Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Файзалӣ Ҳасанов: Ҳунари онҳое, ки 5-6 ҳазор $ талаб мекунанд, ба 500 сомонӣ намеарзад


Файзалӣ Ҳасанов. Акс аз нашрияи "Ҷумҳурият"
Файзалӣ Ҳасанов. Акс аз нашрияи "Ҷумҳурият"

Мақомоти маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба таъсиси дастаи овозхонҳо, ошпазу гардонандагони тӯй ва наворбардорон пардохтанд. Ин вилоят 18 ноҳияро дарбар мегирад.

Даъвати як овозхон аз маркази ҷумҳурӣ то ба Исфара аз 3 то 4 ҳазор доллар нарх дорад. Агар аз Хуҷанд даъват кунӣ, 6-7 ҳазор сомонӣ мепурсанд. Аз хонаи фарҳанги ноҳия овозхонҳоро даъват кардам, дар 1,5 ҳазор сомонӣ тӯйро гузаронданд

Иқбол Тешаев, раҳбари шӯъбаи таҳлил ва иттилооти ҳукумати шаҳри Исфара, рӯзи 2-юми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло тамоми раисони шаҳраку ҷамоатҳо дастур гирифтаанд, ки гуруҳи хидматрасонӣ ба мардум таъсис диҳанд. Ба қавли Тешаев, ин гуруҳҳо иборат аз овозхонҳо, наворбардорон ва ровиёни тӯй ҳастанд, ки дар ҷашну маъракаҳои мардум бо нархҳои нисбатан арзон хидмат мекунанд. ​Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, ҳар як ҷамоат ҳамчунон имкони таъсиси тӯйхонаҳои мардумиро баррасӣ дорад.

Ноҳияҳои вилояти Суғд баъд аз як дастури раиси вилоят – Абдураҳмон Қодирӣ ба таъсиси чунин марказҳо падохтанд. Дар охири моҳи сентябри имсол Қодирӣ дар маҷлиси вакилони вилоят гуфт, аз мардум шикоят дарёфт кард, ки нархи кирояи овозхонон, фаттаи арӯс ва иҷораи тӯйхонаҳо хеле гарон аст.

Абдураҳмон Қодирӣ
Абдураҳмон Қодирӣ

Қодирӣ баъд аз он ба мақомоти ноҳияҳо дастур дод, ки дар назди ҳар ҷамоат дастаи овозхонҳо, ошпазу наворбардор ва иҷораи либоси арӯсиро ба роҳ монанд, то бо нархҳои дастрас ва аз рӯи инсоф ба мардум хидмат расонанд. Раиси вилояти Суғд гуфта буд, агар чунин хидматрасониҳо бо нархи дастрас ба мардум пешкаш нашавад, сабукиҳое, ки қонуни танзим ба мардум овард, ночиз мешаванд.

Муқаддама Ҳошимзода, сардори идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ё ЗАГС-и вилояти Суғд, ки низ дар ин маҷлиси раиси вилоят ширкат дошт, гуфт, асли дастур ин буд, ки ин марказҳо дар назди мақомоти шаҳраку ҷамоатҳо таъсис ёбанд. “Гуфта шуд, ки мақомот хидматрасонии ҳофизону наворбардорон, либоси арӯс ва мошини домоду арӯсро фароҳам кунанд. Нархи ҳар хидматрасонӣ бояд навишта шуда бошад, ки ҳар нафар мувофиқи ҷайбаш хидматрасониро киро кунад”.

Кӯшиши мақомоти вилояти Суғд барои ба танзим даровардани нархи овозхони тӯй, кирояи либоси арӯс ва иҷораи тарабхона барои баргузории тӯй дар ҳолест, ки иқтисоддонҳо мегӯянд, ин масъаларо худи бозор муайян мекунад. Маҳмурод Азимов, маркетологи тоҷик, гуфт, Тоҷикистон роҳи иқтисоди бозориро пеш гирифтааст ва масъалаи нархгузориро бозор бояд муайян кунад. Ӯ гуфт, “бибинед аз замони соҳибистиқлол шудан мо роҳи иқтисоди бозориро пеш гирифтем. Яъне, нархҳо дар кишвари мо озоданд ва давлат онро мисли солҳои шӯравӣ муайян намекунад. Барои ҳамин, дахолати давлат ба ин соҳа дуруст нест. Худи бозор бояд инро танзим кунад”.

Азимов афзуд, барои мисол, танҳо дар як шаҳри Хуҷанд беш аз 30 толори арӯсӣ фаъолият мекунад ва рақобат байни онҳо шадид аст. Ҳар шахс мувофиқ ба табъу завқ ва маблағи киссаш барои фарзанди худ либоси арӯсӣ иҷора мегирад. “Дахолати давлат ба ин соҳа бе маврид аст”, - афзуд Азимов.

Вале соҳибони ҷашну тӯйҳо мегӯянд, нархи наворбардору кирояи мошин чандон гарон нест, аммо даъвати овозхонон бахусус онҳое, ки номдор ҳастанд, ниҳоят гарон аст. Абдумалик Обидов, як сокини шаҳри Исфара, мегӯяд, “даъвати як овозхон аз маркази ҷумҳурӣ то ба Исфара аз 3 то 4 ҳазор доллар нарх дорад. Агар аз Хуҷанд даъват кунӣ, 6-7 ҳазор сомонӣ пул мепурсанд. Ман рафта аз хонаи фарҳанги ноҳия овозхонҳоро даъват кардам, дар 1,5 ҳазор сомонӣ тӯйямонро гузарондем”.

Файзалӣ Ҳасанов, овозхони шинохтаи тоҷик, мегӯяд, дар тӯли беш аз 20 соли таҷрибаи овозхониаш боре ҳам қабл аз маърака аз соҳиби тӯй пули муайяне талаб накардааст. “Вақте маро ба тӯй даъват мекунанд ва соҳиби тӯй мепурсад, ки нархи хидмат чанд аст, мегӯям, чанде ки ҳунари маро қадр кунед. Ягон вақт ягон пул тамаъ накардаам, чанде ки аз дилашон бароварда диҳанд, розӣ мешавам. Ҳунари он санъаткороне, ки нархи худро 5-6 ҳазор доллар таъин кардаанд, ба 500 сомонӣ намеарзанд”, - хулоса кард Ҳасанов.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки қонуни танзими маросими миллӣ дар тӯли даҳ соли гузашта 18 миллиард сомонии мардумро сарфа карда ва якуним миллион чорворо аз забҳ шудан раҳондааст. Маҳкам Маҳмудзода, раиси Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон моҳи июни имсол дар як ҳамоиши бахшида ба 10-умин солгарди қабули Қонуни танзим гуфт, ки даҳ сол пеш сатҳи камбизоатӣ дар кишвар 70 дарсад буд ва ҳоло ин рақам то 30 дарсад коҳиш ёфтааст. Ӯ бовар дорад, ки яке аз сабабҳои пойинравии сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон, иҷрои муқаррароти қонуни танзим будааст.

XS
SM
MD
LG