Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дурахши Шабнам, Фарзона ва Фаридун дар "Big Apple Music Award"


Шоми 12 сентябр дар маросими тақдими ҷоизаҳои "Big Apple Music Awards" дар Ҳамбурги Олмон се овозхони тоҷик - Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед ва Фаридуни Хуршед - сазовори ҷоиза шуданд.

Шоми 12 сентябр толори “Barclaycard Arena” дар шаҳри Ҳамбурги Олмон мизбони ситораҳои маъруфи эстрадаи тоҷику афғону эрониву араб ва овозхонон аз Қафқозу Аврупо буд. Дар ин маросим се овозхони тоҷик - Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед ва Фаридуни Хуршед - соҳиби ҷоиза шуданд. Маросими эътои ҷоизаҳо аз Фарзонаи Хуршед -- овозхони маъруфи тоҷик оғоз ёфт.

Фаридуни Хуршед, ки дар ин маросим таронаеро дар бораи Закия - нахустфарзанди ӯву Фарзонаи Хуршед - хонд, ҷоизаи "Беҳтарин ҳунарманди мард аз Тоҷикистон"-ро ба даст овард. Фарзонаи Хуршед "Big Apple Music Award" барои беҳтарин овозхони попи Тоҷикистонро ба номи худ ихтисос дод. Шабнами Сурайё дар ин маросим "Бещтарин овозхони зан аз Тоҷикистон" эътироф шуд.

Ҳамин тавр, Ориёно Саид беҳтарин овозхони зан ва Шафиқ Мурид беҳтарин овозхони мард ва Ҳумоюн Сахӣ беҳтарин навозанда аз Афғонистон шинохта шуданд.Ҷоизаи беҳтарин хонандаи зан аз Эронро Борон гирифт. Дуэти Комрону Ҳумон беҳтарин овозхонҳои попи Эрон ва Фарҳоди Базлӣ беҳтарин хонандаи курдзабон эьлон шуданд.

Фаридуни Хуршед
Фаридуни Хуршед

Эмин, овозхон ва сармоядори писари миллиардери озариюласли Русия Ораз Агаларов ҷоиза барои беҳтарин овозхони попи Русияро соҳиб шуд. Эмин дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, коргарони тоҷик дар ширкатҳои ваю падараш дар Русия зиёд кор мекунанд ва вай мардуми тоҷикро барои дасти поку кори ҳалолашон эҳтиром мегузорад.

Маросими тақдими ҷоизаҳои "Big Apple Music Awards" имсол барои бори аввал дар Аврупо, дар толори муҳташами "Barclaycard"-и шаҳри Ҳамбурги Олмон баргузор шуд. Ин ҷоизахо аз соли 2004 ба ин тараф ҳар сол як бор дода мешаванд, вале 10 маросими пешинааш дар Ню-Йорки Амрико доир шуда буд. Ду соли охир аз Тоҷикистон Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед ва Фаридуни Хуршед сазовори ин ҷоиза мешаванд.

Шабнами Сурайё
Шабнами Сурайё

Дар маросими ахир аз байни овозхонхои баранда истиқболи аз ҳама гармро Шабнами Сурайё сазовор шуд. То зоҳир шуданаш дар саҳна аҳли толор қариб 5 дақиқа номи вайро гирифта, "Шабнам, Шабнам!" нидо карданд. Шабнам дар ин консерт ду таронаи "Ошиқи-дилзиқи" ва "Сояҳо"-ро хонд.

Шабнам дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, аз инки ҳамчун як духтари тоҷик дар сатҳи ҳамаи кишварҳои форсизабон қадршиносӣ мешавад, ифтихор мекунад. Вай афзуд, "ин мукофотро моли тамоми Тоҷикистони азизам мешуморам."

Дар маросими Ҳамбург хамчунин овозхонону навозандагон аз кишварҳои арабӣ, аз Арманистон, Руминия, Булғористон ва ҳам Фейди аз Австралия сазовори ҷоизахои "Big Apple" шуданд.

Сӯҳбатҳои ихтисосии видеоӣ бо Шабнаму Фарзонаву Фаридун ва дигар барандаҳо ба зудӣ нашр мешаванд.

XS
SM
MD
LG