Тоҷикистону Русия тавофуқ карданд, ки аз соати дувоздаҳи шаби 5-уми апрел тамоми маҳдудияти парвози ҳавопаймоҳоро ба ду самт аз байн мебардоранд. Ин тавофуқ рӯзи 4-уми апрел дар ҷараёни музокироти ҳайатҳои баландпояи ду кишвар дар Маскав ҳосил шуд.
- Дар ин музокирот ҷониби Тоҷикистонро мақомоти дастгоҳи иҷроияи президент, вазорати нақлиёт, вазорати умури хориҷӣ, адлия ва ширкатҳои "Сомон Эйр"-у “Тоҷик Эйр" намояндагӣ доранд.
Агар ҳавопаймоҳои “Уральские авиалинии” парвоз кунанд, ҳавопаймои ширкатҳои тоҷикистонӣ ҳам парвоз хоҳанд кард. Вале ин парвозҳо на бештар аз як дафъа дар ҳафта хоҳад буд. Ин шарт барои ҳама як аст
"Ҳама розӣ ҳастанд"
Сафири Тоҷикистон дар Маскав Имомуддин Сатторов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷониби Тоҷикистон аз натиҷаҳои музокирот розӣ аст. Ӯ афзуд, "дархости он тараф хеле бузург буд ва мо тавонистем ҳамкорони худро дар Русия мутақоид кунем, ки тақозои ҷамъиятӣ зарурат ба афзоиши аз ҳад зиёди парвозҳоро надорад. Пешниҳоди мо ҳам пазируфта шуд ва мо ба мувофиқа расидем, ки парвозҳо аз рӯи тақозову зарурат ва бар асоси манфиати ду тараф анҷом мешаванд ва ба манфиатҳои якдигар осеб намерасонанд."
Ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи инки то куҷо ҷониби Русия ҳам аз натиҷаҳои музокирот розӣ аст, Имомуддин Сатторов гуфт: "Ҳама розӣ ҳастанд, чунки манфиати ҳама риоя шудааст".
"Шарт барои ду тараф як аст"
Созиши ҷонибҳо ин шуд, ки "график" ё ҷадвали парвозҳо бар асоси манфиатҳои ду тараф таҳия мешавад. Сатторов гуфт, "нақшаи парвози ҳавопаймоҳо, ки барои солҳои 2017-2018 таҳия шуда буд, ҳифз мегардад". Ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи инки ҳоло агар ширкати “Уральские авиалинии” бихоҳад, аз Перм ё Челябинск ба Душанбе парвозҳои нав ҷорӣ кунад, ин тасмими ширкат қобили қабул мешавад, ё не? Имомуддин Сатторов гуфт: "Ин парвозҳо муштаракан анҷом мешаванд. Яъне, агар ҳавопаймоҳои "Уральские авиалинии" парвоз кунанд, ширкатҳои тоҷикистонӣ ҳам парвоз хоҳанд кард. Вале ин парвозҳо на бештар аз як дафъа дар ҳафта хоҳад буд. Ин шарт барои ҳама як аст".
"Музокирот идома мекунад"
Дар ҳамин ҳол, Вазорати нақлиёти Русия эълон кард, ки дар ҷадвали тобистонаи парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон чаҳор хатсайри нав изофа хоҳад шуд. Мақомоти вазорат гуфтанд, "ин хатсайри Перм – Душанбе, Жуковский – Кӯлоб, Челябинск – Хуҷанд ва Краснодар – Хуҷанд аст."
Музокироти ҳайатҳои баландпояи соҳаи нақлиёту ҳавонавардии Тоҷикистону Русия рӯзи 5-уми апрел низ дар Маскав идома мекунад ва дар поёни ин музокирот байни ҷонибҳо “протокол” имзо хоҳад шуд. Ҷузъиёти марбут ба самту шумори парвоз, тӯли умумии парвозҳо ва ҷузъиёти дигар бояд дар ҷараёни соатҳои баъдии музокирот баррасӣ ва ҳал шавад.
Моҷарои ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия
“Мақсад аз ин музокирот ҳамин аст, ки тамоми ҷузъиёти баҳсҳо ва ҳам дигар суолҳо дар мулоқоти Маскав ҳаллу фасл шавад, то дар оянда дигар чунин мушкил пеш наояд”, - гуфт сафири Тоҷикистон дар Русия.
Моҷарои ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия рӯзи 12-уми март сар зад ва он рӯз Тоҷикистон ба ширкати русии "Уралские авиалинии" иҷозати парвоз дар масири нави Перм-Душанберо надод. Русия таҳдид карда буд, ки аз чораҳои дигар, аз ҷумла қатъи парвози ҳавопаймоҳои Тоҷикистон кор мегирад.
Таҳрими парвозҳо
Рӯзи 31-уми март “Росавиатсия” эълон кард, ки парвозҳои ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр” ба 7 шаҳри Русияро манъ кард. Ҷониби Тоҷикистон низ аз қатъи иҷозаи парвозҳо ба панҷ ширкати ҳавоии Русия ба Душанбеву Хуҷанд хабар дод.
Дар ҳоле ки ҷониби Тоҷикистон ширкатҳои русиро ба нақзи усули паритет айбдор кард, Русия дар такя ба созиши қаблан ҳосилшуда парвози ширкатҳояшро мувофиқ ба созишнома донист ва аз Тоҷикистон талаб карда буд, ки ба парвози ширкатҳо иҷозат диҳад.