Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Гутерриш хостанд, дар Душанбе озодии зиндониҳои сиёсиро талаб кунад


Акси баъзе аз маҳбусоне, ки ба гуфтаи худашон ва наздикону созмонҳои байнулмилалӣ ноодилона ва ё бо ангезаҳои сиёсӣ зиндонӣ шудаанд
Акси баъзе аз маҳбусоне, ки ба гуфтаи худашон ва наздикону созмонҳои байнулмилалӣ ноодилона ва ё бо ангезаҳои сиёсӣ зиндонӣ шудаанд

Як ташаккули мухолифи ҳукумати Тоҷикистон аз раҳбари СММ хост, дар мулоқоташ бо президент Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе  озод кардани  зиндониҳои  сиёсӣ ва таҳқиқи саркӯбҳои ВМКБ-ро матраҳ кунад.

Ҳаракати сиёсии ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, ки раҳбараш Шарофиддин Гадоев асту дар Тоҷикистон мамнӯъ мебошад, дар муроҷиаташ ба Антонио Гутерриш, дабири кулли СММ рӯзи 29 июн хостори матраҳ шудани чанд мавзӯи муҳим барои Тоҷикистон шуд.

Қарор аст Антонио Гутерриш, дабири кулли СММ имрӯз аз Ню Йорк ба Тошканд парвоз кунад ва дар баробари дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ инчунин дар Душанбе бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ намояд.

Гадоев, ки изҳороташро дар Фейсбук нашр кард, ба кӯмаки Гутерриш дар озод кардани маҳбусоне даъват намуд, ки, ба гуфтааш, барои ақидаҳои сиёсии худ ва дар паи мурофиаҳои ноодилона дар зиндонҳои Тоҷикистон қарор доранд. Дар навбати аввал Гадоев аз сиёсатмадорону ҳомиёни ҳуқуқ Бузургмеҳр Ёров, Зайд Саидов, Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Мақсуд Иброҳимов, Муҳаммадалӣ Ҳайит ёдовар шудааст, ки баъди соли 2005 ҳабс шудаанд.

Мақомот дар Тоҷикистон интиқодро дар ин замина ҳамеша рад карда гуфтаанд, дар ин кишвар зиндониҳои сиёсӣ вуҷуд надоранд ва маҳкумшудаҳо барои нақзи Кодекси ҷиноӣ ҷазо гирифтаанд.

Вале ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолон аз торафт бадтар шудани вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунанд. Гадоев дар муроҷиаташ ба дабири кулли СММ тақозо кардааст, ки ба таъқиби садҳо зодагони ВМКБ, ҳабси беш аз 250 эътирозгар, шурӯи таҳқиқи бетарафонаи ҳодисаҳои моҳи маи соли 2022 таваҷҷӯҳ кунад. Ӯ гуфтааст, мақомот аз Русия Ораз Вазирбеков, Рамзӣ Вазирбеков, Амриддин Аловатшоев ва дигаронро рабуда ба Тоҷикистон бурданд ва ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ ба зиндон андохтанд. Мақомот дар бисёр ҳолатҳо гуфтаанд, ки ин нафарон бо хости худ баргашта худро ба тафтишот дар Тоҷикистон таслим кардаанд.

Дар ҳодисаи соли 2021 дар Роштқалъаву Хоруғ се кас ва дар амалиёти нерӯҳои амниятӣ дар Рӯшону Хоруғ дар соли 2022 камаш 34 кас кушта шуд. Додситонии кулл дар бораи марги 29 нафар гузориш дод.

Президенти Тоҷикистон онҳоро узви гуруҳҳои ҷиноӣ номид ва тасдиқ кард, ки фармони амалиётро ӯ додааст. Наздиконашон мегӯянд, ин афрод силоҳ надоштанд ва танҳо барои ибрози андеша ва эътироз ба кӯчаҳо баромада буданд.

Ҳаракати сиёсии ислоҳот ва рушди Тоҷикистон ҳодисаҳои ду сол пешро «ҷинояти ҷангӣ» номида, хостори роҳандозии таҳқиқ бо иштироки мутахассисони СММ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ шудааст.

Талаби дигари ин ҳаракат аз раҳбари СММ таваҷҷӯҳ ба сарнавишти журналистону блогерон ва фаъолони дигари ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ ҳабсшуда мебошад. Инҳо: Абдуқодири Рустам, Далери Имомалӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Завқибеки Саидаминӣ, Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон, Хушрӯз Ҷумъаев, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Хуршед Фозилов мебошанд.

Ин нафарон бо иттиҳомоти мухталиф баъди соли 2022 ҳабс шудаанд ва наздиконашон гуфтанд, мурофиаҳои онҳо пӯшидаву ноодилона буд ва бархе шиканҷа шуданд.

Мақомот дар Тоҷикистон то ҳол ҳеҷ як талаби созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ваё давлатҳои ғарбиро барои бозбинии ҳукми ин нафарон, ки аксарашон зиндонии сиёсӣ эътироф шудаанд, иҷро накардаанд ва қарорҳои додгоҳҳои кишвар нисбати ин нафаронро дуруст номидаанд.

XS
SM
MD
LG