Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давлат Чолов бо пардохти ҷарима озод шуд


Бинои додгоҳи вилояти Хатлон.
Бинои додгоҳи вилояти Хатлон.

Давлат Чолов, бародари Қурбон Чолов -- аз фармондеҳони пешини Фронти халқӣ, ки барои ҷалби ҷавонони тоҷик ба Сурия муттаҳам мешуд, бо пардохти ҷарима аз муҷозот озод шудааст.

Додгоҳи вилояти Хатлон Давлат Чолов, бародари Қурбон Чолов--аз фармондеҳони пешини Фронти халқиро бо пардохти ҷарима аз муҷозот раҳо кардааст. Пайвандони Давлат Чолов рӯзи 10 декабр дар сӯҳба ба Радиои Озодӣ хабари озодии ӯро тасдиқ карданд.

Эълони ҳукми раҳоии Давлат Чолов дар ҳолест, ки дар нимаи дувуми моҳи сентябр додгоҳи вилояти Хатлон ҳукми се ҳамроҳи зиндонии Давлат Чоловро, ки барои ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷанги Сурия айбдор мешаванд, эълон карда буд. Қаблан Абдураҳмон Қодиров, Савриддин Ҷӯраев ва Азаматҷон Хоҷамқулов, яке 17 ва дуи дигар аз 19 то 26 сол ҳукм гирифта, дар зиндон адои ҷазо менамуданд.

Намояндаи додситонии вилояти Хатлон дар мурофиаи охирини парвандаи Давлат Чолов ва ҳамроҳони ӯ аз додрас талаб карда буд, то ин се нафарро бо шумули ҳукми пештараашон аз 20 то 30 ва Давлат Чолову Абдураҳим Шукуровро чорсолӣ аз озодӣ маҳрум кунад. Аммо бино бар шарҳ хостани додрас аз Додгоҳи Қонуни, асосӣ эълони ҳукми Давлат Чолов ва ҳамроҳаш Абдураҳим Шукуров ба таъхир афтода буд.

Додраси парванда аз Додгоҳи конститусионии Тоҷикистон хоста буд, то банди яке аз моддаҳои Кодекси ҷиноиро шарҳ диҳад. Дар ин банди моддаи Кодекси ҷиноӣ гуфта шудааст, дар сурати сидқан пушаймон шудани нафаре, ки дар иттиҳодияи ғайриқонунии мазҳабӣ аъзо шуда, вале ҳеҷ ҷинояте содир накардааст, бахшида мешавад. Додрас аз Додгоҳи констутитусионӣ хостааст, то шарҳ диҳад, ки нафари дастгиршуда баъди боздошташ ибрози пушаймонӣ кунад, оё ин банди Кодекси ҷиноӣ нисбат ба ӯ татбиқ хоҳад шуд, ё на.

Қаблан, ин панҷ нафар, се тан аз зиндон ва ду нафар дар озодӣ барои ҳамкорӣ барои ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷанги Сурия гумонбар дониста шуда, бар асоси банди 187, қисми 3 (ташкили иттиҳоди ҷиноӣ барои содир намудани ҷиноятҳои махсусан муҳим), банди 307 (ташкили созмони ифротгаро)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Давлат Чолов бо Абдураҳим Шукуров дар ҳоле боздошт шуданд, ки мехостанд, ба Туркия парвоз кунанд. Зимни мурофиаи додгоҳӣ Чолов гуфта буд, ҳадафи ӯ аз сафар ба Туркия Сурия рафтан набуд, балки мехост, барои тиҷораташ аз Туркия коло биёрад. Ин парванда дар ҳоле пурсарусадо шуд, ки Давлат Чолов яке аз фармондеҳони собиқи Фронти Халқӣ ва бародари Қурбон Чолов мебошад. Қурбон Чолов дар авоили моҳи ноябр бар асари беморӣ даргузашт.

​Давлат Чолов дар соли 2003 низ бо иттиҳоми таҷовуз ба номус ва куштор боздошт ва маҳкум шуда буд, аммо баъдан ба озодӣ баромад ва ба тиҷорат машғул буд. Ба гуфтаи наздиконаш, силсилаи мағоза ва ошхонаҳо дошт ва барои таъмини ин нуқтаҳои савдои худ пайваста ба Туркия сафар менамуд.

XS
SM
MD
LG