Мақомоти умури дохила дар пайи як амалиёти вижа дар шаҳри КӯлобҶавҳаршо Чолов, бародари Қурбони Чол, фармондеҳи пешини Фронти халқиро бо гумони нигаҳдорӣ ва қочоқи маводи мухаддир боздошт боздошт кардаанд. Мақомоти интизомии Кӯлоб мегӯянд, алайҳи Ҷавҳаршо Чолов парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Ҷавҳаршо алакай нафари панҷум аз ин хонаводаи як замон пурнуфуз дар минтақаи Кӯлоб аст, ки инак бори дуюм пушти панҷара меравад.
Як масъули шӯъбаи умури дохилии шаҳри Кӯлоб бидуни овардани ном рӯзи душанбеи 23 феврал бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, Ҷавҳаршо Чолов, бародари фармондеҳи марҳуми Фронти халқӣ – Қурбони Чол ба гумони нигаҳдории маводи мухаддир ва қочоқи он, аз сӯи маъмурони интизомии ин шаҳр боздошт шудааст.
Ба гуфтаи пулис, ҳангоми гузаронидани кофтуков аз манзили Ҷавҳаршо Чолов ба миқдори 900 грамм маводи мухаддири навъи ҳероин кашф ва мусодира кардаанд. Ин манбаъ мегӯяд, нисбати Ҷавҳаршо Чолов, тибқи моддаи 200, қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шуда ва таҳқиқ идома дорад.
«Дар вақти кофтуков, аз хонаи Ҷавҳаршо аз даруни қуттиҳои гӯгирд 39 адад бастачаҳои селофанӣ, ки дар дохилашон як миқдорӣ навъи ҳероин ёфта гирифта шуд. Баъди ёфт шудани маводи мухаддир аз хонаи Чолов ӯро маъмурони пулис боздошт карданд ва ҳоло ӯ дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳ дошта мешавад,» - афзуд мусоҳиби мо.
Ҷавҳаршо Чолов 45 сол дошта, дар ҷое кор намекардааст. Вай қаблан дар соли 2012 низ дастгир шуда, бо моддаи 237 қисми 2 “қаллобӣ” зиндонӣ шуд, аммо пешакӣ ба озодӣ баромад.
Дар ин видео чойхонаи "Марҳабо", марбут ба хонаводаи Чоловҳо, тасвир шудааст:
Муҳиддин, як сокини 25-солаи кӯчаи Айнии шаҳри Кӯлоб, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки вақтҳои ахир ба хонаи Чолов омаду рафт бештар ба мушоҳида мерасид, ки дар байнашон бангиҳо низ буданд: “Мо рӯзи шанбе мо дарак ёфтем, ки Ҷавҳаршоро милисаҳо маҳкам кардаанд.”
Боздошти Ҷавҳаршо замоне иттифоқ афтод, ки писари ӯ Зиёратшоҳ Чолов низ ба дуздӣ гунаҳгор дониста мешавад. Алайҳи Зиёратшоҳ парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, ҳоло дар тафтишоти пешакӣ қарор дорад. Довуд Чолов, писари дигари Ҷавҳаршо дар сӯҳбати кӯтоҳе ба Озодӣ гуфт, дар воқеъ аз хонаашон маводи мухаддир пайдо кардаанд.
Бахтиёр Сафаров, коршиноси маҳаллӣ, мегӯяд, ин хонавода замоне нуфуз дошт, вале бо барқарор шудани сулҳу субот дар Тоҷикистон нуфузашро аз даст дод. Ба гуфтаи ӯ, боздошту озод шудани бародарон Чоловҳо як амри маъмул гаштааст: «Боздошту раҳоии бародарони Чоловҳо, аз диди ман, як амри табиӣ шудааст. Ҳарчанд мебинанд, ки кори кардаашон ҷиноят аст, вале аз роҳашон бар намегарданд. Ин бори аввал нест, ки хабари боздошт шудани Чолов расонаӣ мешавад.”
Қурбони Чол (Қурбоналӣ Чолов), фармондеҳи маъруфи Фронти халқӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон 5 ноябри соли гузашта дар синни 54 аз олам чашм пӯшид. Ӯ намояндаи хонаводаи дар замони ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми Тоҷикистон пурнуфузи Чоловҳо буд. Ин хонавода, ки дар шаҳри Кӯлоб ба сар мебурд, ба тарафдорӣ аз Фронти халқӣ силоҳ гирифта, дар амри ба қудрат расондани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1992 саҳми умда доштанд.
Баъд аз пирӯзии Фронти халқӣ Қурбони Чол фармондеҳи яке аз қисмҳои низомиро бар ӯҳда гирифт. Дар соли 1995 ду нафар аз Чоловҳо – Қурбон ва бародараш Султон Чолов – вакили парлумони Тоҷикистон ҳам интихоб шуданд. Он ҳайати порлумон, ки то соли 2000 амал кард, дар ёдҳо ҳамчун “парлумони боевикҳо” мондааст.
Аммо дар авоили солҳои 2000-ум нуфузи “боевик”-ҳо ва аз ҷумла нуфузи хонаводаи Чоловҳо коҳиш ёфт. Ӯву бародаронашро батадриҷ аз артиш берун карданд ва онҳо асосан ба тиҷорат машғул шуданд. Гуфта мешавад, ки бозори "Панҷшер" дар ҷануби Душанбе, бозори дигаре ва меҳмонхонаи сеқабатаи "Доро" дар шаҳри Кӯлоб ва як силсила фурӯшгоҳҳову тарабхонаҳо дар Кӯлобу Душанбе ба ҳамин хонавода тааллуқ доштанд.
Султон Чолов бар асари беморӣ барвақттар аз олам чашм пӯшид. Давлат Чолов – бародари дигари онҳо – моҳи феврал бо иттиҳоми ҷалби ҷавонон ба ҷанги Сурия боздошт шуда, моҳи декабри соли гузашта бо пардохти ҷарима озод гардид. Вай замоне боздошт шуд, ки ба гуфтаи мақомот, қасди сафар ба Туркияро доштааст. Дар мурофиаи додгоҳӣ Чолов гуфт, ҳадафи ӯ аз сафар ба Туркия Сурия рафтан набуд, балки мехост, барои тиҷораташ аз Туркия мол биёрад.
Давлат Чолов дар соли 2003 низ бо иттиҳоми таҷовуз ба номус ва куштор боздошт ва маҳкум шуда буд, аммо баъдан ба озодӣ баромад ва ба тиҷорат машғул буд. Ба гуфтаи наздиконаш, силсилаи мағоза ва ошхонаҳо дошт ва барои таъмини ин нуқтаҳои савдои худ пайваста ба Туркия сафар менамуд.
Ҳоло аз хонаводаи як замон пурнуфузи Чоловҳо дастикам 5 нафар - Давлат, Ҷавҳаршо ва писараш Зиёратшо, Сулаймон ва Фирдавс - дар боздошт ё зиндон ба сар мебаранд.