Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суратҳисоби Ҳабиб Нурмагомедовро дар Русия бастаанд


Ҳабиб Нурмуҳаммадов
Ҳабиб Нурмуҳаммадов

Хадамоти федеролии андози Русия суратҳисоби бонкии Ҳабиб Нурмуҳаммадов (Нурмагомедов), қаҳрамони пешини ташкилоти UFC-ро бастааст. Расонаҳои русӣ 1-уми июл навиштанд, Нурмуҳаммадов ва ширкатҳои вобаста ба ӯ аз андоз зиёда аз 300 миллион рубл қарздор мебошанд.

Сомонаи Лента.ру навишт, суратҳисоби фондии хайриявии Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва ҳамчунин ташкилоти ӯ бо номи Eagle FC баста шудааст.

Ба навиштаи ин сомона, Нурмуҳаммадов баъд аз поёни корномаи варзишиаш дар муҳорибаҳои омехта ба тиҷорат гузашт. Чанд ширкати фурӯши хӯроки варзишӣ, сайёҳӣ, мобилӣ ва силсилаи тарабхонаҳо ба ин варзишгар рабт дода мешаванд.

Вокуниши Нурмуҳаммадов ба ин хабар ҳанӯз маълум нест. Муҳаммад Нурмуҳаммадов, амаки варзишгар пештар ба расонаҳо гуфта буд, Ҳабиб аз андоз қарздор нест ва гузориши расонаҳо дар ин бора ҳақиқат надорад.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов 35-сол дорад ва бо рақобатҳояш дар UFC маъруф аст. Вай дар ҳамаи 29 қувваозмоӣ пирӯзӣ ба даст овардааст. Соли 2020 ба корномаи варзишиаш хотима бахшид. Нурмуҳаммадов дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ҳаводор дорад.

XS
SM
MD
LG