Пайвандҳои дастрасӣ

 
Боздошти Нурализода. Талаби 1 миллион доллар “пора” – дар ивази грант
Хабари нав

Боздошти Нурализода. Талаби 1 миллион доллар “пора” – дар ивази грант


Аскар Нурализода
Аскар Нурализода

Маъмурони Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон як масъули раёсати Вазорати рушди иқтисод ва узви Маҷлиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо бо иттиҳоми гирифтани ним миллион доллар “пора” боздошт кардаанд.

Тоҷикистон дар шохиси ришвахории созмони Шаффофияти Байналмилалӣ ё Транспаренси Интернешнл дар мақоми 152-юм ва дар яке аз зинаҳои поёнӣ қарор дорад.

Мақомоти Оҷонсӣ рӯзи 3-юми октябр гуфтанд, ки Аскар Нурализода барои мусоидат дар гирифтани 10 миллион доллар грант ё кумаки бебозгашти давлатӣ аз як шаҳрванд 1 миллион доллар хоста буд. “Нурализода ин маблағро барои дохил намудани тарҳи ташкил ва рушди соҳаи мурғпарварӣ дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ талаб намудааст”, - гуфтанд дар Оҷонсӣ.

То ҳол вакили дифоъ ё наздикони Аскар Нурализода дар бораи ин қазия ҳарфе нагуфтанд. Аммо мақомоти Оҷонсии зиддифасод рӯзи 3-юми октябр дар як гузориши комил ҷузъиёти иттиҳом алайҳи Аскар Нурализодаро ошкор карданд.

Мақомоти Оҷонсӣ мегӯянд, ин мақоми Вазорати рушди иқтисод ҳангоми гирифтани 490 ҳазор доллар дар назди тарабхонаи “Афсона”-и шаҳри Душанбе дастгир карда шуд. Баъдан ҳангоми тафтиши манзили зисти Нурализода 10 ҳазор доллари дигар, ки қаблан барои ин амал гирифта буд, ёфт шудааст.

Мақомот мегӯянд, Нурализода барои иҷрои ин ваъдааш ба номи ҳамсари худ як хонаи сеҳуҷраӣ талаб намуда, дар чанд ҳолати дигар овардани пули нақдро низ тақозо кардааст.

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нисбат ба ин мақомдори Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо моддаи 319, қисми 4, бандҳои “в” ва “г”-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз кардааст. Мақомоти Оҷонсии зиддифасод ин ҳолатро талоше барои латма задан ба рушди иқтисоди кишвар ва роҳандозии барномаҳои муҳими давлатӣ донистаанд.

Тоҷикистон дар шохиси ришвахории созмони Шаффофияти Байналмилалӣ ё Транспаренси Интернешнл дар мақоми 152-юм ва дар яке аз зинаҳои поёнӣ қарор дорад. Ба гуфтаи масъулони ин созмон, далелҳо нишон медиҳанд, ки “ришвахорӣ дар Тоҷикистон васеъ паҳн шудааст ва дар тамоми сатҳҳои ҷомеа вуҷуд дорад”.

XS
SM
MD
LG