Фасоду коррупсия дар Тоҷикистон бештар низоми додгустарӣ, ниҳодҳои қудратӣ ва шохаҳои ҳукуматро олуда карда, ин сохторҳоро дар чашми ҷомеа ношаффоф ва пӯшида нигоҳ медорад. Чунин аст хулосаи созмони «Шаффофияти байналмилалӣ» (Transparency International), ки рӯзи 27 январ гузориши солонаи худро дар бораи “Шохиси коррупсия дар кишварҳои ҷаҳон” муаррифӣ кард.
Ин гузориш вазъи фасодро дар 168 давлат арзёбӣ карда, ба хулосае расидааст, ки ҳеҷ як нуқтаи ҷаҳон аз фасод пок нест ва ҳеҷ як давлат натавонист ба баландтарин нишондод - 100 хол сазовор дониста шавад. Ҳатто кишварҳои аз лиҳози риояи қонунмандӣ обрӯманди Дания, Финляндия ва Шветсия нишонаҳои фасод ошкор шуда, ин кишварҳо аз 89 то 91 хол гирифтаанд. Муҳаққиқони ин созмон мегӯянд, ки беш аз 6 миллиард аҳолии ҷаҳон дар кишварҳое ба сар мебаранд, ки бо мушкилоти сахти фасод рӯбарӯ ҳастанд.
Тоҷикистон дар раддабандии нави созмони Transparency International бо 26 хол дар мақоми 136 қарор дорад. Светлана Савитская, ҳамоҳангсози минтақавии барномаҳои созмони «Шаффофияти байналмилалӣ» дар кишварҳои Аврупову Осиёи Марказӣ дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ аз Олмон нишондодҳои Тоҷикистонро шарҳ дод. Вай гуфт, ҳар кишваре, ки дар шохиси коррупсия аз 30 хол камтар гирифтааст, ба маъноест, ки вазъаш хеле бад, гирифтори коррупсияи систематикӣ ва амиқ аст.
“Аз лиҳози олудагӣ ба фасод дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ як рукуде мушоҳида мешавад, ки роҳи бурунрафт аз он ба назар намерасад. Дар Тоҷикистон мушкилоти калонтарин дар низоми додгустарӣ ва ҳам сохторҳои ҳифзи қонун мушоҳида мешавад. Дар пай хадамоти давлатӣ қарор доранд, ки фаъолияташ начандон босифат, ношаффоф, пӯшида буда дар баробари шаҳрвандонашон ҷавобгӯ нестанд”.
Ба гуфтаи ӯ, дар тамоми бахшҳои ҳукумат бархӯрди манфиатҳо ба чашм мерасад ва декларатсияи даромади хизматчиёни давлатӣ аз шаҳрвандон пинҳон аст. Дар Тоҷикистон барои мубориза бо коррупсия ва фасоди молӣ дар баробари сохторҳои дахлдори ниҳодҳои қудратӣ, инчунин Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон сафарбар шудааст. Вале дар моҳи марти соли 2015 ба мақоми раҳбари ин оҷонс таъин шудани писари президент Эмомалӣ Раҳмон – Рустами Эмомалӣ дар доираҳои коршиносон суолҳои зиёдро дар заминаи шаффофияти мубориза бо коррупсия эҷод кард.
Натиҷаи кори ин ниҳод дар соли 2014, ки дар сомонаи ин ниҳод нашр шудааст, ҳокист, ки дар ин муддат дар Тоҷикистон наздики 366 миллион сомонӣ зарари молӣ ошкор шудааст. Ин маблағҳо аз ҳисоби хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ, камомад ва тасарруфи маблағҳо ва ҷиноятҳои дигар азхуд карда шудаанд. Аз рӯи омори соли 2014 ва нимсолаи аввали соли 2015, ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ дошта бештар аз ҳама дар системаи бонкӣ, сохторҳои вазорати маориф ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба қайд гирифта шудаанд. Дар соли 2014 дар худи сохторҳои оҷонсии зидди коррупсия дар манотиқи Тоҷикистон 79 ҳолати ҷиноят ба қайд гирифта шуда, гунаҳгорон ҷазо гирифтаанд.
Иқтисодшинос ва раҳбари Маркази “Бозори озоди Тоҷикистон” Константин Бондаренко мегӯяд, масъалаи густариши фасод дар ин кишвар ба “салоҳиятҳои бемаҳдуди сохторҳои ҳукуматӣ ва назоратӣ” вобаста аст. Вай дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз Украина гуфт, мушкил дар ин аст, ки қонунҳои Тоҷикистон бештар хусусияти манъкунанда дораду хизматчиёни давлатӣ дорои салоҳиятҳои васеъ мебошанд. Шумори зиёди хизматчиён, ба гуфтаи ӯ, боиси кам будани маоши онҳо мешавад. Ин падида боиси ба амал омадани коррупсия ва бюрократия мешавад.
“Вақте ҳар ходими андоз супориш мегирад, ки бояд нақшаи штраф ё ҷаримаро иҷро кунад, ин чиз худ аз худ боиси коррупсия ва муҷозот
шудани афроди бегуноҳ мешавад”. Вай мегӯяд, вақте мақомот дар бораи вуҷуди фасод дар сохторҳои маорифу беҳдошт бештар бонги изтироб мезананд, ин ба маъноест, ки ҳар сокини оддии Тоҷикистон ҳамарӯза бо ин сохторҳо рӯбарӯ мешавад ва аз хадамоти онҳо истифода мекунад.
Вале дар робита бо фасод дар сатҳҳои баландтар аз ин, мегӯяд иқтисодшинос, масъала дар “нархи мушкил” аст: “Вақте як ширкат интизор дорад, ки барои тарҳе миллиард доллар фоида мебинад, мантиқан ришва ё қимати фасод ба милёнҳо доллар баланд мешавад. Азбаски ин қазия танҳо марбут ба гурӯҳи афроди муайян ва манфиатҷӯ аст, ин ҳодисаҳо бисёр вақт аз чашми мардум ва ҳам сохторҳои тафтишотӣ пинҳон мемонад.”
Бондаренко ба унвони намунаи нисбатан муваффақи коҳиши коррупсия кишвари Гурҷистонро мисол меорад, ки ҳанӯз дар давраи президент Михаил Саакашвилӣ роҳандозӣ шуда буд.
Баъди омӯзиши масъалаи зарурати муроҷиати инсон ба системаи давлатӣ онҳо роҳҳои коҳиши зинаҳои фасодро аз байн бурданд. “Фарз кардем, шаҳрванд бояд барои худ шиносномаи нав таҳия кунад. Дар қонун мӯҳлати расмии таҳияи паспорт дар сохторҳои вазорати умури дохила 1 моҳ ва нархаш 100 доллар ишора шудааст. Онҳое, ки дар гирифтани паспорт шитоб мекунанд, дар як ҷомеаи фасодзада маҷбур мешаванд, ки 200-300 доллар ба дасти як хизматчӣ дода, кори худро дар фурсати кӯтоҳ ба субут расонанд. Барои роҳ надодан ба чунин ҳолат, дар Гурҷистон мӯҳлатҳои гирифтани шиносномаро дар фурсатҳои мухталиф ва аз рӯи нархномаи муайяни расмӣ дуруст карданд”, гуфт Бондаренко.
Вай мегӯяд, таҷрибаи кишварҳои пешрафта, аз ҷумла дар Аврупо нишон
Шохиси коррупсияи созмони “Шаффофияти байналмилалӣ”
Шохиси коррупсияи созмони “Шаффофияти байналмилалӣ” таҳқиқотест, ки дараҷаи фасодро дар сохторҳои давлатӣ мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Ба ҳар кишваре, ки мавриди омӯзиш қарор мегирад, аз 0 то 100 хол дода мешавад ва кишвари озод ё пок аз фасод баландтарин баҳо (100 холро) соҳиб мешавад. Таҳқиқоти мазкур аз ҷониби гурӯҳҳои мустақил анҷом шуда, дар ҳар кишвар мустақилияти низоми додгустарӣ, вазъи бизнес ва муҳити соҳибкорӣ, озодии баён ва имкони журналистон барои анҷоми таҳқиқоти мустақили мавридҳои фасод, хадамоти сохторҳои давлатӣ, шаффофият ва тарзи хизматрасониву гузоришдиҳии матбуот мавриди омӯзиш қарор мегирад. Афзун ба ин, таҳқиқот озодиҳои сиёсиву шаҳрвандиро дар ин кишварҳо ба эътибор мегирад.
медиҳад, ки коҳиши мавридҳои тамоси корафтода бо инсон, яъне хизматчиёни давлатӣ, имкони бештари анҷоми як кор аз роҳи электронӣ ё интернет, масалан, пешкаши гузориши молӣ ба сохторҳои андоз, мавридҳои коррупсияро шадидан коҳиш медиҳад. Ин коршинос меӯяд, ки мубориза бо коррупсия – пеш аз ҳама як масъалаи сиёсӣ аст. Барои мубориза бо ин падида на танҳо бояд сохторҳои дахлдор сафарбар шаванд.
Светлана Савитская гуфт, барои раҳбарон иродаи сиёсӣ лозим аст, ки коррупсия решакан шавад ва ҳам мавқеи худи президент ва элитаи раҳбарикунанда муҳим аст, ки вазъ тағйир ёбад. То замоне, ки талош барои мубориза бо коррупсия аз болотарин сатҳ шурӯъ нашавад ва дар ин кор ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок накунад, чизе дигар намешавад. Вай мегӯяд, вуҷуди муборизаи солими сиёсӣ, низоми бисёрҳизбӣ ва фаъолияти озоди матбуот, худ аз худ дар муқобила бо фасод мусоидат мекунад.