Панҷшер Чолов, фарзанди Қурбон Чолов, ки 31 сол дошт, ба тиҷорат машғул буд, шаби гузашта аз дунё даргузаштааст. Маркази тиҷоратии “Панҷшер” дар назди бозори "Саховат", воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии Душанбе ба ӯ таалулуқ дошт.
Наздиконаш дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯ пас аз марги падараш гирифтори бемории мармузе шуда буд ва дар назди пизишкон табобат мегирифт, аммо вазъаш чандон баде набуд. Ҳарчанд, ба гуфтаи наздикон "Панҷшер, пас аз марги падараш комилан аз зиндагӣ дилсард шуда буд ва бештари вақти худро дар танҳоӣ мегузаронид. Панҷшер Чолов дар шаҳри Душанбе вафот карда ва ҷасади ӯ ба шаҳри Кӯлоб интиқол дода мешавад.
Марги Панҷшер Чолов дар ҳолест, ки падари ӯ, Қурбон Чолов субҳи 5 ноябри соли равон дар синни 54 аз дунё гузашт. Панҷшер Чолов, аз ҷумлаи ҷавононе буд, ки аз нуфузи падараш то солҳои 2005 дар минтақаи Кӯлоб зиёд истифода мебурд, аммо бинобар тарс аз нуфузи падараш, мақомот ба ҳамаи аъмоли ӯ чашм мепӯшид.
Аммо бори аввал соли гузашта, чеҳраи ӯ аз тариқи телевизионҳои Тоҷикистон намоиш дода шуд, ки пиёдагардеро бо мошини худ пахш карда, аз ҷои ҳодиса фирор мекунад. Пиёдагард зарари ҷиддӣ надида буд ва Панҷшер Чолов бо ҷарима аз ҷавобгарӣ озод шуд.
Хонаводаи Чоловҳо, ки аз маъруфтарин хонаводаи қумондонҳои ҷанги шаҳрвандӣ буданд, чанд соли ахир комилан нуфузи худро аз даст дода, аз саҳнаи сиёсӣ дур шуданд.