Ксения Собчак, яке аз фаъолони мухолифин, журналисти телевизион ва духтари Анатолий Собчак, шаҳрдори собиқи Санкт-Петербург эълон кард, ки дар интихоботи президентии моҳи марти Русия ширкат карда, Владимир Путинро ба чолиш мекашад. Интизор меравад, ки Путин барои бори чорум ба пешбарии номзадиаш дар интихобот иқдом мекунад.
Дар як видеои кӯтоҳ, ки Собчак дар саҳифаи худ дар шабакаи Instagram шоми 18 октябр нашр кард, гуфт, номзадии ӯ як василаи эътироз ба интихобот буда умедвор аст, ки онҳое, ки «муқобили ҳама» номзадҳо ҳастанд, барои ӯ овоз медиҳанд.
Дар варақаҳои райъдиҳии интихоботи Русия банди «муқобили ҳама» ҷой дошт, аммо аз соли 2006 ба ин сӯ он бекор карда шуд.
Собчак, ки дар ин навор бо куртаи кабудранг ва айнак дар чашм зоҳир шуда гуфт: «Ман 36-солаам ва мисли ҳар шаҳрванди дигари Русия ҳақ дорам дар интихоботи президентӣ ширкат кунам. Ман тасмим гирифтам аз ин ҳақам истифода кунам».
"Бас аст, дӯстон, безор шудем"
Собчак мегӯяд, қаблан гузинаи раъйдиҳӣ «алайҳи ҳама» вуҷуд дошт, ки кафолат медод овози райдиҳандагон ба касе дода нашавад. Аммо ин интихоб барои осон кардани дуздии овозҳо бекор карда шуд. Собчак бовар дорад, ки номзадҳои нирӯманд аз ин роҳ метавонанд ҳузури худро дар қудрат тамдид кунанд.
«Ман мехоҳам шонси райъдиҳӣ алайҳи ҳамаро ба райъдиҳандагон баргардонам. Ин усули сулҳомез ва қонунии мо дар интихобот аст. Бас аст, дӯстон, безор шудем. Мо дар ваҳдати ҳам қавиву нирӯмандем», гуфт ӯ.
Тасмими Собчак барои ширкат дар интихобот, ба андешаи нозирон, метавонад ба талошҳои мухолифони воқеии дигар соя афканад. Падари ӯ – мири шаҳри Сантк-Петербург дар солҳои 1990-ум устод ё раҳбари сиёсии Путин арзёбӣ мешавад. Путин 17 сол дар сар қудрат аст, нуфузи зиёд дорад ва тибқи пешгӯиҳо, шонси бурдани интихоботро ҳифз кардааст. Собчак карераи худро аз кор ба ҳайси як барандаи барномаҳои пуртарафдори телевизионӣ, як журналист, ҳамсангари мухолифону дигарандешон шурӯъ кардааст. Ӯро шӯхиомез “Пэрис Ҳилтони рус” меномиданд.
Номзади калидӣ Путин ҳанӯз расман изҳори омодагӣ накардааст
Анатолий Собчак аз соли 1991 то 1996 шаҳрдори Санкт-Петербург буд ва соли 2000-ум аз дунё гузашт. Путин дар ҳамин ҳол ишора кардааст, ки дар интихобот бори чорум ширкат мекунад, аммо расман дар ин бора эълон накардааст.
Агар Путин номзадиашро ба интихобот пешбарӣ кунад, хеле осон баранда мешавад. Бинобар ин баъзе аз нозирони умури сиёсӣ, пешбинӣ мекунанд, ки номзадии Собчак танҳо як усули кумак ба нуфузи Путин хоҳад буд.
Дар бораи нияти ширкат дар интихобот Алексей Навалний, раҳбари мухолифон ҳам пештар хабар дода буд. Навалний бо фошкории мақомоти фасодзада маъруф шудааст.
Вале додгоҳҳои Русия ӯро дар чанд маврид гунаҳгор эълон карданд ва худи ӯву тарафдоронаш ин ҳукмҳоро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд. Комиссиюни интихоботҳои Русия гуфтааст, ки доғи судӣ мувофиқи қонунҳои ин кишвар ба ӯ имкон намедиҳад, ки дар интихбот ширкат кунад.
Навалний дар ҳабс аст
Дар мавриди тасмими Собчак худи Навалний ва ё Бунёди зиддифасоди ӯ ҳанӯз вокуниш накардаанд. Ӯ айни замон дар зиндон аст ва ҳукми 20 рӯзи ҳабсро адо мекунад. Додгоҳ ӯро дар нақзи чандкаратаи қонунҳои ташкили маҷлису гирдиҳамоӣ муҷрим шинохт.
Вале моҳи гузашта Навалний нияти ба интихобот рафтани Собчакро мазаммат карда гуфта буд, ин тасмим аз сӯи Кремлин ҷонибдорӣ меёбад, чун ба онҳо як рақиби либерал барои Путин даркор аст:
«Ба онҳо як рақиби масхарабози либерал зарур аст, хоссатан дар ҳолате, ки нахоҳанд маро дар интихобот сабти ном кунанд. Онҳо мегӯянд, мо намегузорем, ки Навалний ғолиб шавад, чунки ӯ ҷинояткор ва экстремист аст. Бубинед, Ксения Собчак ҳар чизе ки мухолифин мехоҳанд, мегӯяд», гуфта буд Навалний рӯзи 21-уми сентябр ба бинандагонаш дар YouTube.
Дар вокуниши нахустинаш ба изҳороти Собчак сухангӯи Путин Дмитрий Песков аз ӯ ба ҳайси як хонуми босаводу огоҳ ситоиш кард, ҳарчанд гуфт, ки барои як сиёсатмадор таҷрибаву малака лозим аст.
Назар аз Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон ҳам аз таҳаввулоти пешазинтихоботии Русия аз наздик мушоҳида мекунанд ва изҳороти як чеҳраи телевизионӣ дар бораи омодагиаш ба пешбарии номзадиаш дар интихобот дар шабакаҳои иҷтимоии корбарони тоҷик низ вокунишҳое ба бор овард.
Нуралӣ Давлат, як таҳлилгари тоҷик, ки таҳаваллуоти сиёсиро дар Русия назорат мекунад, мегӯяд ширкати Собчак дар интихобот метавонад аз сӯи Кремлин тарҳрезишуда бошад ваё воқеан ҳам тасмими шаҳрвандии худи ӯ бошад. Дар ҳарду ҳолат ширкати Собчак дар интихобот ба фоидаи Путин анҷом хоҳад шуд. Ӯ гуфт:
«Мо дарк мекунем, ки Ксения як масхарабоз аст, таҷрибаи сиёсӣ надорад. Танҳо номи падараш аст, ки дари журналистикаеро, ки ба бизнес бадал шудааст, ба рӯи ӯ боз кард. Ксения дар интихобот нақши Жириновскиро бозӣ хоҳад кард. Дар тӯли 25 сол Жириновский бо масхарабозии хеш ба фоидаи Кремл нақш бозӣ мекард. Жириновский аз соли 1991 замоне ки, ман дар Маскав таҳсил мекардам, дар интихобот ширкат мекунад, акнун пир шудааст. Барои Кремлин як Жириновскии наве даркор аст».
Владимир Жириновский яке аз сиёсатмадорони собиқадор ва раиси ҳизби Либерал-демократи Русия бо изҳороти ҳангомабарангезаш маъруф аст. Ӯро ба ҳайси як мухолифи рамзии Путин мешиносанд, ки дар асл ба ҳимояи идеологияи ҳукуматӣ нигаронида шудааст.
Нуралӣ Давлат гуфт, барои Кремлин доштани чунин як номзади либерал, ки тасмими ҷиддии сиёсӣ надорад, зарур аст ва эҳтимол аз Ксения дар интихоботҳои минбаъда низ ба ҳайси як нафар ба ном номзад дар интихоботҳо ширкат кунад. Нуралӣ Давлат гуфт, дар даврони Путин ҳама интихобот дар Русия як маъракаи сирф формалӣ ё расмӣ боқӣ монд ва аксар кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Миёна аз ин саҳнасозиҳои Русия дар баргузории интихобот пайравӣ мекунанд.