Дар феҳристи нави муассисаи Шаффофияти Байналмилал ё Transparency International, ки кишварҳоро як то 174 раддабандӣ кардааст, Тоҷикистон дар мақоми 152-ум ҷой гирифтааст. Соли гузашта Тоҷикистон дар ин раддабандӣ дар мақоми 154 ва дар соли 2012 дар мақоми 157 -ум қарор дошт.
Дар соли ҷорӣ Тоҷикистон дар ин феҳрист бо Ҷумҳурии демократики Конг бо 23 имтиёз ё дараҷа дар мақоми 152 қарор гирифтаанд. Дар соли ҷорӣ Парагвай як зина аз Тоҷикистон беҳтар ва Чад як зина аз Тоҷикистон поинтар мебошад. Русия дар мақоми 136 қарор дорад. Аз ҳамсояҳои Тоҷикистон, Афғонистон дар раддаи 172, Узбакистон дар ҷои 166, Қирғизистон дар рутбаи 136 ва Чин дар мақоми 100-ум қарор доранд.
Дар садри феҳрист, Дания, Зеландияи, Финланд, Шведсария ва Норвегия қарор доранд. Дар соли гузашта низ Дания, Зеландияи Нав ва Финланд дар садр қарор доштанд. Беҳтарин кишварҳои осиёӣ ҳамчунон Сингапур бо 84 имтиёз аст, ки дар айни ҳол дар муқоиса бо ду соли пеш имтиёзи камтар ба даст овардааст. Сомалӣ, Кореяи Шимолӣ ва Судон дар қаъри ин феҳрист қарор доранд.
Санҷишҳои солона бо руҷуъ ба шохисҳое монанди фасод, ришвагирӣ, харид ва фурӯши вазифаҳои давлатӣ, ришвапазирии дастгоҳҳои додгоҳӣ, фасоди молӣ дар миёни сиёсатмадорон ва мақомҳои давлатӣ ва камфаъолиятӣ дар баробари фасод, сурат мегирад. Ин созмон дар вебсайти худ мегӯяд, бо рушди иқтисодӣ дар кишварҳои ҷаҳон, лозим аст то Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико бо ҳамкории якдигар пеши рушди фасоди байналмилалиро бигиранд.
Мубориза бо фасод аз чанд сол ба ин сӯ дар садри барномаҳои давлати Тоҷикистон қарор дорад ва ҳамчунин ба ин манзур ба изофаи ниҳодҳои дигар, Оҷонси мубориза бо коррупсия низ таъсис шуда ва амал мекунад.
Қаблан Оҷонсии мубориза бо коррупсия ва Додситонии кулли Тоҷикистон, аз фасоди густурда миёни кормандони ниҳодҳои вобаста ба вазоратҳои маориф ва умури дохилӣ, ишора карда буданд.
Аммо масъулони давлати Тоҷикистон бар ин назаранд, ки муборизае, ки чанд сол ба ин сӯ зидди фасод дар кишвар идома дорад, аз густариши он пешгирӣ кардааст. Онҳо даҳҳо парвандаи пурсарусадои солҳои охир, аз ҷумла боздошти мансабдорони муҳими давлатиро намуна меоранд ва мегӯянд, ҳар яке аз чунин парвандаҳо, мансабдорони дигарро аз ришвахорӣ бозмедоранд.
Ба назари таҳлилгарон, як мушкили фасод ва густариши он, мавҷуд набудани иродаи сиёсӣ барои мубориза бо ин зуҳурот аст. Далели он ҳам ин аст, ки Оҷонси мубориза бо фасод дар солҳои ахир бархе аз вазоратхонаҳои кишварро ба унвони фасодзадатарин ниҳод эълон карда буд.
Аммо вақте расонаҳо айни ҳамин хабари оҷонсиро нашр карданд, додгоҳ онҳоро барои тӯҳмат ба вазорат маҳкум кард. Ин амр ба гуфтаи таҳлилгарон, иродаи мақомоти сиёӣ барои мубориза бо фасодро заиф нишон медиҳад ва баёнгари тарҷеҳ додани робита бар зобита ва ё манфиати гуруҳӣ ба амри қонун аст.