Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон як шоир ба ҷурми ғасби қудрат зиндонӣ шуд


Додгоҳи ноҳияи Свердлови Қирғизистон шоир Аскат Жетигенро дар даъват ба "ғасби қудрат аз роҳи хушунат" гунаҳкор эълом ва 3 сол зиндонӣ кардааст.

Ба иттилои бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Жетиген ҳангоми ироаи сухани охирин дар додгоҳ худро бегуноҳ номида гуфтааст, касеро ба ғасби қудрат даъват накардааст.

"Ман дар шабакаҳои иҷтимоӣ беадабӣ кардам ва аз мардум барои он узр мепурсам, вале ин ба меъёрҳое, ки дар Кодекси ҷиноӣ пешбинӣ шудааст, мувофиқат намекунад. Бояд танҳо ҷарима карда шавад," - изҳор доштааст ӯ.

Айбдоркунандаи давлатӣ барои ӯ 8 соли зиндонро талаб карда буд.

Аскат Жетиген моҳи марти имсол боздошт шуда буд. Вакили дифои ӯ Венера Буудайбекова он замон гуфта буд, ки шахси зери ҳимояаш дар даъват ба бетартибиҳои оммавӣ дар соли 2022 муттаҳам мешавад. Ӯ 18 март ба шарти берун нарафтан озод шуд.

Аскат Жетиген 21 март баъди нашри як муроҷиатномаи видеоияш дар шабакаҳои иҷтимоӣ дубора дастгир шуд. Ӯ дар ин видео мақомоти Қирғизистонро танқид кардааст.

XS
SM
MD
LG