Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Телевизиони "Сафо" моли кист?


Хабарҳои аввалин дар бораи роҳандозӣ шудани як телевизиони тоҷикӣ дар Русия миёни дастандаркорони ин тарҳ мухолифатҳоро ба миён овардааст.

Изҳорот дар бораи таъсиси ТВ-и «Сафо», ки аз сӯи Иззат Амон, сарвари Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон пахш шуд, ба қавли Темур Варқӣ, ки низ худро яке аз масъулони ин тарҳ меномад, воқеиятро ифода намекунад. Вай афзуд, ҳанӯз тарҳи телевизион такмил нашуда, ҳанӯз иҷозаи фаъолияти он ба даст наомада ва ҳама кор ҳоло дар марҳалаи озмоиш аст: «Дигар ягон коре карда нашудааст, аз ин хотир, дар ин бора чизе гуфта наметавонам ва ҳар чӣ гуфта мешавад, гапи беҳуда аст. Бояд мунтазир шавем, ки тарҳ то куҷо такмил мешавад, сипас суҳбат кардан мумкин аст.»

Рӯзи 23 июл бори нахуст расонаҳо аз қавли Иззат Амон, сарвари Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон дар бораи телевизиони «Сафо» хабар пахш карданд. Вай гуфт, ин шабака ба пахши озмоишии барномаҳо тавассути моҳвораи Hotbird 13D шурӯъ карда, феълан филмҳои ҳунариву мултипликатсионии сохти Русияро пахш мекунад ва дар оянда барномаҳо дар бораи ҳаёти муҳоҷирон, ахбори сиёсиву фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дар бораи Тоҷикистонро пахш хоҳад кард.

Иззат Амон
Иззат Амон
Ҳоло Иззат Амон мегӯяд, расонаҳо гуфтаҳои ӯро таҳриф кардаанд, чун сухан дар бораи телевизиони интернетӣ мерафт, на шабакаи моҳвораӣ: «Дар асл ҳама дурӯғ аст. Он ҷо на телевидение аст, на як студияи комил. Фақат як хонаро гирифта, як парда кашидем ва ину он тарафашро маҳкам кардему камера харидем. Ният доштем суҳбатҳоро сабт карда, дар шабакаи интернет пахш кунем. Тамом!»

Ҷаноби Амон мегӯяд, ин студия се моҳ пеш ба вуҷуд омад ва то ба ҳол суҳбатҳои Бахтиёр Сатторӣ, як фаъоли сиёсӣ дар Маскав ва Раҳматулло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро сабт кардааст. Дар ҳоле, ки ду ҳамсуҳбати мо аз тафсилоти бештар худдорӣ ва ҳатто мавҷудияти як телевизионро рад мекунанд, бино ба маълумоти як манбаи огоҳ, телевизиони «Сафо» нахуст дар Қирғизистон сабти ном шуда, сипас ба Маскав «кӯч бастааст» ва то ҳол дар биное фаъолият мекунад, ки ба номи Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон дар Русия сабти ном шудааст.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:35 0:00
Линки мустақим



Ин манбаъ мегӯяд, Иззат Амон шояд хабар надорад, ки як моҳи охир, бахусус таҳти таъсири барномаҳои ТВ -и К+ дастандаркорони «Сафо» ҳам ба хулосае расидаанд, ки кори телевизионро вусъат диҳанд ва ҳоло барои ин тарҳ нафари зиёд истихдом шудааст. Ин манбаъ мегӯяд, роҳандози асосии ин тарҳ Маркази фарҳангии «Нур» дар Маскав аст, ки аз сӯи тоҷикони муқими Русия созмон ёфтааст.

Фарҳод Одинаев, сарвари ин Марказ ба Радиои «Озодӣ» инро, ки дар тарҳи телевизиони «Сафо» саҳм дорад, инкор намекунад. Вай мегӯяд, ҳайати муассисон аз 10 нафар иборат аст, ки ҳамагӣ муқими Маскав ҳастанд: «Инҳо ҳамон бачаҳое ҳастанд, ки ҳанӯз аз даврони ҷанг дар Русия фаъолият мекунанд. Тавре мегӯянд, онҳое ҳастанд, ки дар ин мулкҳо чизе ба даст овардаанд. Ҳадафашон ҳам ободии Тоҷикистон аст»

Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, ин шабакаи телевизионӣ ба ҲНИТ рабте надорад.
Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, ин шабакаи телевизионӣ ба ҲНИТ рабте надорад.
Дар ҳамин ҳол, бо назардошти муносибатҳои хуби Маркази фарҳангии «Нур» бо раҳбарияти ҲНИТ иддае бар инанд, ки муассиси ТВ-и «Сафо» Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст. Муҳиддин Кабирӣ, сарвари ин ҳизб ҳам изҳори назарашро аз ташкили созмону аҳзобе шурӯъ мекунад, ки ба ҲНИТ рабт дода мешуданд, аз ҷумла Ҷунбиши миллӣ, Ҳизби ваҳдат, Ҳизби ҷавонони Тоҷикистони Иззат Амон ва ҳизби «Тоҷикистони нав» - и Зайд Саидов.

Вай мегӯяд, азбаски ҲНИТ як ҳизби ба тамоми қишрҳои мардум наздик аст, рақибонаш дарҳол мехоҳанд, ҳар танзими навро ба он рабт диҳанд, аммо ба зудӣ хоҳанд фаҳмид, ки иштибоҳ мекунанд: «Мо қаблан эълон дошта будем, ки мехоҳем дар дохили кишвар як телевизион дошта бошем. Санадҳоро ниҳоӣ карда, ба Кумитаи радио ва телевизион супурдаем. Ба ҳамин наздикӣ, як ҷаласаи махсус дар ҳизб доир ба ин масъала буд. Васоили техникӣ пурра омода шудаанд. Ҳеҷ зарурат ба телевизион дар хориҷи кишвар надорем, зеро чун имкон дар дохил ҳаст, дар хориҷ зарурат намемонад. Мо барои ҳамин талош мекунем.»

Ҳамчунин бино ба манбаи огоҳи мо, ҳоло биное, ки дар он ҳам Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон ва ҳам студияи «Сафо» ҷойгиранд, баъд аз шикоятҳои сафорати Тоҷикистон дар Русия мавриди таваҷҷӯҳи мақомоти амниятии Русия қарор гирифтааст. Бино ба ин манбаъ, масъулини созмон чанд маротиба аз сӯи ин хадамот дар бораи робитаҳояшон бо созмонҳои исломии хориҷ мавриди бозпурсӣ қарор гирифтаанд.

Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Аммо Муҳаммади Эгамзод, масъули матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, сафорат аз пайдо шудани як расонаи тоҷикӣ дар Русия истиқбол мекунанд: «Кӯшишҳои зиёд шуда буданд, ки як расонаро дар Русия гардон кунанд. Рӯзномаҳо буданд, маҷаллаҳо ва ҳатто радио мехостанд ташкил кунанд, ки муваффақ нашуданд. Мо инро як раванди маъмулӣ медонем ва чизеро мояи нигаронӣ намебинем.»

Аксари коршиносон ҳам бар ҷанбаи молиявии ТВ-и «Сафо» таъкид мекунанд. Бино ба иттилои мо, барои телевизион 18 прожектор ба маблағи ҳар яке 18 ҳазор рубли русӣ ва танҳо як пардаи телевизионии дасти дуюмро ба 90 ҳазор рубли русӣ харидорӣ кардаанд. Коршиносон бар ин ҳам ишорат мекунанд, ки афроди шинохта ва сарватманде, назири Бӯрӣ Каримов ё Каромат Шарипов дар чопи муназзами нашрияҳои худ ба мушкил дучор меоянд.

Бино ба иттилои манобеи мо, аз қабл ба ин сӯ ду медиа-ҳолдинги «TajInfo» ва «Озодагон» ҳам кӯшиши роҳандозӣ кардани телевизион дар Русияро доранд, аммо муваффақ нашудаанд. Ба ҷуз пайдо кардани маблағ, мушкили пайдо кардани мутахассисон низ вуҷуд дорад ва коршиносон мегӯянд, агар кор ба худи муассисони «Сафо» бастагӣ дошта бошад, чунин мушкилот пеш хоҳанд омад.
XS
SM
MD
LG