Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намози иди Қурбон дар Прага


Рӯзи 24 сентябр дар ду маркази исломии Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех садҳо тан аз мусулмонон намози иди Қурбонро баргузор карданд.

Намози иди Қурбон имсол дар шаҳри Прага рӯзи 24 сентябр дар ду маркази исломии фаъол дар пойтахти Ҷумҳурии Чех, ки яке ҳамчун “масҷиди туркӣ” ва дувумӣ бештар бо номи “масҷиди арабҳо” маъруфанд, доир шуд.

Намози ид дар Маркази фарҳанги исломии Прага, маъруф ба “масҷиди туркӣ” соати ҳафтуними субҳ баргузор шуд. Дар ин намоз, бино ба мушоҳидаҳо, тақрибан 500 нафар, аксар муҳоҷирони зодаи Туркия ва Узбакистон, ширкат карданд.

Имоми масҷид Садриддин-Ҳоҷӣ, ки зодаи Туркия аст, дар маъвизааш аз мусалмонон даъват кард, то дар иди Қурбон дасти саховати худро барои афроди ниёзманд, бахусус ҳазорон муҳоҷире, ки худро аз кишварҳои ҷангзадаи Ховари Миёна ба сӯи Аврупо мезананд, бикушоянд. Ӯ гуфт, хайри дар рӯзҳои иди Қурбон кардаи мусалмонон беаҷр нест ва дари файзу баракатро ба рӯи онҳову наздиконашон боз мекунад.

Масъулони “масҷиди арабҳо” ҳар дафъа барои намозҳои ид ягон толори варзиширо барои як рӯз иҷора мегирифтанд. Намозҳои иди гузаштаи “масҷиди арабҳо” бо ширкати то 1500 нафар дар толорҳои бошгоҳҳои варзишии “Спарта”, “Славия”, “Ҳарм Спорт” ва “Сокол” доир шуда буд.

Вале пайравони "масҷиди арабҳо" мегӯянд, ин дафъа дар пасманзари афзоиши рӯҳияи зидди муҳоҷирон, ки дар кишварҳои Аврупои шарқӣ, аз ҷумла дар Чехия, бештар мушоҳида мешавад, ягон толор баргузории намози иди Қурбонро ба онҳо иҷозат надодааст. Ба ин далел, намози иди Қурбони пайравони “масҷиди арабҳо” соати ҳашти субҳ дар толори танги ин масҷид дар канораҳои шарқии Прага дар минтақаи “Черний мост” доир шуд ва натавонист ҳамаи хоҳишмандони ширкат дар намози идро бигунҷонад.

Дар Ҷумҳурии Чех таъсиси масоҷиди мусалмониро иҷозат намедиҳанд ва ҷамъиятҳои мусалмонӣ маъмулан масҷидҳои худро таҳти номи “марказҳои фарҳанги исломӣ” сабти ном мекунанд. Нахустин чунин маркази фарҳанги исломӣ соли 1998 дар шаҳри Брно боз шуда буд ва ҳоло дар Прага ду чунин маркази исломӣ фаъолият дорад.

Аксари аҳолии Ҷумҳурии Чех пайрави дини масеҳиянд, вале бино ба як нуфусшумории соли 2011, дар ин кишвар 3348 мусалмон низ зиндагӣ мекунанд. Ин ба истиснои ҳазорон муҳоҷири корӣ аз Туркияву кишварҳои арабӣ ва ҳам аз Узбакистон аст, ки ҳамасола ба ҷустуҷӯи кори муносиб ба ин кишвари Аврупо меоянд.

Бино ба оморҳо, дар Чехия то 2000 муҳоҷир аз Узбакистон кору зиндагӣ мекунанд ва бахши аъзами намозгузорони “масҷиди туркӣ”-ро низ онҳо ташкил медиҳанд. Ба ин далел, имсол имоматии намози идро дар “масҷиди туркӣ” як рӯҳонии узбак анҷом дод.

Намози иди Қурбон дар Прага
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:07 0:00

XS
SM
MD
LG