Яке аз онҳо Дурдона Орифова, рӯзи 25-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар рӯзҳои барфу яхбандии ахир пайдо кардани таксӣ дар пойтахт душвор шуда буд: “Хеле мушкил буд. Таксӣ ёфта натавонистем. Ҳатто ширкатҳо бахшиш пурсида, мегуфтанд, ки хоҳарҷон, мошини холӣ надорем. Коргоҳи ман дар тарафи Садбарг аст. Вақте мебаромадам, ҳатто 1 соат мунтазир мемондам. Ҳамаи таксиҳо пур мегузаштанд.”
Муродалӣ Маҳмадалиев, ронандаи таксии электромобил ҳангоми сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки дар рӯзҳои яхбандӣ ба кор набаромад. Ӯ мегӯяд, бо электромобили ширкат ба мусофиркашонӣ машғул аст ва ба далели тобистона будани балонҳои мошинаш ба кор набаромад: “Мо аз ҳамин балонҳояш эҳтиёт кардем. Балонҳо зимистона нестанд”.
Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ронандаи дигари таксии электромобил, харҷи мошинҳои барқӣ дар рӯзҳои сарди зимистон тақрибан як баробар бештар мешавад, ки ба даромади онҳо бетаъсир нест.
Фозилҷон Фатҳуллоев, коршиноси иқтисодӣ рӯзи 25-уми декабр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар фасли сармо хароҷоти электромобилҳо ба далели гарм кардани дохили мошин зиёд мешавад.
“Аз тарафи дигар, ҳастанд модификатсияи электромобилҳое, ки барои сардии аз 5 дараҷа поин мутобиқат карда наметавонад. Бинобар ин, агар электромобил бо як пур кардани барқ 400 километр роҳ равад, дар рӯзҳои сардӣ метавонад то 100 километр камтар равад” - афзуд Фатҳуллоев.
Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ҳангоми воридоти электромобилҳо ба кишвар ба сифат ва модели ин навъи мошинҳо бояд ҷиддӣ таваҷҷуҳ карда шавад, зеро ба гуфтаи ӯ, дар оянда мушкил дар ин соҳа печидатар мешавад.
“Аккумлятори ин мошинҳо гуногунанд. Барои намуна, акумляторҳои А11, А02, А2 ва ғайра ҳастанд. Баъзе аз аккумляторҳое ҳастанд, ки дар сардии аз 20 дараҷа поин ҳам тобоваранд ва нерӯи худро гум намекунанд. 400 километр навишта шуда бошад, 400 километр меравад. Агар ин нозукиҳо ба назар гирифта нашаванду нисбат ба соҳа бепарвоӣ ва беназоратиҳо сурат бигиранд, дар натиҷа мо на танҳо зарари иқтисодӣ, балки зарари зистмуҳитӣ низ хоҳем дид” – гуфт Фатҳуллоев.
Бештари таксиҳо дар Душанбе мошинҳои барқӣ ҳастанд. Шаҳрдории Душанбе ҳам дастур додааст, ки то моҳи сентябри соли 2025 ҳама мошинҳои таксӣ дар пойтахт ба электромобилҳо иваз карда шаванд.
Порлумони Тоҷикистон аввали соли 2022 воридоти нақлиёти барқӣ, аз ҷумла электромобил, электробус, троллейбус ва монанди онҳоро ба кишвар ба мӯҳлати 10 сол аз боҷи гумрукӣ озод кард.
Ин кор ба талаби Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои байнулмиллӣ мувофиқ аст, ки Тоҷикистон бештар ба самти “иқтисоди сабз”, яъне безарар барои муҳити зист ҳаракат кунад.
Мошинҳои барқӣ ба Тоҷикистон асосан аз Чин оварда мешаванд ва нархашон ҳам ба гуфтаи соҳибкорон, назар ба як соли гузашта арзонтар шудааст. Дар гузашта шикоятҳое низ садо дода буд, ки соҳибони электромобилҳо ҳангоми барқгирӣ дар ноҳияҳо дар давраи “лимит” бо мушкил рӯбарӯ ҳастанд.
Тибқи омори расмӣ, соли 2023 ба Тоҷикистон 3316 ва дар шаш моҳи аввали имсол бошад 5266 нақлиёти барқӣ ё электромобил ворид шудааст.
Гуфтугӯ