Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармутахассиси комиссияи танзим барои порагирӣ муҷозот шуд


Як масъули Комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ноҳияи Шаҳринав барои гирифтани пора барои судури иҷозатномаи баргузории тӯи арӯсии як шаҳрванд муҷозот шуд. Додситонии кулли Тоҷикистон бо пахши хабаре рӯзи 29 ноябр гуфт, ки дар Шаҳринав Фарҳод Саидов, шахсе, ки дар мақоми сармутахассиси Комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав кор мекард, рӯзи 2 октябр ба ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 180 сомонӣ барои баргузории тӯйи арӯсию домодӣ аз сокини ҷамоати деҳоти ба номи А. Ҳасанов - Алишер Қурбонов дастгир шуд.

Дар шарҳи хабар гуфта мешавад, ки Алишер Қурбонов бе падар бузург шуда модараш ҳам гирифтори бемории вазнин аст ва дар шароити сангин ба сар мебарад. “Ба ин нигоҳ накарда, Фарҳод Саидов Қурбоновро сарсону саргардон карда, барои додани иҷозат оиди баргузор намудани тӯйи домодиаш маблағи пулӣ талаб намудааст”, менависад вебсайти додситонии кулл. Дар ҳолати дигар ин масъули комиссияи танзим аз шаҳрванд Ш. Эшмуродов низ барои иҷозатномаи тӯйи арӯсӣ 150 сомонӣ гирифта ин пулро азхуд кардааст.

Додгоҳ, ки ин ду ҳолатро бар асоси санҷиши додситонии ноҳияи Шаҳринав баррасӣ намуд, ки Саидовро дар нақзи моддаи “қаллобӣ бо истифода аз мақоми хиизматӣ” муттаҳам набуд. Фарҳод Саидов бо ҳукми додгоҳ ба андозаи 365 нишондиҳанда ҷарима маҳкум шуд, ки баробар бо 18 ҳазору 250 сомонӣ ё наздики 2 ҳазор доллар мебошад.

XS
SM
MD
LG