Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарҳод Холмуродов: “Интизор доштем, ки Фирӯз генерал мешавад”


Фирӯз Холмуродзода
Фирӯз Холмуродзода

Фарҳод Холмуродови 35-сола ҳукми понздаҳ сол зиндони бародараш Фирӯз Холмуродзода – муфаттиши пешини Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистонро ноодилона донист. Ӯ рӯзи 20-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Фирӯз Холмуродзода қурбонии "интиқоми як гурӯҳ" шудааст ва афзуд, барои бозбинии ҳукмаш ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.

Фарҳод Холмуродов 35-сола ва ҳуқуқдон аст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 19-уми сентябр ҳукми Холмуродзодаро паси дарҳои баста эълон кард. Ҷузъиёти бештари парванда ва мурофиаи додгоҳии ӯ маълум нест, аммо қаблан мақомоти Додгоҳи олӣ гуфта буданд, ки ӯ ба ришватгирӣ, тақаллуб ва ҷиноятҳои дигар муттаҳам аст.

15 соли ҳабс ва мусодираи амвол – Ҳукми Фирӯз Холмуродзода эълон шуд​

  • Фарҳод Холмуродов
    Фарҳод Холмуродов
    Фарҳод Холмуродов: “Ҳар чизе, ки дар бораи бародарам мегӯям, аз суханҳои модарам ҳаст. Модарам дар ҳамин муддат ду бор бо Фирӯз вохӯрд. Ӯ ба модарам гуфтааст, ки инҳо ягон далел барои гунаҳкор карданаш надоранд. Ҳеҷ исботе надоранд.”

Радиои Озодӣ: Додгоҳ ҳукмашро эълон кард. Аслан ин парванда бо кадом иттиҳом дар додгоҳ баррасӣ шуд?

Фарҳод Холмуродов: “Фақат гап дар сари “пора” меравад. Гӯё як нафар даъво кардааст, ки ба ӯ ришва дода буд. Он одам кист ва чаро “пора” дод, ягон ҷавоб нест. Далели инки касе дида бошад ё дар куҷое сабт шудааст, вуҷуд надорад. Вақте парвандаро махфӣ эълон карданд, фаҳмидам, ки ҳадаф дигар аст. Муҳри махфӣ фақат ба хотири берун набаромадани ҳақиқат буд. Агар далел медоштанд, ҳеҷ гоҳ мурофиаро махфӣ намекарданд, баръакс, нишон медоданд, ки бубинед, инҳо чӣ кор кардаанд. Агар мурофиа боз мешуд, журналистҳоро роҳ медоданд, он гоҳ бисёр саволҳо пайдо мешуд. Дур намеравем, ҳамин боздошти Улукаев, вазири молияи Русияро бубинед. Боздошт шуд, чизеро пинҳон накарданд. Ҳамаро ошкоро гуфтанд. Ҳатто ӯро дар зиндон нигоҳ намедоранд ва аз хонааш ба мурофиаҳо меравад, чӣ тавре қонун мегӯяд. Шояд аз мо бисёр чизҳоро пинҳон мекунанд. Аммо вақту соаташ мерасад, ки ҳама чиз ошкор мешавад. Ҳамин қадар медонам, ки ин кор аз тарафи як ниҳоди қудратӣ шудааст. Бародарам кадом наздикони онҳоро боздошт карда буд ва аз ҳамон вақт аз пасаш буданд. Дар чунин парвандаҳо ҳатман тарафи манфиатдор вуҷуд дорад. Чунин парвандаҳо худ ба худ пайдо намешаванд.”

Раиси Оҷонсӣ: “Дар ин кор хусумат нест. Касе гуноҳ кард, ҷавоб мегӯяд”

Пулу тилло ва хонаву дар ҳам гапи дурӯғ буд. Ҳама медонист, ки ӯ як соли пеш дар биноҳои пушти ҳайкали Синои пойтахт хона харид. Онро ҳам падару модарам кумак карданд.

Радиои Озодӣ: Манзуратон ҳамон ду корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳаст, ки чанд сол пеш Оҷонсии мубориза бо фасод боздошт карда буд, ё чизи дигар?

Фарҳод Холмуродов: “Бале, яке аз онҳо аз наздикони корманди ин ниҳод буд. Онҳо интизори фурсат буданд. Вақте директори Оҷонсии зиддифасод дигар шуд, ин корро карданд. Пеш аз ин Рустами Эмомалӣ буд. Дар замони ӯ накарданд ва интизор буданд, ки ба Оҷонсӣ одами дигар биояд. Барои ин кор имзои раиси Агнетӣ лозим буд, ки дар давраи Рустами Эмомалӣ наметавонистанд. Чунки Рустами Эмомалӣ мутахассисони хубро дастгирӣ мекард. Мо ҳеҷ интизор надоштем, ки ба бародарам чунин ҳодиса мешавад. Мо интизор доштем, ки чанд моҳ пас ӯ рутбаи генералӣ мегирад. Рутбаи полковники адлияро худи Ҷаноби Олӣ ҳатто пеш аз мӯҳлат дода буд. Солҳои 2013-2014 буд.”

Радиои Озодӣ: Замони баррасии парвандааш овозаҳо пайдо шуд, ки гӯё ҷурми Фирӯз танҳо порагирӣ нест ва дар парвандаи ӯ банди таҷовуз ба номус низ вуҷуд дорад?

Фарҳод Холмуродов: “Не, ҳаргиз. Ин гапҳоро мухолифон барои бадном кардани давлат менавиштанд. Худо бадгӯйҳоро худаш саришта кунад. Ӯ соҳиби шаш фарзанд аст, як одами баобрӯ аст, ки ин гапҳо дар ҳаққаш дурӯғу тӯҳмат буданд. Пулу тилло ва хонаву дар ҳам гапи дурӯғ буд. Ҳама медонист, ки ӯ як соли пеш дар биноҳои пушти ҳайкали Синои пойтахт хона харид. Онро ҳам падару модарам кумак карданд. То хона гирифтан иҷоранишин буд. Соҳибхонаро пурсӣ мегӯяд, ки ба кӣ хонаашро иҷора дода буд. Вақте ӯ иҷоранишин буд, баъзе коргарони баробари ӯ коттеҷ доштанд. Доим мегуфт, ки одам бояд имрӯзашро фикр накунад. Ҳар гапу кор саволу ҷавоб дорад. Доим мегуфт, ки ҷои сустам ту ҳастӣ. Аз пушти ту маро ғам медиҳанд. Гап мекунанд.”

Озодӣ: Кӣ ва чӣ хел ғам медод?

Фарҳод Холмуродов: “Чӣ хел ғам медоданд? Мегӯянд, агар гурба набошад, дар хона муш зиёд пайдо мешавад. Тӯҳмат мекарданд. Он вақт ман ба тиҷорати мошин сару кор доштам, дӯкон доштам. Баъдан, ки ҳамин хел гапҳо пайдо шуд, ба муҳоҷират рафтам. Мегуфтанд, ки гӯё ӯ маро дастгирӣ мекунад. Лекин агар бародарам чунин одам мешуд, ман ин хел намегаштам. Одамҳо ҷиянҳои ким-кӣ ҳастанд, як бизнесҳое доранд, ки ногуфтанӣ. Лекин мо дар оила дигар хел тарбия ёфтаем. Ман се соли пеш аз Тоҷикистон баромадам. Мо дар оила ду писар ва як духтар ҳастем. Падару модарам аз замони Шӯравӣ дар сохторҳои қудратӣ кор мекарданд. Падарам дар Вазорати умури дохилӣ ва Вазорати дифоъ ҳудуди сӣ сол кор кардааст ва рутбаи подполковникӣ дорад. Аз Ҷаноби олӣ тӯҳфа ва ифтихорнома гирифтааст. Модарам аввалин зане дар Тоҷикистон ҳаст, ки ба ҳайси сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон кор кардааст. Худам факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардаам.”

15 соли ҳабс ва мусодираи амвол – Ҳукми Фирӯз Холмуродзода эълон шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00

Радиои Озодӣ: Маъмулан, ба чунин ҳарфҳо мақомот вокуниши яксон доранд, ки бародар аз бародараш пуштибонӣ мекунад, вагарна касеро бе гуноҳ пушти панҷара намешинонанд...

Фарҳод Холмуродов: “Албатта, дар ин қазия аз бародарам пуштибонӣ мекунам ва шахси манфиатдор ба ҳисоб меравам. Ҳар чизе ҳам гӯям, мегӯянд, ки бародараш ҳаст, пушти бародарашро мегирад. Барои бародар ҳамеша бародараш одами хуб аст. Ҳар касе бародари маро мешиносад, гапҳо дар ҳаққи ӯро шунавад, хандааш мегирад. Кораш аз рӯйи қонун буд. Ҳатто ҷое шуд, ки парвандаи як дӯстам, ҳамкурсам, ки садамаи нақлиётӣ карда буд, дар дасташ қарор дошт. Хотирбинӣ накард ва онро аз рӯи қонун тафтиш кард. Дар парвандааш гӯё даъвои як зани тиллофурӯш вуҷуд доштааст, вале аз наздикони мо касе он занро надид. Бовари касе намеояд, ки ӯ талаб карда бошад, ба ман шаш кило тилло биёр. Бародарам одами бовиҷдону ватандӯсти ҳақиқӣ аст. Чанд бор барои кор ба Русия даъват карданд, вале ӯ гуфт, ки барои ватан хидмат мекунад.”

Радиои Озодӣ: Ӯро дар Русия аз куҷо мешинохтанд?

Фарҳод Холмуродов
Фарҳод Холмуродов

Фарҳод Холмуродов: “Ӯ Академияи милитсияи шаҳри Санкт-Питербургро бо дипломи сурх хатм карда буд. Пас аз хатм гуфта буданд, ки ҳамин ҷо ба ҳайси омӯзгор кор кун, вале падарам гуфт, ба ватан биё. Ҳамкурсон ва дӯстонаш дар Петербург зиёданд. Ҳатто вақте боздошт шуд ва ҳамкурсонаш хабар ёфтанд, ҳайрон шуданд. Бо ман тамос гирифта гуфтанд, ҳеҷ боварашон намеояд, ки давлат аз баҳри як кадри хуб гузашта бошад.”

Радиои Озодӣ: Дар мурофиаҳои додгоҳии бародаратон кӣ иштирок мекард?

Фарҳод Холмуродов: “Ӯро ҳамагӣ ду бор диданд, тамом. Дар ҳамон вохӯрӣ гуфтааст, ки ин говсуд аст. Панҷ соат дар мурофиаи охир суханронӣ кардааст. Баъдан, шаш каси дигар гап задаанд, аммо аз ҳама бештар, аз субҳ то нисфирӯзӣ танҳо ӯ гап задааст. Дар ҳамон ҷо гуфтааст, ки аз рӯйи қонун, одилона бубинед. Гуфтааст, ки шумо хуб медонед, ин ҷо ҳеҷ далеле нест.”

Радиои Озодӣ: Хабарҳое буд, ки Фирӯз Холмуродзода сактаи қалб шудааст. Вазъи сиҳатиаш чӣ тавр аст?

Фарҳод Холмуродов: “Вақте дар сохтори Вазорати умури дохилӣ кор мекард, гирифтори як бемории нодир шуда буд. Бемории бехобии тӯлонӣ. Ҳангоми корро сар кардани ӯ, ҳоло давлат пурра ором нашуда буд. Ба ҳайси муфаттиш кор мекард ва ба ҳамин хел беморӣ гирфитор шуд. Аз кори зиёд ва бехобии зиёд ба ин беморӣ гирифтор шуда буд. Одамро чанд рӯз хоб намебарад ва ногаҳ дар ягон ҷо якбора хобаш мебарад. Саломатиаш нохуб аст. Асабҳояш хароб шудаанд. Пештар аз ин кор ҷарроҳӣ шуда буд, ки он ҳам азияташ медиҳад. Ростӣ, саломатиаш хуб нест.

XS
SM
MD
LG