Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

С.Абдулқодирзода: "Агар манзур манам, омодаам истеъфо диҳам"


Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон.
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Сайидмукаррам Абдулқодирзода мегӯяд, ба хотири оромии сокинони кишвар омода аст, аз симмати худ барканор шавад. Чунин вокуниши раҳбари идораи мусалмонони Тоҷикистон дар пайи пешниҳоди Кумитаи оид ба корҳоди дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон дар бораи барканории имомхатибони дар хориҷи кишвар таҳсилкарда ироа шуд.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, рӯзи 2-юми ноябр дар шарҳи пешниҳоди Кумитаи корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон барои барканории ходимони диние, ки дар хориҷи кишвар таҳсил кардаанд, гуфт, агар мақсади ин пешниҳод шахсан худаш бошад, вай омода аст, аз симматаш канор биравад.

Додгоҳҳои Тоҷикистон тайи ду соли ахир чандин имомхатибро, ки дар хориҷ таҳсил карданд, ба иттиҳоми узвият дар созмонҳои мамнӯъ, ба зиндон маҳкум намуданд.

Ҷаноби Абдулқодирзода чунин пешниҳоди Кумитаи динро саривақтӣ медонад. Раҳбари Идораи мусалмонони Тоҷикистон дар сӯҳбати телефоние, ки рӯзи 2-юми ноябр бо Радиои Озодӣ дошт, ба суоли ин, ки дар сурати аз мақом рафтани таҳсилкардаҳои мактабҳои хориҷии динӣ, бо худи ӯ, ки дар Покистон хондааст, чӣ мешавад, гуфт:

"Таъмини субот дар кишвар зарур аст. Чанд тан аз имомхатибоне, ки дунболи равияҳои мазҳабии дар Тоҷикистон мамнӯъ рафтаанд, боздошт ва муҷозот шудаанд. Аммо агар манзури ин пешниҳод шахсияти худи ман бошад, ба хотири оромии кишвар ва мусалмонони Тоҷикистон ман омодаам худам аз ин вазифа истеъфо диҳам. Зеро ман намехоҳам, ки таҷрибаи талхи солҳои 1990-ум дар кишвари мо такрор шавад. Ба ин далел мегӯям, ки агар оромии Тоҷикистон аз чанд ходими диние, ки дар хориҷи Тоҷикистон таҳсил кардаанд, вобаста бошад, ман омодаам истеъфо диҳам."

Дастури барканории имомхатибоне, ки дар хориҷ таҳсил кардаанд

Ин сӯҳбатҳо дар ҳолест, ки рӯзи 2 ноябр Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 28-уми октябр қарори нави ин ниҳод бо имзои муовини аввали раис - Амирбек Бекназаров содир шудааст. Ба гуфтаи вай, дар ин қарор бо дарназардошти чанд ҳолати ошкоршудаи узвияти имомхатибон дар равияҳои мамнӯи мазҳабӣ, пешниҳод шудааст, ки ин нафарон аз симматҳои худ барканор ва ба “ҷойи онҳо шахсони сазовор интихоб шаванд”.

Дар нусхаи барқияи телефонии Кумитаи дин ба раёсатҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки дастраси сомонаҳои интернетӣ шуд, Кумита ба ниҳодҳои зертобеи худ ду ҳафта мӯҳлат додааст, ки он ходимони дин, ки дар берун аз Тоҷикистон таҳсил кардаанд, аз мақомҳояшон дар масоҷид озод карда шаванд.

Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин.
Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин.

Афшин Муқим дар идомаи сӯҳбат дар посух ба ин савол, ки оё чунин қарор ба муфтии Тоҷикистон ва раиси Кумитаи корҳои дин, ки низ таҳсилкардаи донишгоҳҳои исломии Покистон ва Арабистони Саудӣ мебошанд, дахл дорад, гуфт: "Ин қарор танҳо нисбати он ходимони диние равона шудааст, ки ғайриқонунӣ дар кишварҳои исломӣ таълимот гирифтаанд. Ҳам муфтии мӯҳтарам ва ҳам раиси Кумитаи корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ба таври қонунӣ таҳсил кардаанд.

Қарори ахири мақомоти дин як қадами дигар дар амри таҳти назорат даровардани фаъолиятҳои динӣ дар Тоҷикистон аст. Мақомоти кишвар соли 2010 бо тасмими бозгардони донишҷӯёни тоҷик аз мактабҳои динии кишварҳои хориҷӣ вуҷуди шубҳа ва хатар аз таҳсилкардаҳои мактабҳои мазҳабии берунаро ба намоиш гузоштанд. Дар давоми чанд соли баъдӣ беш аз се ҳазор ҷавони тоҷик аз Покистону Эрону Мисру Ироқ Саъудияву дигар кишварҳо баргардонида шуданд.

Ҳоло, ба эътиқоди мақомоти тоҷик, ҳудуди 500 нафар ҳамчунон таҳсили худро дар мадрасаҳои кишварҳои исломӣ идома медиҳанд. Дар пай мақомот имомхатибони масҷидҳоро аз имтиҳон гузаронида донишу ҷаҳонбинии онҳоро аз назари мувофиқат ба талаботи барномаи таълимии расмии ҳукумати Тоҷикистон баҳогузорӣ карданд.

Раванди бозгардонидани донишҷӯёни тоҷик аз таълимгоҳҳои мазҳабии кишварҳои исломӣ соли 2010 оғоз шуд.
Раванди бозгардонидани донишҷӯёни тоҷик аз таълимгоҳҳои мазҳабии кишварҳои исломӣ соли 2010 оғоз шуд.

Садҳо нафари ба қавли мақомот ношоиста аз вазифаи хатибиву имоматӣ барканор шуданд. Мақомот дар Тоҷикистон ошкоро аз таъсири ақидаҳои ба гуфтаи онҳо бегонаи мазҳабӣ ҳушдор медиҳанд ва мегӯянд, гароиши ҷомеа ба ин ақидаҳо метавонад дар ҷомеа ихтилофу бесуботӣ эҷод кунад.

Вале аксар тадбирҳои мақомот дар амри танзими фаъолиятҳои мазҳабиву санҷиши савияи дониши рӯҳониён мавриди интиқоди гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ва ҳам бархе рӯҳониёни бонуфуз дар дохили кишвар шудааст.

Мулло Зоҳир Азимов, ки тӯли 9 сол имомхатиби яке аз масҷидҳои ноҳияи Рӯдакӣ буд, мегӯяд, дар миёни хатмкардаҳои мактабҳои динии хориҷӣ афроди зиёди соҳибмаълумотро дидааст. Азимов дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 2-юми ноябр гуфт, ҳарчанд тасмими Кумитаи корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистонро қабул дорад, аммо медонад, ки дар миёни хатмкардаҳои мадрасаҳои хориҷӣ афроди босаводи зиёд ҳастанд.

Мулло Зоҳир Азимов афзуд, "шояд чунин тасмим дар пайи ошкор шудани чанд имомхатибоне гирифта шудааст, ки ба равияи “Салафия” ё “Ваҳҳобия” пайвастаанд. Аммо тӯли солҳои имомхатибиам дар миёни хатмкардаҳои донишкадаҳои кишварҳои хориҷӣ танҳо афроди босаводеро вохӯрдаам, ки дар илми ислом донишҳои қавӣ доранд. Хуб, ин тасмими ниҳоди давлатӣ аст ва мо наметавонем онро радд кунем."

Ин дар ҳолест, ки додгоҳҳои Тоҷикистон дар ду соли ахир чандин имомхатибро, ки дар хориҷ таҳсил карданд, ба иттиҳоми узвият дар созмонҳои мамнӯъ, ба зиндон маҳкум карданд. Дар тобистони соли ҷорӣ Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 7 имом-хатиб ва ходимони масҷидҳои Суғдро бо ҷурми узвият дар созмони мамнӯи “Ихвон- ул-муслимин" ба зиндон маҳкум кард.

Сулаймон Болтуев, як имоми масҷид дар Суғд ба иттиҳоми узвият дар созмони "Ихвонулмуслимин" ба ҳабс маҳкум шуд.
Сулаймон Болтуев, як имоми масҷид дар Суғд ба иттиҳоми узвият дар созмони "Ихвонулмуслимин" ба ҳабс маҳкум шуд.

Аз ҷумла, бо ҳукми додгоҳ Мақсуд Урунов – имом-хатиби масҷиди марказии шаҳри Конибодом, муовини вай - Аббос Абдураҳмонов ва хатиби ин масҷид - Ҳусейн Тӯхтаев, Абдуҷамил Юсуфӣ – имом-хатиби масҷиди марказии ноҳияи Ғафуров, Сулаймон Болтуев – имом-хатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Гулистон (Қайроққум), Ҳамзаалӣ Султонов– имом-хатиби собиқи масҷиди “Тақво”–и шаҳри Хуҷанд ва Маҳдӣ Болтаев – имом-хатиби масҷиди ҷамоти Навгилеми ноҳияи Исфара ба мӯҳлатҳои аз 3 то 3 солу 4 моҳи зиндони низомаш сахт маҳкум шуданд.

Мақомот гуфтанд, ки ин рӯҳониён дар хориҷа таҳсили динӣ гирифта ба Тоҷикистон баргаштаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, додгоҳ ҳукм кард, ки шаш нафари онҳо хатмкардаи Донишгоҳи исломии шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ буда, дар охирҳои солҳои 1990 вориди ҳаракати динии “Ихвон ул-муслимин” шудаанд.

Боздоштҳои имом-хатибони масоҷиди Суғд аз ҷониби мақомот баҳори соли равон шурӯъ шуда, дар ҳоли ҳозир алайҳи беш аз 15 нафари онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Аммо бархе манобеъ шумораи ходимони динро, ки барои бозпурсиҳо ва ё сӯҳбатҳо бо ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ даъват мешаванд, ба маротиб зиёд мегӯянд. Дар аксари ҳолатҳо маҳкумшудаҳо гуфтаанд, ки худро бегуноҳ меҳисобанд ва ҳеҷ хилофкорие дар ин замина накардаанд.

XS
SM
MD
LG