Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон – мунтазири Шабнам, Ҷонибек, Валиҷон ва Меҳрнигор (ВИДЕО)


Germany - Poster of DAF BAMA Music Awards cermony to be held in Hamburg on 27.08.2016
Germany - Poster of DAF BAMA Music Awards cermony to be held in Hamburg on 27.08.2016

Тоҷикистонро дар маросими тақдими ҷоизаҳои “Daf BAMA Music Awards 2016” 4 овозхон – Шабнами Сурайё, Ҷонибеки Мурод, Валиҷони Азиз ва Меҳрнигори Рустам – муаррифӣ мекунанд. Ин маросим рӯзи 27 август дар Ҳамбурги Олмон доир мешавад.

Ширкати “Daf Entertaintment” ба маросими тақдими ҷоизаҳояш ба Ҳамбурги Олмон имсол аз хонандагони тоҷик 4 нафар - Шабнами Сурайё, Ҷонибеки Мурод, Валиҷони Азиз ва Меҳрнигори Рустамро даъват кардааст.

Нодӣ Рӯъё, раҳбари ширкати “Daf Entertaintment” рӯзи 31 июл дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ин хонандагон мисли солҳои қабл бар асоси мизони маҳбубияти таронаҳояшон дар Интернет ва овоздиҳии мухлисон барои ширкат дар расми тақдими ҷоизаҳои “Daf BAMA Music Awards 2016” интихоб шудаанд.

Шабнами Сурайё дар Ҳамбург. Соли 2015
Шабнами Сурайё дар Ҳамбург. Соли 2015

Нодӣ Рӯъё афзуд, ба консерти ниҳоӣ дар Ҳамбург, ки шоми шанбеи 27 август дар толори “Barcalycard Arena”-и шаҳри Ҳамбург доир мешавад, дар маҷмӯъ 36 ҳунарманд аз кишварҳои мухталиф даъват шудаанд: “Чун ҳамеша бештари барандагони ҷоизаҳои мо аз ҳавзаҳои форсизабонанд. Имсол ба намояндагӣ аз Афғонистон – Фарҳоди Дарё, Мужда Ҷамолзода ва Қайси Улфат ва ду нафар аз бачаҳои афғоне, ки дар Олмон зиндагӣ мекунанд – Фарҳоди Шамс ва Самири Роҳиш – дар Ҳамбург ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Аз хонандаҳои эронӣ имсол Шодмеҳри Ақилӣ меояд, Сoмии Бегӣ ва Ҷамшед ҳаст, “25 Band” ҳаст ва як духтари тозакор ҳаст ба номи Аҳллом ва хонандаи курд Фарҳоди Базлӣ.”

Озарбойҷонро имсол дар “Daf BAMA Music Awards 2016” Ойгун Козимова ва Арманистонро Сирушо ва Андре намояндагӣ мекунанд.

Ба консерти Ҳамбург ҳамин тавр чанд хонанда аз кишварҳои аврупоӣ низ роҳхат гирифтаанд – Дода аз Лаҳистон, Елена Рестиска аз Македония, Андреа аз Булғористон, Кости ва Лаура, ҳамчунин як хонандаи ҷавони арабтабор бо номи Умар Арнау – аз Руминия. Нодӣ Рӯъё дар мавриди ин хонанда гуфт: “Умар хеле ҷавон аст ва хеле ҳунарманд. Бештар ба англисӣ мехонад. Ҳамагӣ 16 сол дорад, вале ҳанӯз 3 сол пеш, вақте ҳамагӣ 13 солаш буд, барандаи Next Star – озмуни ситораҳои нави эстрадаи Руминия шуд.”

Масъули маросими ҷоизаҳои “Daf BAMA Music Awards 2016” афзуд, ки имсол ҷуғрофиёи ин ҷашнвора хеле бузургтар шудааст: “Мо барои бори аввал аз Ҳинду Покистон, Узбакистон ва ҳатто аз Индонезия ҳунармандонро даъват кардаем. Аз Узбакистон Сардор Раҳимзон ва Мӯниса Ризоева даъват шудаанд, аз Покистон – Гул Панро ва аз Ҳиндустон ғ Муҳит Човҳан ва Алко Ягник, ки аз машҳуртарин хонандагони имрӯзаи ҳиндианд. Як духтаре, ки аз Индонезия меояд ба номи Фотин, хонандаест, ки бо ҳиҷоб тарона иҷро мекунад."

Дастикам се соли охир дар расми тақдими ҷоизаҳои “Daf Entertaintment” Тоҷикистонро Фарзонаи Хуршед – хоҳари хурдии Шабнами Сурайё муаррифӣ мекард.

Чаро имсол Фарзона нест дар рӯйхат? – пурсидам аз Нодӣ Рӯъё.

Фарзона ва Фаридун дар Ҳамбург. Соли 2015
Фарзона ва Фаридун дар Ҳамбург. Соли 2015

Раҳбари ширкати “Daf Entertaintment” гуфт: “Фарзона дуруст моҳи август бояд фарзанди дувумашро ба дунё биорад ва ба ҳамин далел ширкат карда наметавонад. Вагарна Фарзонаи Хуршед аз ҷумлаи он ҳунармандони тоҷик аст, ки ҳар консерт, аз ҷумла консерти Ҳамбургро, албатта, метавонист зиннати бештар бидиҳад.”

Ширкати “Daf Entertaintment” то соли ҷорӣ расми тақдими ҷоизаҳо барои беҳтарин хонандагони Шарқро ҳамроҳ бо ширкати амрикоии ” Big Apple Music Awards” доир мекард ва ин ҷоизаҳо бо ҳамин номи “Big Apple” маъруф буданд. Аммо дар ибтидои соли 2016 байни ду ширкат бар сари ин бренд ва тартиби баргузории расми тақдими ҷоизаҳояш ихтилоф бархост ва раҳбари ширкати “Big Apple Music Awards” Стелла Бояҷон таҳдид карда буд, ки “Daf Entertaintment”-ро барои дар номи ҷоизаҳояш истифода бурдани ҳатто ибораи “BAMA”, ки метавонад ҳамчун кӯтоҳшудаи “Big Apple Music Awards” талаққӣ шавад, ба додгоҳ медиҳад. Нодӣ Рӯъё гуфт, дар ниҳоят машварати онҳо аз ин қарор шуд, ки “Daf Entertaintment” маросими тақдими ҷоизаҳояшро таҳти номи “Daf BAMA Music Awards 2016” дар Ҳамбург баргузор мекунад ва ҷониби дигар бо бренди қаблии “Big Apple Music Awards” дар ягон макон ва замони дигар.

Соли гузашта дар расми тақдими ҷоизаҳои “Big Apple Music Awards” дар ҳамин толори “Barcalycard Arena”-и шаҳри Ҳамбург Тоҷикистонро се намояндаи як хонавода – Шабнами Сурайё, хоҳараш Фарзонаи Хуршед ва шавҳари Фарзона – Фаридуни Хуршед муаррифӣ карданд. Фаридуни Хуршед "Беҳтарин ҳунарманди мард аз Тоҷикистон”, Фарзонаи Хуршед “Беҳтарин овозхони попи Тоҷикистон” ва Шабнами Сурайё "Беҳтарин овозхони зан аз Тоҷикистон" эълон шуданд.

“Big Apple Music Awards” аз соли 2004 ба ин сӯ ҳар сол ба беҳтарин овозхонҳои афғону тоҷику эронӣ дода мешуд, вале баъдан миқёсаш ба ҷаҳони Араб ва Қафқозу Аврупои шарқӣ густариш ёфт. Дар солҳои қаблӣ чанд овозхони дигар аз Тоҷикистон, аз ҷумла падару писар Ҷӯрабек ва Ҷонибеки Мурод ва Баҳроми Ғафурӣ низ ҷоизаҳои “Big Apple Music Awards”-ро ба даст овардаанд.

Ду мусоҳибаи видеоии Радиои Озодӣ аз расми тақдими ҷоизаҳои соли 2015 дар Ҳамбургро то имрӯз дар Ютуб 570 000 нафар тамошо кардаанд:

Мусоҳиба бо Фарзона ва Фаридун:

Мусоҳиба бо Шабнам:

XS
SM
MD
LG