Баъзе аз сокинони Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳарчӣ шадидтар шудани назорат аз болои иҷрои қонуни танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ фасод дар ин бахшро бештар хоҳад кард. Онҳо баъзан маъмурони идораи танзимро ба нозирони роҳ монанд мекунанд, ки дар сурати зарурӣ айби ронандаро ёфта, барои гузашт аз гуноҳаш ҳақ мехоҳанд, ё барои пур кардани нақша ҷарима мебанданд. Мақомоти Кумитаи дини Тоҷикистон – масъули бахши танзими анъана – мегӯянд, ки ин кор шояд аз тарафи бархе нозирони тасодуфӣ сурат бигирад ва ба ҳамин хотир санҷиши кормандонро ба роҳ мондаанд.
Як бори дигар кормандони соҳаро меомӯзанд. Оё масъулини танзим қонунҳоеро, ки дар татбиқашон кор мекунанд, худашон хуб медонанд. Яъне, аттестатсия ба хотири берун кардани шахсони тасодуфӣ аз бахши танзим амалӣ карда мешавад.
“Раиси маҳалла гуфт, ки онҳоро розӣ кардан даркор”
Холиқ Шокиров, сокини шаҳри Душанбе, чанде қабл духтарашро ба шавҳар дод. Ӯ рӯзи 23-юми сентябр гуфт, ки дар авҷи тӯй ногаҳон маъмурони бахши танзим пайдо шуда, бо ӯ баҳсу даъворо сар карданд. “Хеле баланд гап мезаданд. Воҳима мекарданд, ки ҷарима мебандем. Аз раиси маҳалла, ки дар ин кор таҷриба дошт, ёрӣ хостам. Вай ишора кард, ки бояд онҳоро розӣ кунем”, - афзуд ӯ.
Шокиров танҳо нафаре нест, ки аз кори масъулини бахши танзим шикоят дорад. Чанде аз ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, “розӣ” кардани нозирони бахши танзим дар маҳалҳо беҳтар аз судбозӣ бо онҳост.
Ҳалвои тӯй ба ҷои домод ба коми кӣ рафт?
Ислом Юсуфов, як рӯзноманигор дар вилояти Суғд, гуфт, чанде қабл ҳамсояаш барои гузарондани тӯй “кафолат” гирифта буд. Ислом мегӯяд, “ҳамсояаам нақл кард, ки бо кадом масъуле суҳбат кард ва кафолат гирифт, то касе ӯро ҷарима накунад. Гӯё кадом масъуле ба ӯ гуфтааст, ҳар навъе, ки мехоҳӣ, тӯятро баргузор намо.”
Ҳамсояи Ислом Юсуфов ҳоло дар муҳоҷирати корист ва талоши мо барои пайдо кардани ӯ бенатиҷа буд. Аммо Ислом Юсуфов аз масъулини бахши танзим бахусус дар манотиқ интиқод кард, ки танҳо “ба шахсони камбизоат ва бе пушту паноҳ сари кор мегиранд.
“Шахсони тасодуфӣ берун карда мешаванд”
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, ниҳоди назораткунандаи қонуни танзим ҳам мегӯяд, дар пайи шикоятҳо тамоми кормандони бахши танзимро аз санҷиш мегузаронад. Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи оид ба корҳои дин дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъзе шикоятҳо аз кормандони бахши танзим дар рафти кори гурӯҳҳои корӣ ба дасти онҳо расид ва ин ниҳод мехоҳад шахсони тасодуфӣ аз ин соҳаро берун кунад.
Ба қавли Афшини Муқим, “як бори дигар кормандони соҳаро меомӯзанд. Оё масъулини танзим қонунҳоеро, ки дар татбиқашон кор мекунанд, худашон хуб медонанд. Яъне, аттестатсия ба хотири берун кардани шахсони тасодуфӣ аз бахши танзим амалӣ карда мешавад.”
Хатна дар хона манъ шуд. Устои хатнагар бекор монд
Феълан дар ҳар як ҷамоати Тоҷикистон масъули бахши танзим кор мекунад, ки маросими тӯю азои мардум танҳо бо иҷозат ва назорати ӯ баргузор мешаванд. Инчунин, дар ҳар ҳукумати ноҳияву шаҳр аз ду ё бештар кормандони танзим фаъолият доранд, ки дар як вақт бахши динро низ назорат мекунанд.
“Ҳар қонуни манъкунанда зояндаи фасод аст”
Коршиносон мегӯянд, маҳдудкунии зиёд дар ҳама ҳолат роҳро барои фасод боз мекунад. Абдуқодири Рустам, таҳлилгари тоҷик, гуфт, ҳар қонуне, ки манъкуниро ба вуҷуд меорад, зояндаи фасод аст. Ба қавли ӯ, “қонуни танзим нуқсҳои зиёде дорад ва он ворид шудан ба ҳарими хусусии мардум аст. Ба ин шакле, ки қабул шуд, набояд қабул мешуд. Ҳоло, ки тасвиб шудааст, акнун ба дастандаркорон имконият медиҳад, ки дар баъзе ҳолат барои худашон пул кор кунанд. Ҳар касе, ки назорат бар қонун бар уҳдааш гузошта мешавад, имкони он дорад, ки аз ҳисоби ин қонун барои худаш кор кунад.”
Ба таъкиди Абдуқодири Рустам, мардум низ то ҷое ба додани “пора” ба корманди танзим манфиатдоранд. Зеро онҳо беҳтар медонанд, ки ба ҷои пардохти 5 ҳазор сомонӣ ба буҷа ва боз сарсониҳои зиёд маблағе ба дасти корманди танзим дода, халос шаванд.
“Қонуне, ки баъди даҳ сол то ҳол баҳсбарангез аст”
Назорат аз болои иҷроиши Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим баъд аз вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо фаъолони кишвар дар моҳи июли соли равон шадидтар шуд. Эмомалӣ Раҳмон аз қабули қонун дар 10 соли пеш изҳори қаноатмандӣ кард ва гуфт, ки ин қонун тавонист дар ин муддат 18 миллиард сомонӣ маблағҳои сокинонро сарфа кунад. Як моҳ баъди ин бо ташаббуси президент бархе меъёрҳои қонун шадидтар ва аз ҷумла, масъулият ва ҷавобгарии мақомот аз рӯи ин қонун – то барканорӣ аз мақом - сангинтар шуд.
Вале қонуни танзимро бо ин ҳама баҳсбарангез унвон мекунанд, чунки дар баробари танзими харҷу хароҷоти маъракаҳо ва шумори меҳмонон, назорат аз иҷрои он ҳам барои бисёриҳо дардисар овард. Комиссиюни махсуси назорати иҷрои қонун ба ҳар маърака расида, иҷрои меъёрҳои онро назорат мекунад ва дар сурати нақзи он, маъракадор муҷозот мешавад. Муҷозоти ин қонун маъмурӣ, вале аз назари мизони ҷаримааш хеле сангин шудааст.