Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CNN: Пойгоҳҳои ҳарбии ИМА дар Аврупо ба ҳолати омодабош гузаштаанд


Чанд қисми низомии ИМА дар Аврупо ба хотири таҳдиди амалҳои террористӣ дар ҳолати омодабош қарор гирифтаанд. Дар ин бора телевизиони CNN гузориш дод.

Чунин омодагӣ аз ҷумла рӯзи 30-юми июн дар қисми низомии ИМА дар шаҳри Штутгарти Олмон ҷорӣ шуд, ки макони фармондеҳии низомии Амрико дар қораи Аврупо мебошад.

Ба қавли манобеи CNN, омодагии чанд қисми низомии Амрико то дараҷаи 2 тақвият дода шудааст. (Ин низом замоне ҷорӣ мешавад, ки агар хадамоти иктишофӣ дар бораи эҳтимоли амалҳои террористӣ маълумот дарёфт кунад.)

Як ҳамсуҳбати CNN, ки дар яке аз қисмҳои ҳарбии ИМА дар Аврупо қарор дорад, бо шарти фош нашудани номаш гуфтааст, онҳо чунин дараҷаи таҳдидро “ҳадди ақал дар даҳ соли ахир” надида буданд.

Дар айни замон CNN менависад, маълум нест, ки чӣ маълумоти истихборотӣ боиси афзоиши чораҳои амниятӣ дар пойгоҳҳои низомии ИМА дар Аврупо шудааст. Рӯзноманигорони ин расона танҳо тахмин мекунанд, ки ин кор шояд ба хотири изҳороти мақомоти аврупоӣ дар бораи таҳдиди амалҳои террористӣ дар остонаи Бозиҳои олимпии Париж бошад.

Моҳи майи имсол рӯзномаи New York Times бо такя ба манобеаш дар мақомотҳои истихборотии Амрико ва Аврупо навишта буд, идораи ҷосусии Вазорати дифои Русия дар доираи маъракаи кам кардани ҳимоят аз Украина, амалҳои тахрибкоронаро дар Аврупо афзоиш додааст.

XS
SM
MD
LG