Даҳҳо мусофир шаби 28-уми март натавонистаанд, ки тариқи ҳавопаймоҳои ширкати “Уралские авиалинии” аз Хуҷанд ба шаҳрҳои Маскав ва Екатеринбурги Русия парвоз кунанд.
Як корманди намояндагии “Уралские авиалинии” дар Хуҷанд гуфт, “бинобар ҳал нашудани масъалаи иҷозаи парвозҳои ширкат парвозҳо мавқуф гузошта шуд”. Эҳтимол шоми 29-уми март боз як парвози дигари ин ширкат аз Хуҷанд ба Челябинск ба таъхир афтад.
Навори видео дар инҷост:
Моҷарои ҳавоӣ миёни Душанбеву Маскав пас аз он сар зад, ки Тоҷикистон рӯзи 12-уми марти имсол ба ширкати русии "Уралские авиалинии" иҷозати парвоз дар масири нави Перм-Душанберо надод.
Ширкати “Уралские авиалинии” аз мақомоти ҳавопаймоии Тоҷикистон даъват кардааст, ки дар фурсатҳои наздик аз роҳи музокирот сӯитафоҳумҳои ба миёномадаро бартараф кунанд.
Масъулони ин ширкат ҳамакнун ба мусофирон гуфтаанд, то аввалҳои моҳи апрел мунтазир бимонанд, ки мушкили пешомада миёни ин ширкат ва ҷониби Тоҷикистон ҳалли худро пайдо кунад. Иҷозатномаи парвозҳои ин ширкатро мақомоти ҳавопаймоии Тоҷикистон содир мекунанд.
Мушкил аз куҷо сар зад?
Дар ҳамин ҳол, масъулони Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз 25-уми март дар парвозҳои ширкати "Уралские авиалинии" мушкил ба миён омада буд ва гоҳе бо таваққуф ва гоҳе ҳам дер парвоз мекарданд.
Моҷарои ҳавоӣ миёни Душанбеву Маскав пас аз он сар зад, ки Тоҷикистон рӯзи 12-уми марти имсол ба ширкати русии "Уралские авиалинии" иҷозати парвоз дар масири нави Перм-Душанберо надод.
Ҷониби Тоҷикистон ширкатҳои русиро ба нақзи усули паритет ва ё баробарӣ айбдор сохта ба ҳавопаймоҳои ширкатҳои урсӣ иҷозаи парвоз намедиҳанд. Ҷониби Русия дар такя ба созишномаи қаблан ҳосилшуда парвози ширкатҳояшро мувофиқ ба созишнома медонанд ва аз Тоҷикистон талаб дорад ба парвози ширкатҳо иҷозат бидиҳад.
Баҳси "монополия"
"Уралские авиалинии" рӯзи 27-уми март бо нашри як изҳорот дар посух ба иддаои ҷониби Тоҷикистон, ки ин ширкат пешакӣ барои дарёфти иҷозаи парвоз муроҷиат накардааст, гуфт, 50 рӯз қабл аз оғози мавсими нави парвоз, ба мақомоти Тоҷикистон дархост фиристода, ҳамаи расмиёти заруриро иҷро кард, аммо ҷониби Тоҷикистон иҷозаи парвозҳоро надод.
Ширкат мегӯяд, ҷониби Тоҷикистон бидуни огоҳии пешакӣ 30 дарсади парвозҳои ширкатро кам кард. Мудирияти "Уралские авиалинии" мегӯяд, аз ин амалкард тасаввуре ҳосил мешавад, ки "ширкатҳои ҳавопаймоии русиро ба хотири монополия кардани бозори ҳавопаймоии Тоҷикистон аз бозор берун мекунанд".
Чун ба иддаои "Уралские авиалинии", ширкат аз соли 1994 ба самти Тоҷикистон парвозҳо анҷом медиҳад ва тасмими ҳукумати Тоҷикистон мувозинаи парвозҳоро, ки ба фоидаи ширкатҳои Тоҷикистон ташаккул ёфта буд, вайрон кард.
Даъват ба музокирот
Ин ҳолат ба гуфтаи "Уралские авиалини", боиси сарсонии садҳо мусофир шудааст, ки бо харидории билет наметавонанд парвоз кунанд ва дар авҷи афсурдагӣ қарор гирифтаанд. Чун ба гуфтаи ин ширкати русӣ, шумораи мусофирон чиптадор соат ба соат меафзояд ва онҳо гаравгони тасмими мақомоти ҳавопаймоии Тоҷикистон қарор гирифтаанд.
Ширкати "Уралские авиалинии" аз мақомоти ҳавопаймои Тоҷикистон даъват кардааст, ки дар фурсатҳои наздик аз роҳи музокирот сӯитафоҳумҳои ба миён омадаро бартараф кунанд.