Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарори нав дар Узбекистон: ҷамъ кардани сокинон бо ваъдаи маҳсулоти ройгон манъ аст


Сарвазири Узбекистон Абдуло Орифов 29-уми июн бо имзои қароре ҷалби сокинони ин кишвар ба чорабиниҳои оммавиро тариқи ройгон тақсим кардани маҳсулоте манъ кард.

Тибқи қарор, ҷалб кардани шаҳрвандони Узбекистон ба чорабиниҳои оммавӣ тавассути тақсим кардани маҳсулоти ғизоӣ ва маишии ройгон ё арзоншуда манъ мебошад.

Вазорати корҳои дохилӣ ва Горди миллии Узбекистон вазифадор шудаанд, ки иҷрои қарорро сахт назорат кунанд.

Маъмурияти боғи "Ишқобод"-и шаҳри Тошканд бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълом карда буд, ки рӯзи 1 июн, ба 20 ҳазор кӯдак бозича ва яхмоси ройгон тақсим мекунад. Дар натиҷа дар дохил ва берун аз боғ одамони зиёд ҷамъ шуда, ба амнияти сокинон хатар эҷод карданд.

Додгоҳ раҳбарони боғро 15 шабонарӯз ҳабс кард.

XS
SM
MD
LG