Дар маросими тақдими ҷоизаҳои "Big Apple Music Awards 2015" дар Ҳамбурги Олмон, ки рӯзи 12 сентябр доир шуд, Ориёно Саид ҷоиза барои беҳтарин овозхони зан аз Афғонистонро ба даст овард.
Ин овозхон бо онки ҳамагӣ 30 сол синн ва тақрибан 7 сол собиқаи хонандагӣ дорад, дар ҳоли ҳозир аз пуртарафдортарин ҳунармандони зан дар Афғонистон ба ҳисоб меояд.
Сарнавишти Ориёно Саид тақрибан ҳамсони боқӣ мардуми афғон аст, ки ҷангҳои хонумонсӯз дар саросари дунё парешонашон кардааст.
Ориёно низ ҳамагӣ 4 сол дошт, ки ҳамроҳ бо аҳли хонаводааш тарки Афғонистон кард. Ӯ дар Швейтсария ба воя расидааст ва феълан дар Лондон ба сар мебарад.
Ориёно фарзанди хурдӣ аз 7 фарзанди хонаводааш аст ва мегӯяд, волидони ӯ дар оғоз чандон овозхон шуданашро хуш надоштанд: “Аммо бо гузашти фурсат ва хусусан баъди нахустин комёбиҳоям дар саҳна фикрашон кам-кам дигар шуд.”
Ориёно Саид мегӯяд, барои як зан интихоби касби овозхонӣ дар шароити ҷомиаи муҳофизакори Афғонистон кори осон нест: “Солҳои аввал таҳдидҳои зиёд ҳам мешуд ба тарафам, ки кори як зан нест ҳунарманд шудан. Вале солҳои охир фикри ҷомиа зоҳиран тағйир меёбад ва истиқболи мардумро бештар эҳсос мекунам.”
Роҳи Ориёно Саид ба саҳнаи ҳунар аз пирӯзиаш дар нахустин озмуни “Ситораи афғон” дар шабакаи телевизионии “Тулӯъ” оғоз ёфт. Ҳоло ӯ ду шабакаи телевизионии Афғонистон барномаҳои тафреҳиро гардонандагӣ мекунад ва ба ин далел, нисфи сол дар Афғонистон асту нисфи дигар – дар канори хонаводааш дар Лондон.
Ориёно Саид мегӯяд, Тоҷикистон ва фарҳанги мардуми тоҷик, аз ҷумла таронаҳои тоҷикиро хеле дӯст медорад ва ошиқи садои Садриддини Наҷмиддин аст. Ӯ мегӯяд, иҷрои консертҳо дар Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо хонандагони тоҷик, аз ҷумла бо Садриддини Наҷмиддинро дар барномаи кораш дорад ва “ин барномае барои чанд соли наздик нест, балки мехоҳам ҳарчӣ зудтар, дар ҳамин чанд моҳи дигар ҳатман ба Тоҷикистон биоям ва орзуҳову нақшаҳоямро амалӣ кунам.”
Таронаи “Анорам”-и Ориёно Саид аз пуртарафдортарин таронаҳои як соли охир дар Афғонистон ба шумор меравад. Вале худи ӯ мегӯяд, “ба зудӣ таронаҳои навам ба бозор хоҳанд даромад, ки фикр мекунам, на камтар аз “Анорам” инқилоб хоҳанд кард.”
Мусоҳибаи ихтисосии Ориёно Саид бо Радиои Озодиро инҷо тамошо кунед: