Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсиҳои Тоҷикистон (КМИР) мегӯяд, тартиби ҷамъоварии имзоҳо барои пешбарии номзад дар интихоботи президентӣ пас аз эълони рӯзи интихобот муайян хоҳад шуд.
Ин изҳороти КМИР дар посух ба номаи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломӣ ва узви Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон садо дод, ки рӯзи чаҳоршанбеи 31-уми июл хостори мушаххас шудани тартиби ҷамъоварии имзоҳо дар хориҷ аз кишвар шуд.
Бино бар Қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон барои пешбарии номзад ҷамъоварии имзои панҷ дарсади интихобкунандагон зарур аст ва дар номаи Кабирӣ омадааст: “Таври маълум, имрӯзҳо беш аз ду миллион интихобкунандаи тоҷик дар қаламрави Русия ва дигар кишварҳои ИДМ кору фаъолият дошта, онҳо ҳам ҳаққи ҷонибдорӣ аз номзадеро доранд.”
Абдуманнон Додоев, раиси дастгоҳи КМИР рӯзи 1-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки комиссия номаи ҲНИТ-ро дар бораи ҷамъоварӣ имзоҳо дастрас карда ва бо супориши раиси КМИР Шермуҳаммади Шоҳиён онро баррасӣ хоҳад кард. Вале ӯ таъкид кард, ки ҷузъиёти марбут ба тартиби ҷамъоварии имзоҳо танҳо пас аз таъин шудани рӯзи интихобот мушаххас хоҳад шуд: «Яъне КМИР дар ҷаласаи худ пас аз таъин шудани рӯзи интихобот муқаррар хоҳад кард, ки шумораи имзо, тариби ҷамъоварии имзоҳо чӣ гуна сурат хоҳад гирифт.»
Ҷаноби Додоев ҳамзамон афзуд, комиссия наметавонад бо ин нукта ризо бошад, ки Русия 2 миллион нафар муҳоҷирони тоҷик ба сар мебаранд. Вай афзуд: «Шумораи онҳо камтар аз шумораест, ки ин ҷо гуфта мешавад. Мо низ дар ҷараён ҳастем ва медонем,ки дар Русия чи қадар муҳоҷири тоҷик ба сар мебарад."
Бино бар қисми 5-уми банди 24-и Қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон, баъд аз таъин шудани рӯзи интихобот КМИР муҳлат ва тартиби ҷамъоварии имзои шаҳрвандонро ба тарафдории номзад муқаррар хоҳад кард. Дар интихоботҳои гузашта ҳеҷ номзаде аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия имзо ҷамъ накардааст ва ин масъала бори аввал матраҳ мешавад. Дар муроҷиатномаи худ раиси ҲНИТ ҳамчунин пурсидааст, чӣ мақоме салоҳияти тасдиқи феҳристи имзои муҳоҷиронро дар дӯш хоҳад дошт.
Дар дохили кишвар ҳокимиятҳои маҳаллӣ масъули тасдиқи ин феҳристҳоянд ва КМИР қонунмандии имзоҳро санҷида, метавонад онҳоро ба эътибор гирад ё рад кунад. Дар интихоботҳои гузашта ба иллати ёфт нашудани соҳибони имзо ҳангоми санҷиш ё раддияи онҳо сабаби аз эътибор соқит шудани имзои интихобкунандагон гаштааст. Дар баъзе аз ҳолатҳо мақомоти маҳаллӣ ба соҳибони имзо фишор оварда буданд, то аз ҳақиқати имзои худ даст кашанд.
Пурсиши ҷанобии Кабирӣ аз он лиҳоз аҳамият дорад, ки масъулияти тасдиқи феҳристи имзои интихобкунандагон дар Русияро бояд намояндагиҳои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар ин кишвар ё сафорат ва консулгариҳо бар дӯш гиранд, аммо чунин муассисаҳо дар ҳамаи манотиқи Русия вуҷуд надоранд ва биноан санҷиши имзоҳоро дар манотиқи дурафтода анҷом дода наметавонанд.
Дар номаи ҷаноби Кабирӣ ҳамчунин пешниҳод шудааст, «роҳбарияти КМИР то эълони интихобот мулоқотеро бо намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар доир намоянд ва дар он масоили вобаста ба мушкилоту монеагузориҳо дар раванди ҷамъоварии имзоҳо, таблиғот, ворид намудани аъзои аҳзоб ба комиссияҳои ҳавзавӣ ва комиссияҳои участкавии интихобот, ки қонуни мазкур манъ накардааст ва соир масоил, мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирад.”