Эмин Агаларов, овозхони озаритабори муқими Маскав, ки 36 сол дорад ва асосан ба забони англисӣ тарона иҷро мекунад, дар як ҷашнвораи мусиқии Шарқ ба унвони беҳтарин овозхони попи Русия соҳиби ҷоиза шуд. Рӯзи 12 сентябр дар маросими тақдими ҷоизаҳои “Big Apple Music Awards 2015" дар Ҳамбурги Олмон аз Эмин ба унвони овозхоне, ки таронаҳояш нафақат дар Русия, балки ҳам дар Шарқу ҳам дар Ғарб эътироф ва маҳбуб шудаанд, қадршиносӣ карданд.
Эмин соли 1979 дар Боку, пойтахти Озарбойҷон ба дунё омадааст. Ӯ ҳанӯз 4 сол дошт, ки падару модараш ба Маскав кӯчиданд. Эмин дар солҳои 90 муддати ҳафт сол дар Амрико ба сар бурд ва коллеҷи Мэримонт Манҳеттенро хатм кард.
Эмин писари Ораз Агаларов, молики ширкати бузурги сохтмонии “Крокус” ва домоди собиқи раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев мебошад. Рӯзи 30 майи соли равон эълон шуд, ки Эмин аз Лайло Алиева ҷудо шудааст. Онҳо аз ин издивоҷ ду фарзанди дугоник доштанд, ки Алӣ ва Микоил ном доранд.
Эмин дар мусоҳибаи ихтисосиаш бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар ҳошияи маросими тақдими ҷоизаҳои “Big Apple Music Awards 2015" дар Ҳамбург гуфт, бо вуҷуди ҷудоӣ ӯву ҳамсараш дӯст боқӣ мондаанд ва ӯ умедвор аст, ки ин тағйир дар зиндагии хусусии онҳо монеи нақшаҳои эҷодиву тиҷоратиаш дар Озарбойҷон нахоҳад шуд.
Эмин дар баробари овозхонӣ собиқаи тӯлонии соҳибкорӣ низ дорад ва ноиби президенти ширкати “Крокус” мебошад. Ӯ дар ин мақом бузургтарин тарҳҳои марбут ба ин яке аз бузургтарин ширкатҳои сохтмонии Русияро, ки падараш таъсис додааст, бар ӯҳда дорад. Аз ҷумла раҳбарии “Крокус Сити Молл”, “Крокус Сити Ҳолл”, марказҳои тафреҳии “Вегас”, чандин тарабхона ва тарҳи сохтмонии “Sea Breeze Resort”-ро, ки махсуси бунёди манзилу кӯшкҳо ва осоишгоҳҳои пуршукӯҳ дар соҳили баҳри Хазар дар минтақаи Нордорони Озарбойҷон аст.
Эмин Агаларов дар мусоҳибааш бо Озодӣ гуфт, дар ширкатҳои ӯву падараш дар Русия коргарони зиёде аз Тоҷикистон низ кор мекунанд ва ӯ тоҷиконро ҳамчун мардуми поквиҷдону ҳалолкор эҳтиром мекунад ва як халқи барои озариҳо бародар мешиносад.
Эмин ҳамин тавр, гуфт, ки орзуи сафар ба Тоҷикистон ва баргузории консертҳо барои мухлисони тоҷикашро дорад. Вале ба сурати умум, афзуд ӯ, “ман байни мухлисонам фарқ намегузорам, ки шарқиянд ё ғарбӣ. Дар ниҳоят мо ҳама аҳли башарем ва ман барои тамоми башарият тарона мехонам.”
Нахустин албоми Эмин - «Still» соли 2006 ба бозор даромад. Ба дунбол дар солҳои 2007 -2012 ӯ бо 5 албоми дигари таронаҳояш ба забони англисиро нашр кард. Дар поёни соли 2013 албоми таронаҳои русии Эмин бо номи «На Краю» ва дар соли 2014 албоми «Amor» ва дар пайи он албоми дувуми таронаҳои русии Эмин бо номи «Начистоту» вориди бозор шуданд. Эмин аз ангуштшумор овозхонони зодаи Шӯравии собиқ аст, ки бо ширкати маъруфи сабти садои EMI қарордоди ҳамкорӣ бастааст. Ӯ соли гузашта барои таронаи «Я лучше всех живу» ҷоизаи «Золотой Граммофон» ва дар соли 2015 б«Лаълии нуқра барои беҳтарин албом»-и Ҷоизаи Муз-ТВ, аз мӯътабартарин ҷоизаҳои эстрадаи Русияро соҳиб шуд.
Мусоҳибаи ихтисосии Эмин бо Радиои Озодиро инҷо тамошо кунед: