Бохтар соли 1969 дар даврони Шӯравии собиқ сохта шуда, ҳавопаймои худро надорад.

XS
SM
MD
LG