Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ ва кай аз зиндон хоҳад баромад?


Акси баъзе аз маҳбусоне, ки ба гуфтаи худашон ва наздикону созмонҳои байнулмилалӣ ноодилона ё бо ангезаҳои сиёсӣ зиндонӣ шудаанд
Акси баъзе аз маҳбусоне, ки ба гуфтаи худашон ва наздикону созмонҳои байнулмилалӣ ноодилона ё бо ангезаҳои сиёсӣ зиндонӣ шудаанд

Яке сиёсатмадор асту дигаре соҳибкор ва бархе хабарнигору чанде ҳам вакили мудофеъ, ҳомии ҳуқуқу фаъоли маданӣ ва мансабдору низомии пешин.

Ба солҳои дароз зиндонӣ шудаанд. Дар вақтҳои гуногун, аммо ба иттиҳомҳои тақрибан ҳамсон, ба мисли ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ, кӯшиши табаддулот, ташкили беназмӣ, ифротгароӣ, қаллобӣ ё ғасби ҳукумат.

Худашон, пайвандон ва созмонҳои байнулмилалӣ аксари ин ҳукмҳоро ноодилона, беасос ва дорои ангезаҳои сиёсӣ дониста, озодияшонро хостаанд.

Гурӯҳи кории Созмони Милал низ дар бораи зиёда аз даҳ нафари онҳо хулоса додааст. Аз ҷумла, дар бораи Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Ғаффор Мирзоев, Маҳмадалӣ Ҳайит ва аъзои дигари зиндонии Ҳизби наҳзати исломӣ.

Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар тобистони соли 2018 гуфт, мақомоти Тоҷикистон ҳангоми муҳокимаи вазири собиқи саноат ва соҳибкор Зайд Саидов бисёре аз меъёрҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Аҳдномаро дар бораи ҳуқуқи сиёсӣ ва маданӣ риоят накардаанд. Ӯ танҳо пас аз эълони тасмимаш дар бораи ташкили ҳизби “Тоҷикистони Нав” дастгиру зиндонӣ шуд.

Гурӯҳи кории Созмони Милал дар мавриди боздоштҳои худсарона дар соли 2019 бар асоси таҳқиқи парвандаи Бузургмеҳр Ёров гуфт, ки ин ҳуқуқшиноси мустақил бояд аз зиндон озод карда шавад.

Айни ҳамин хулоса нисбат ба Маҳмадалӣ Ҳаит ва ҳамроҳони дигараш баён шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, онҳо барои ҷиноятҳои мушаххас зиндонӣ шудаанд, на ақидаҳои сиёсӣ ва мухолиф будан ва ҳамин тавр вуҷуди маҳбусони сиёсиро рад мекунанд.

Гурӯҳи кории таҳқиқи боздоштҳои худсарона дар Созмони Милал ба ин натиҷа расида, ки онҳо "барои истифода аз ҳаққи худ ба озодии баён ва озодии гирдиҳамоӣ" зиндонӣ шудаанд.

Радиои Озодӣ бо истифода аз маълумоти манобеи боз феҳристи хурдеро тартиб дод, ки баъзе аз маҳбусоне, ки ба гуфтаи худашон ва наздикону созмонҳои байнулмилалӣ ноодилона ва ё бо ангезаҳои сиёсӣ зиндонӣ шудаанд, дар ҳоли адои ҳукм кай озод хоҳанд гашт.

Кӣ кай аз зиндон хоҳад баромад?
Созмонҳои байнулмилал аз ҳукмҳои дарозмуддати мухолифони ҳукумат, фаъолони маданӣ ва хабарнигорону ҳуқуқдонҳо изҳори нигаронӣ мекунанд. Чанде аз онҳо ҳукми умрбод гирифта, дигарон солҳои дароз аз озодӣ маҳрум хоҳанд буд. Радиои Озодӣ бо истифода аз маълумоти манобеи боз феҳристи хурдеро тартиб дод, ки зиндониёни саршинос дар ҳоли адои пурраи ҳукм кай озод хоҳанд гашт.
Маҳмадалии Ҳайит
Муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон
Ҳабси абад
2015
Саидумар Ҳусайнӣ
Муовини раиси ҲНИТ
Ҳабси абад
2015
Толиб Айёмбеков
Яке аз раҳбарони ғайрирасмии ВМКБ
Ҳабси абад
2022
Мунаввар Шанбиев
Яке аз раҳбарони ғайрирасмии ВМКБ
Ҳабси абад
2022
Ғаффор Мирзоев
Фармондеҳи пешини Горди президентӣ
Ҳабси абад
2006
Холбаш Холбашев
Генерали Нерӯҳои марзбонӣ; фаъоли ВМКБ
Ҳабси абад
2022
Бузургмеҳр Ёров
Вакили мудофеъ
2053
2015
Фаромуз Иргашов
Ҳуқуқдон; довталаби курсии президент
2051
2022
Ҳамрохон Зарифӣ
Вазири пешини корҳои хориҷӣ
2051
2024
Саидҷаъфар Усмонзода
Вакили собиқ ва раиси пешини ҲДТ
2051
2024
Тоҳир Мамадбоқиров
Бародари яке аз раҳбарони ғайрирасмии ВМКБ Мамадбоқир Мамадбоқиров
2050
2022
Ҷамшед Боев
Сарҳанги пешини амният
2045
2024
Раҳматуллои Раҷаб
Узви раёсати ҲНИТ
2043
2015
Абдуқаҳҳори Давлат
Сардабири пешини нашрияи “Наҷот”
2043
2015
Қиёмиддин Авазов
Узви раёсати ҲНИТ
2043
2015
Мумтоз Мазоров
Бародари Хурсанд Мазоров, яке аз роҳбарони ғайрирасмии Бадахшон
2043
2022
Аҳмадшо Комилзода
Рӯзноманигор, муовини пешини раиси ҲДТ
2043
2024
Улфатхоним Мамадшоева
Рӯзноманигор; фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ
2042
2022
Зайд Саидов
Соҳибкор; вазири собиқи саноат
2042
2013
Акбаршо Искандаров
Раиси собиқи Шӯрои олӣ
2042
2024
Шокирҷон Ҳакимов
Муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ
2042
2024
Нурамин Ғанизода
Сарҳанги пешини амният
2042
2024
Раҳматҷони Маҳмадҷон
Узви ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”
2041
2021
Абулфайз Атоӣ
Сухангӯи пешини Вазорати корҳои хориҷӣ
2041
2024
Амриддин Аловатшоев
Чеҳраи шинохта дар миёни ҷавонони ВМКБ
2040
2022
Зубайдуллоҳи Розиқ
Узви раёсати ҲНИТ
2040
2015
Абдураҳим Восиев
Узви созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон”
2040
2017
Муҳаммадалии Файзмуҳаммад
Узви раёсати ҲНИТ
2038
2015
Манучеҳр Холиқназаров
Раиси Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир
2038
2022
Ораз Вазирбеков
Фаъоли маданӣ аз ВМКБ
2038
2022
Хурсанд Мамадшоев
Бародари фаъоли маданӣ Улфатхоним Мамадшоева
2038
2022
Иззат Амон
Ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон
2036
2021
Нуриддин Маҳкамов
Вакили мудофеъ
2036
2015
Рамзӣ Вазирбеков
Фаъоли маданӣ аз ВМКБ
2035
2022
Маҳмурод Одинаев
Муовини раиси ҲСДТ
2035
2021
Саъдиддини Рустам
Узви раёсати ҲНИТ
2035
2015
Воҳидхон Қосиддинов
Узви раёсати ҲНИТ
2035
2015
Мақсуд Иброҳимов
Раҳбари созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон”
2032
2015
Ҳикматулло Сайфуллозода
Узви раёсати ҲНИТ
2032
2015
Далери Имомалӣ
Рӯзноманигор, блогер
2032
2022
Рухшона Ҳакимова
Рӯзноманигор
2032
2024
Низомиддин Насриддинов
Узви пешини “Гурӯҳи 24”
2031
2023
Чоршанбе Чоршанбиев
Варзишгар, фаъоли иҷтимоӣ
2030
2022
Хуршед Фозилов
Рӯзноманигор
2030
2023
Муҳаммадшариф Набиев
Раиси дафтари ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб
2029
2015
Абдусамад Ғайратов
Раиси дафтари ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб
2029
2015
Абдулло Ғурбатӣ
Рӯзноманигор
2029
2022
Завқибек Саидаминӣ
Рӯзноманигор
2029
2022
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода
Рӯзноманигор
2029
2022
Абдухалил Холиқзода
Нависанда
2029
2023
Муҳаммадрӯзӣ Искандаров
Раиси собиқи Ҳизби демократ
2028
2005
Шоҳида Маҳмадҷонова
Модари блогер Шерзод Маҳмадҷонов
2028
2022
Абдуқодири Рустам
Рӯзноманигор
2027
2023

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG