Дар маросими тақдими ҷоизаҳои "Big Apple Music Awards 2015" дар Ҳамбурги Олмон, ки рӯзи 12 сентябр бо ҳунарнамоии Фарзонаи Хуршед оғоз ёфт, Фарзона ҷоиза барои беҳтарин овозхони поп аз Тоҷикистонро ба даст овард. Фаридуни Хуршед дар ин маросим беҳтарин овозхони мард аз Тоҷикистон эълон шуд.
Ин нахустин намои муштараки Фарзонаву Фаридун дар пайи издивоҷи онҳо ва таваллуди нахустфарзандашон – Закия буд ва Фаридун низ дар толори “Barclaycard”-и Ҳамбург таронаеро дар бораи Закия иҷро кард.
Фарзонаву Фаридун дар ҳошияи ин консерти бузург бо ширкати ситораҳои шинохтаи эстрадаи Тоҷикистону Афғонистону Эрон, кишварҳои арабӣ ва қафқозу Аврупои Шарқӣ ва ҳатто аз Австралия, як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ анҷом доданд, ки аз нахустин мусоҳибаҳои муштараки онҳо баъд аз издивоҷашон аст.
Фарзона дар ин мусоҳиба гуфт, таваллуди фарзанд зиндагиашро комилан тағйир дод ва гуфт, “агар медонистам, ки фарзанд ин қадар ширин аст, хеле барвақттар дар фикраш мешудам.”
Фаридуни Хуршед мегӯяд, онҳо алакай таронаеро барои иҷрои муштарак омода кардаанд ва ба зудӣ ва пеш аз ҳама дар Тоҷикистон пешкаши мухлисони худ хоҳанд кард. Фарзона мегӯяд, онҳо дар фикри баргузории як консерти муштараки ин дафъа чорнафарӣ бо ширкати ҳамаи 4 овозхони узви ин хонаводаи ҳунарманд – Фарзона, Фаридун, Шабнами Сурайё ва Сурайёи Қосим - ҳастанд
Фарзона духтари хурдии овозхони шинохтаи тоҷик Сурайёи Қосим буда, тақрибан 8 сол боз бо интихоби касби модараш овозхонӣ мекунад. Фаридуни Хуршед аввалин таронаашро 4 сол пеш вориди бозор кардааст, вале алакай дар ҷумлаи овозхонҳои матраҳи Тоҷикистон роҳ ёфтааст.
Нахустфарзанди онҳо – Закия – дар поёни моҳи июн ба дунё омад ва ҳоло дувуним моҳ дорад. Фарзона гуфт, Закияро пеши бибиаш – Сурайёи Қосим – гузоштаанд, ки “то бозгашти мо аз сафари Аврупо каме барои наберааш афсонахонӣ кунаду суруди “Алла” бигӯядаш.”
Мусоҳибаи ихтисосии Фарзонаи Хуршед ва Фаридуни Хуршед бо Радиои Озодиро инҷо тамошо кунед: