Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷирон: “Манъи забҳи чорво дар баъзе маъракаҳо нархро 30% поин бурд”


Бархе аз тоҷирон мегӯянд, ки бо сахттар шудани талаботи танзими анъанаҳо ва манъи забҳи гову гӯсфанд дар бисёре аз ҷашну маросим дар Тоҷикистон талаботи сокинон ба харидани чорво кам шуда, қиммати он то 30 дарсад дар бозорҳо поин рафтааст. Тағйироти охири воридшуда дар қонуни танзими расму оинҳо забҳи чорворо дар тамоми маъракаҳои азодорӣ ва зиёрати ҳоҷиён манъ мекунад.

  • Аммо талаботи ками сокинон ба харидории чорво ва то ҳадде поин шудани нархи гову гӯсфанд дар баъзе бозорҳои кишвар зоҳиран ба нархи гӯшт таъсире нагузоштааст. Ҳанӯз як кило гӯшт дар бозорҳои Тоҷикистон то 38 сомонӣ (гоҳе аз он баландтару гоҳе пасттар) боқӣ мемонад.
Танзими расму ойинҳо сарчашмаҳои асосии даромади давлатро, ки маблағи интиқолии муҳоҷирон ва гардиши он дар бозорҳои молиявӣ ва колоии кишвар мебошанд, низ қатъ мекунад.

Абдуҳомид Ҳасанов, тоҷири чорво дар бозори Дуғоба, як маҳаллаи канори Душанбе, ки ба идораи “Тоҷикматлубот” тааллуқ дорад, рӯзи 24-уми сентбяр гуфт, як замон бозори гарму серхаридори чорво то андозае сард шудааст.

Ӯ гуфт, ҳар сол чорводорон моли худро асосан дар фасли тирамоҳ ба бозор мебароранд, чун дар ин айём мавсими тӯй ва пазироии ҳоҷиён ҳаст. “Аммо чун аксари ин маросим танзим шуд, имсол харидорони чорво хеле кам аст. Дар гузашта як буққаи дусола то 3 ҳазор сомонӣ ба фурӯш мерафт, ҳоло аз 2200 то 2500 сомонӣ боло касе намехарад”, - афзуд ӯ.

Аҳлиддин, як сокини вилояти Суғд мегӯяд, дар маҳалли зисти онҳо расм буд, ки ба пешвози ҳоҷиён як говро қурбон карда ва бо гӯшти он меҳмонҳоро зиёфат бидиҳанд. Аммо, ба гуфтаи ӯ, имсол касе аз ҳоҷиён ҷуръат накардааст, ки дар маъракаи истиқбол чорвои калон забҳ кунад. “Аз қабл раисони маҳалла огоҳ карда буданд, ки дар ин масъала ҳушёр бошанд. Гуфтанд, ҷарима мебандем. Рости гап, одам намедонад, чӣ кор кунад. Аз як тараф мехоҳӣ, хайр кунӣ, хурсандӣ кунӣ, аз тарафи баробари нархи як гов ҷаримаат мебанданд, то чанд вақт ба худ намеоӣ”, - гуфт ин ҳамсӯҳбати мо.

Тағйиру иловаҳо ба қонуни танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон, ки даҳ соли пеш қабул шуда буд, охири моҳи август аз тарафи аъзои ду палатаи порлумон тасвиб ва ба ҳукми иҷро даромад. Мақомот мегӯянд, ки ҳадаф на дахолат ба зиндагиву маъракаи хусусӣ, балки ҷилавгирӣ аз исрофкорӣ ва кумак ба ҷайб ё иқтисоди хонаводаҳост.

Қаблан дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ, донишманди тоҷик Ҳафиз Бобоёров гуфта буд, ҳамагуна маҳдудият дар маъракаҳои мардум мушкилоти зиёдеро ба бор хоҳад овард, ки нахустинаш зарба ба ҷайби тоҷирони бозору моликони чорвост. Ӯ гуфт, “коҳиши талабот ба соҳибкорӣ, хидматрасонӣ ва тиҷорат дар бахшҳои истеъмолӣ ва аз ин ҳисоб кам шудани даромади буҷети давлатӣ метавонад аз аввалин натиҷаҳои танзим бошад.”

Ҳафиз Бобоёров
Ҳафиз Бобоёров

Бобоёров, ки дар ин сӯҳбаташ ҷомеаи Тоҷикистонро на истеҳсолӣ, балки истеъмолӣ тавсиф карда буд, гуфт, “танзими расму ойинҳо сарчашмаҳои асосии даромади давлатро, ки маблағи интиқолии муҳоҷирон ва гардиши он дар бозорҳои молиявӣ ва колоии кишвар мебошанд, низ қатъ мекунад. Ин боис ба мушкилоти бештари молиявӣ ва иқтисодӣ мегардад, ки бояд мавзӯи баҳси мутахассисон бошад.”

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки қонуни танзими маросими миллӣ дар тӯли даҳ соли гузашта 18 миллиард сомонии мардумро сарфа карда ва якуним миллион чорворо аз забҳ шудан раҳондааст. Маҳкам Маҳмудзода, раиси Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон моҳи июни имсол дар як ҳамоиши бахшида ба 10-умин солгарди қабули Қонуни танзим гуфт, ки даҳ сол пеш сатҳи камбизоатӣ дар кишвар 70 дарсад буд ва ҳоло ин рақам то 30 дарсад коҳиш ёфтааст. Ӯ бовар дорад, ки яке аз сабабҳои пойинравии сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон, иҷрои муқаррароти қонуни танзим будааст.

XS
SM
MD
LG