Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии Фирдавс Чолов аз зиндон


Хонаи Чоловҳо дар Кӯлоб. Акс аз бойгонӣ.
Хонаи Чоловҳо дар Кӯлоб. Акс аз бойгонӣ.

Яке аз бародарони зиндонии Қурбон Чолов, фармондеҳи маъруфи ҷанги шаҳрвандӣ бар асоси қонуни авф аз маҳбасхонаи муваққатии шаҳри Кӯлоб раҳо шуд.

Фирдавс Чолов, яке аз бародарони хонаводаи Чоловҳо дар пайи Қонуни афв аз зиндон раҳо шудааст. Наздикони Фирдавс Чолов ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки онҳо зиёд мехостанд, ки ӯдар маросими дафни Қурбон Чолов дар таърихи 5-уми ноябр ширкат кунад, аммо ин имкон барояшон даст надод. Худи Фирдавс Чолов дар як сӯҳбати кӯтоҳ гуфт, бинобар даргузашти бародараш хеле ғамзада аст ва имкони сӯҳбати бо тафсилро надорад.

Фирдавс Чолов соли гузашта бо гумон рабудани 7 телефони мобилӣ аз Идораи ширкати “Мегафон” дар Кӯлоб ва нигоҳдории миқдори ками маводи мухаддир боздошт шуда буд. Зимни мурофиаи додгоҳӣ ӯ изҳор дошта буд, ки ин телефонҳоро ӯ надуздида, балки аз шахси номаълуме харидорӣ кардааст ва маводи мухаддири навъи бангдонаро барои истеъмоли худ нигаҳ дошта, ҳадафи интиқолу фурӯши онро надоштааст.

Аммо соли гузашта додгоҳ аъмоли ӯро баррасӣ намуда, ӯро 3 сол аз озодӣ маҳрум кард ва то замони озод шуданаш дар маҳбасхонаи муваққатии Кӯлоб нигаҳдорӣ мешуд. Озодии Фирдавс Чолов дар ҳолест, ки моҳи феврали соли гузашта, бародараш Давлат Чолов бо гумони ҷалби ҷавонон ба ҷанги Сурия боздошт шуда буд.

Давлат Чолов низ дар мурофиаҳои додгоҳӣ иттиҳом алайҳи худ дар мавриди ҷалби ҷавонон ба Сурияро комилан рад карда кардааст. Дар охирин мурофиаи додгоҳӣ, додситонии вилоят аз додгоҳ хоста буд, то Давлат Чоловро 4 сол зиндонӣ кунанд, аммо бинобар як шарҳ хостан аз Додгоҳи конститутсионӣ, охирин мурофиаи Давлат ва як ҳамроҳӣ ӯ ба таъхир гузошта шудааст.

Додгоҳ мехоҳад, банди яке аз қонунҳо, ки барои афроди сидқан пушаймон шудаи гумонбар дар ҷалби сокинон ба гурӯҳҳои ифротӣ, ки дар назар дорад, аз ҷавобгари шахсро раҳо мекунад, нисбати Давлат Чолов татбиқ мегарда ва ё на. Дар сурати татбиқ шудани ин банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, бо эҳтимоли зиёда Давлат Чолов низ ба озодӣ хоҳад баромад.

Фирдавси Чол, яке аз даҳ бародарони хонаводаи дар Кӯлоб пурнуфузи Чоловҳост. Ин бародарон замоне қисми низомиеро дар Кӯлоб фармондеҳӣ мекарданд ва ҳоло ба тиҷорат машғуланд.

XS
SM
MD
LG