Саидҷаъфар Усмонзода (Саидҷаъфар Исмонов), вакили порлумон, рӯзи 23-юми декабр дигарбора раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб шуд. Вай аз моҳи декабри соли 2012 ба ин тараф расман раёсати ҳизбро бар дӯш дорад.
Мо ҳизби мухолиф ҳастем, вале душман нестем. Мо бо дарназардошти шароити феълӣ ба масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа роҳҳои ҳалли дигареро машварат медиҳем.
Интихоби Усмонзода дар анҷумани навбатии Ҳизби демократи Тоҷикстон дар шаҳри Душанбе сурат гирифт. Ба тарафдорӣ аз ӯ 69 вакили анҷуман овоз доданд. Рақиби ӯ Абдуҷаббор Юлдошев, раиси дафтари Ҳизби демократ дар вилояти Суғд, 9 раъйи вакилонро ба даст овард. Дар маҷмуъ, дар анҷуман 78 вакил иштирок дошт.
Таваралӣ Зиёзода – муовини аввал, Аҳмадшоҳ Комилзода, Ҳикматулло Саидиён, Абдуҷаббор Юлдошев, Зӯҳро Мирзоева ва Диловар Холов муовинони раиси Ҳизби демократ шуданд.
Аз иттиҳод то парокандагӣ
Саидҷаъфар Усмонзода бори аввал моҳи январи соли 2007 раҳбари Ҳизби демократ шуд, аммо он вақт Вазорати адлияи Тоҷикистон эътирофаш накард. Баъдан, рӯзи 23-юми декабри соли 2012 бо даъвати анҷумани нав расман раёсати ҳизбро бар уҳда гирифт.
Теъдоди аъзои ҳизб дар ҳоли ҳозир ҳудуди 20 ҳазор нафар гуфта мешавад. Раҳбарияти ҳизб мегӯянд, бар илова, даҳҳо аризаи сокинон барои шомил шудан ба ҳизб дар ҳоли баррасист.
Ҳизби демократи Тоҷикистон соли 1990 ташкил шуда, аз ҳизбҳои оппозитсионӣ ба шумор мерафт. Ин ҳизб аз соли 2005, баъди боздошт ва ҳабси раҳбари собиқаш Маҳмадрӯзӣ Искандаров вориди мушкили ҷиддӣ шуда, дар дувоздаҳ соли ахир ду дафъа таҷзия гардид.
Бори аввал ин ҳизб ба «ҷиноҳи Маҳмадрӯзӣ Искандаров» ва «ҷиноҳи Масъуд Собиров» ҷудо шуда, сипас, ба «ҷиноҳи Масъуд Собиров» ва «ҷиноҳи Саидҷаъфар Усмонзода» табдил ёфт. Соли 2013 Вазорати адлияи Тоҷикистон ба ин баҳс нуқта гузошт ва ҳизбро ба раҳбарии Усмонзода эътироф кард. Ҳамон сол Усмонзода вориди интихоботи президентӣ шуда, раъйи кам ба даст овард. Вай дар интихоботи моҳи марти соли 2015 вакили Маҷлиси Намояндагон интихоб гардид.
Ҳизби демократ - мухолиф ё кисагӣ?
Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, Ҳизби демократ, ки дар оғози солҳои навадум дар саргаҳи ҷунбиши истиқлолхоҳии тоҷикон қарор дошт ва раҳбарони гузаштаи ин ҳизб аз чеҳраҳои саршиноси сиёсии ҷомеа буданд, ҳоло ба як “ҳизби кисагӣ” табдил ёфтааст. Мунтақидон мегӯянд, ҲДТ ҷойгоҳаш дар арсаи сиёсии Тоҷикистонро аз даст додаву пуштибоние дар байни мардум надорад ва амалан ба як сояи дигари ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ табдил ёфтааст.
Аммо Саидҷаъфар Усмонзода дар як суҳбати қаблиаш бо Радиои Озодӣ ин иддаоро бепоя донист ва гуфт, агар онҳо «кисагӣ» ҳастанд, чаро касе фаъолияташонро сармоягузорӣ намекунад ва барояшон дафтари корӣ намедиҳад? Ӯ ин иддаоро дар мавриди онки бо ёрии ҳукумат вориди порлумон шудааст, низ рад кард ва гуфт, «ман худ аз ҳавзаи якмандатии ноҳияи Фархор вакили порлумон интихоб шудам. Агар кисагӣ бошем, пас, бояд бароямон куллияи шароити кории хуб фароҳам бошад, аммо ин тавр нест.”
"Мо душман нестем"
Дар мавриди инки оё Ҳизби демократ ҳанӯз ҳам ҳизби мухолиф ё оппозитсионӣ ҳаст ё не, ӯ гуфта буд, «мо ҳизби мухолиф ҳастем, вале душман нестем. Мо бо дарназардошти шароити феълӣ ба масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа роҳҳои ҳалли дигареро машварат медиҳем. Яъне, мо фикри дигар дорем ва онро ба ҳукумат пешниҳод месозем. Агар дар ҷомеа ҳизбҳои мухолиф набошанд, кишвар рушд намекунад. Ин шарти асосии инкишофи ҷомеа ва кишвар аст.»
Аз Шодмони Юсуф то...
Анҷумани муассисони ҲДТ рӯзи 10-уми августи соли 1990, вақте Иттиҳоди Шӯравӣ ҳанӯз побарҷо буд, дар Душанбе баргузор шуд ва ин ҳизб дар Тоҷикистон нахустин ҳизби алтернативӣ буд, ки дар муқобили ҳизби яккатози коммунист ба майдон омад. Нахустин раиси ҲДТ корманди илмии Академияи илмҳо Шодмони Юсуф буд ва дар ҳайати он шахсиятҳои саршиносе, чун профессорон Раҳими Мусулмониёну Абдунабӣ Сатторзода, ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова, шоир Бозор Собир, журналист Имомназари Холназар ва дертар вакили парлумон Аслиддин Соҳибназаров гирди ҳам омада буданд.
ҲДТ аз нерӯҳои калидӣ дар гирдиҳамоиҳои тирамоҳи соли 1991 ва баҳори соли 1992 дар Душанбе буд ва раҳбарии ситоди ниманизомии "Наҷоти Ватан"-ро, ки дар тобистони соли 1992 ба хотири дифоъ аз ҳукумати муросои миллӣ таъсис дода шуд, низ Шодмони Юсуф, раҳбари вақти демократҳо бар ӯҳда дошт. Баъди шикасти ҳукумати муросои миллӣ ва рӯи кор омадани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, фаъолияти ҲДТ бо ҳукми Додгоҳи олӣ манъ шуд ва аксари раҳбаронаш тарки кишвар карданд. Ин ҳизб охири солҳои навадум дубора ҳаққи фаъолиятро ба даст овард.