Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси шаҳри Душанбе ба Дилшод Назаров хонаи дуҳуҷрагӣ дод. ВИДЕО


Дилшод Назаров, қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Бразилия, соҳиби манзили нави зист гардид. Калиду ҳуҷҷатҳои манзили дуҳуҷрагиро ба ӯ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар маҷлиси Шӯрои ҷавонони пойтахти кишвар, ки имрӯз, 16-уми декабр дар "Душанбеплаза", баргузор шуд, супурд. Инчунин бо тасмими шаҳрдорӣ Дилшод Назаров дар ин маросим "Шаҳрванди ифтихории Душанбе" эълон шуд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ худи Дилшод Назаров рӯзи 16-уми декабр хабар дод. Вай афзуд, “манзили наве, ки ба ман раиси шаҳр муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев тӯҳфа кард, дар қабати 4-уми бинои нави бисёрошёна, дар кӯчаи Деҳлавии маркази пойтахти кишвар, ҷойгир шудааст.”

Зимнан, аз ин пеш Дилшод Назаров барои саҳми намоён дар рушди варзиш ва дастоварди бузурги варзишӣ дар Бозиҳои ХХХI тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро бо мукофоти давлатӣ - Ордени Шараф дараҷаи I - сарфароз гардонида шуда буд. Ин мукофотро 26 август раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Дилшод Назаров супурд. Ҳамчунин раисиҷумҳур ба ӯ 300 000 сомонӣ тақдим кард.

Инчунин, ширкати "Газпромнефт-Тоҷикистон" яке аз нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвориро дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ифтихори Дилшод Назаров номгузорӣ кардааст. Дилшод Назаров метавонад аз ин нуқта ба таври ройгон ва доимӣ барои мошини шахсиаш сӯзишворӣ истифода кунад.

Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 68 сантиметр ҳаво дода, бо медали тилло сарфароз гаштааст. Зимнан, ин аввалин медали тиллои мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ ба шумор меравад.

Дилшод Назаров аввалин қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон мебошад."

Бояд гуфт, ки дар ҳаёти Дилшод Назаров имсол боз як рӯйдоди фараҳбахш рух дод. Вай 4-уми декабр соҳиби фарзанди севум шуд. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ба писари дувумаш Искандар ном гузоштааст.

“Писари калониам Далер 14-сола ва духтарам Амина 13-сола мебошанд. Ҳамсарам Нигина дар мактаби миёнаи рақами 9-и шаҳри Душанбе ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ дарс мегӯяд. Модарам Зайтуна Назарова дар мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук кор мекунад. Падарам Ҷамолиддин Назаров соли 1996 дар ҷангҳои дохилии Тоҷикистон дар Тавилдара ба ҳалокат расидааст”, - иброз дошт Дилшод Назаров.

Ба гуфтаи Дилшод Назаров, феълан ӯ дар Душанбе ба мусобиқоти бузурги соли оянда, ки минҷумла қаҳрамонии ҷаҳон ва Осиё мебошанд, омодагӣ мегирад.

НАВОР АЗ БОЙГОНӢ

Дилшод: Дар пушти ман 8 миллион нафар буд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:49 0:00

Шарҳи ҳол

Дилшод Назаров 6-уми майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Рекорди инфиродиаш дар гурзандозӣ 80,71 метр аст. Ӯ хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (2001) ва Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон (2006) мебошад. Устоди шоистаи варзиш аст. Мураббиёнаш модараш Зайтуна Назарова, баъдан Юрий Пискунов (Украина) ва феълан Владимир Машко (Ҷумҳурии Чех) мебошанд.

Солҳои 2015 ва 2016 бо Ордени Шараф дараҷаҳои II ва I сарфароз гаштааст. Вай борҳо беҳтарин варзишгари сол дар Тоҷикистон эълон шудааст. Ӯ барандаи медали нуқраи мусобиқоти қарамонии ҷаҳон дар соли 2015 (Пекин, Чин), ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006 (Доҳа, Қатар), 2010 (Гуанҷоу, Чин) ва 2014 (Инчон, Кореяи Ҷанубӣ), қаҳрамони секаратаи Осиё дар солҳои 2009 (Гуанҷоу, Чин), 2013 (Пуна, Ҳиндустон), 2015 (Ухан, Чин) мебошад. Дар чор Олимпиада (Афина-2004, Пекин-2008, Лондон-2012 ва Рио-2016) ширкат кардааст. Қаҳрамони Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Бразилия мебошад.

Дилшод Назаров, инчунин ғолиби Бозиҳои V Осиёи Марказӣ (Душанбе, 2003), барандаи медали нуқраи Бозиҳои Африқову Осиё (Ҳиндустон, 2003), ғолиби Бозиҳои I исломӣ (Арабистони Саудӣ, 2005) ва ғолибу ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалист.

Дилшод Назаров муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, президенти Федератсияи варзиши сабуки кишвар аст.

ПАРТОБИ ТАЪРИХСОЗИ ДИЛШОД НАЗАРОВ

Партоби "тиллоӣ" ва таърихии Дилшод Назаров дар Рио
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:16 0:00

XS
SM
MD
LG