Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cозмонҳои байналмилалӣ таҳрими мақомдорони 15 давлатро дархост карданд


Гурӯҳи созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар аз вазирони умури хориҷа ва молияи ИМА даъват кардаанд, ки исми 15 нафарро ба Феҳрасти "Магнитский” - Иқдоми ҷаҳонии ҳуқуқи башар" ворид кунанд. Дар миёни 15 нафаре, ки воридшавии исмашон ба ин феҳраст тақозо шудааст, Мирғафор Саидов - шаҳрдори Боку, Фу Женгуа - муовини вазири амнияти ҷамъиятии Чин, Саймуъмин Ятимов - раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Рустам Иноятов - раиси Хадамоти амнияти миллии Узбакистон, Артём Чайка - писари додситони кулли Русия Юрий Чайка ва Дмитрий Фирташ – раҳбари шӯрои мудирони ширкати тиҷоратии DF дар Украина зикр шудаанд.

Дар номаи созмонҳои ҳуқуқи башар ин афрод барои қонуншиканӣ, истифодаи шиканҷа ҳангоми бозпурсии маҳбусон, муомилоти ғайриқонунии пуливу фасод ва дигар иттиҳомот гунаҳгор мешаванд.

Дар зери нома 22 созмон, аз ҷумла, Human Rights Watch, Freedom House, PEN, Transparency International ва “Гузоришгарони бидуни марз” имзо гузоштаанд.

Қонун бо исми ҳуқуқшиноси рус Сергей Магнитский номгузорӣ шудааст, ки соли 2009 бар асари шиканҷа дар як зиндони Русия даргузашт. Магнитский дар фошкории фасоди азими молии мақомоти тафтишотӣ даст дошт ва билохира худ ба дасти ҳамин афрод афтод ва баъди 11 моҳи боздошт даргузашт.

Қони Магнитский соли 2012 қабул шуд ва афроди масъул дар нақзи ҳуқуқи инсонро таҳрим мекунад. Ин таҳримҳо мансабдорони алоҳидаро аз дарёфти раводиди ИМА маҳрум мекунад ва масдудсозии ҳисобҳои бонкии онҳо дар ҳудуди Амрикоро дар назар мегирад. Дар паи қабули ин қонун ИМА даҳҳо мақомдори Русияро таҳрим кардааст.

XS
SM
MD
LG