Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввал эълони дороӣ, баъд – мансаб. САДО


Шумо мехоҳед соҳиби ягон мансаби давлатӣ шавед? Пас, нахуст бояд тамоми дороиҳоятонро рӯйхат кунед. Акнун дар Тоҷикистон қабл аз шурӯи кор дар идораҳои давлатӣ аз довталабон дар қатори ҳуҷҷатҳои дигар, декларатсия ва ё эъломияи дороиҳо пурсида мешавад. Дар Оҷонсии давлатии хидмати давлатии Тоҷикистон рӯзи 25-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин талабот дар ҳар эълоне барои ишғоли ин ва ё он мансаби давлатӣ таъкид мешавад.

Чӣ доред? Ҳисоботи пеш аз шурӯи кор дар идораҳои давлатӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00
Линки мустақим

Чаро санҷиш?

Санҷиши сарвати довталабони кор дар идораҳои давлатӣ ба ин хотир дархост мешавад, ки бисёре аз мансабдорон ҳангоми санҷиши сарчашмаи мошин ва ё хонаҳои боҳашаматашон мегуфтанд, ин ҳама дороиҳоро то замони кор дар ҳукумат ба даст овардаанд. Ҳамакнун давлат талош дорад, ки мақомдорон шаффоф бошанд ва баъди гирифтани мақоми расмӣ, сарватҳои ҳангуфт ҷамъ накунанд.

Дороиҳои мансабдорони тоҷик замоне зери заррабини қонун қарор гирифт, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амният дар соли 2015 аз дороиҳои ҳангуфти мақомдорони ҳифзи ҳуқуқ ба тундӣ интиқод кард.

Кам иттифоқ меафтад, ки ниҳодҳои тафтишот тавонанд дороиҳои мақомдорро ба сирқати буҷа рабт диҳанд. Моликон метавонад писару духтар, завҷа ва ё ҳатто хушдоманҳо бошанд. Бо aфзун шудани схемаҳои рӯйпӯш кардани дороиҳое, ки бо мизони маоши мақомдор қобили муқоиса нест, қонунгузории Тоҷикистон низ тағйир кард.

Дороиҳои наздикони мансабдорони низ эълом мешавад

Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, ҳамакнун тибқи қонун натанҳо худи хидматчии давлатӣ, балки наздикони ӯ низ бояд аз даромаду дороиҳои худ ба давлат эъломия супоранд.

Рустамҷон Ҷабборов, муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, рӯзи 25-уми июл гуфт, “аз соли оянда эъломияҳои андоз дар шакли нав талаб карда мешавад. Акнун пешбинӣ шудааст, ки минбаъд хидматчиёни давлатӣ натанҳо дар бораи худ, балки барои зан, писару духтаронашон ва дигар хешовандон низ эъломия пешниҳод кунанд. Ҳоло мо бланки махсуси ин эъломияро таҳия дорем.”

Ҷабборов гуфт, "баъди тасдиқ шудани ин “бланк”-ҳо, мо метавонем мушаххасан бигӯем, ки ба ҷуз аз аъзои оила, хидматчиёни давлатӣ боз дар бараи кадоме аз хешонашон эъломия бояд супоранд."

Вақте президент интиқод кард...

Дороиҳои мансабдорони тоҷик замоне зери заррабини қонун қарор гирифт, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амният дар соли 2015 аз дороиҳои ҳангуфти мақомдорони ҳифзи ҳуқуқ ба тундӣ интиқод кард. Раиси ҷумҳур дар ин ҷаласаи хитоб ба кормандони Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, ки як бор ба гузаштаи худ назар кунанд, ки дар куҷо буданд ва ба куҷо расиданд.

Ӯ аз ҷумла гуфт, “як бор андеша кунед. Суратҳои даҳ соли пешатонро гиреду бо ҳозира муқоиса кунед! Бубинед, ки дар чӣ ҳол будеду ҳоло чӣ? Чӣ хонаву дар доштед, чӣ моликият доштед ва ҳозир чӣ? Чаро шукрона карда, содиқона кор намекунед? Ман медонам Шумо чӣ гуна парвандаҳои одамони мансабдорро мегардонед?”

Пас аз интиқоди раиси ҷумҳур талаботи қонунгузории Тоҷикистон ҳам дар баробари мансабдорон сахттар шуд. Ду моҳ қабл вакилони Маҷлиси намояндагон ба қонун “Дар бораи ҳукумати Тоҷикистон” тағйирот ворид карданд. Ин қонун натанҳо аъзои ҳукумат, балки зану фарзанд ва наздикони онҳоро дар назди давлат гузоришдиҳанда кард.

Дар баробари падари мансабдор фарзандон ҳам акнун дар мавриди дороиҳо ва сарчашмаи онҳо ба давлат гузориш медиҳанд. Сахттар кардани қонунгузорӣ дар баробари мансабдорон дар Тоҷикистон таҳти шиори мубориза бо фасод қабул шуд.

Дороиҳои пинҳон аз чашми сокинон

Аммо ҷомеашиносон мегӯянд, механизми ришваситонӣ дар Тоҷикистон хеле рушд кардааст ва аз байн бурдани он бо ду эъломия имконнопазир аст. Аз сӯи дигар, маошҳои ночиз ва ҳаваси зиндагии беҳтар ангезаи мақомдорро барои дарёфти манбаи иловагии даромад афзоиш медиҳад.

Марат Мамадшоев, рӯзноманигори тоҷик муқими Бишкек.
Марат Мамадшоев, рӯзноманигори тоҷик муқими Бишкек.

Тоҷикистон дороиҳои мақомдоронро аз ҷомеа пинҳон мекунад. Мақомот танҳо ба Кумитаи андоз гузориш медиҳанд. Марат Мамадшоев, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, “то замоне ки эъломияҳоро як гурӯҳи маҳдуди мансабдорон мебинанд, сахтгириҳои қонун дар мубориза бо коррупсия таъсири зиёд нахоҳад дошт."

Ба гуфтаи ин тиҳлилгари тоҷик, "масалан, дар Қирғизистон вақте ин эъломияҳоро нашр мекунанд, хабарнигорон зуд аз мансабдорон мепурсанд, ки манбаи даромади ӯ аз куҷо аст ва бо кадом пул ин ва ё он моликиятро харидааст. Аммо дар ҷомеаи мо ин гуна суолҳо пайдо намешавад, чунки эъломияҳо аз чашми ҷомеаи шаҳрвандӣ пинҳон мемонад”.

Аммо бо он, ки эъломияи дороиҳои мансабдорон аз чашми матбуот ва ҷомеа пинҳон мондааст, дар Тоҷикистон аксарият медонанд, ки кадом қасру кушк ба кадом мансабдор ва кадом ширкат ба одамони кадом вазиру раис, марбут аст. Масалан, барои аксари сокинони Душанбе ба раиси кадом мансабдор тааллуқ доштани ширкати пештоз дар сохтмони манзилҳои пойтахт ва ё дар дасти фарзанди кадом вазир қарор доштани бозори дорувор, маълум аст.

XS
SM
MD
LG