Маҳмадалӣ Давлатшоев-- як сокини ноҳияи Бохтар худро ҳамчун раиси “Ташкилоти байналмилалии зидди коррупсия дар вилояти Хатлон” муаррифӣ намуда, 32 ҳазор доллари сокинони ин ноҳияро бо ваъдаи ҷудо намудани қитъаи замин, ба ҷайби худ задааст. Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 11 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Маҳмадалӣ Давлатшоев дар авохири ҳафтаи гузашта боздошт шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, Маҳмадалӣ Давлатшоев аз номи ин ташкилоти мубориза бо коррупсия бо мардум сӯҳбат мекардааст, дар ҳоле ин созмон дар ҷое сабти ном нашуда ва чунин як ниҳоде аслан вуҷуд надоштааст. Аксари афроде, ки ба доми ин шахс афтодаанд, сокинони ноҳияи Бохтар будаанд.
Раиси ин “ташкилот” бо муарифии худ, ваъдаи ҷудо намуда додани қитъаи заминро намуда, дар ибтидо аз корафтодагон барои иҷрои ваъдааш, пул дарёфт мекардааст. Ба ин тартиб, аз моҳи октябри соли 2013 то замони боздошташ аз 7 сокини ноҳияи Бохтар бар ивази ваъдаи қитъаи замин, аз 1000 доллар то 3500 доллар гирифта, ба онҳо на замин ва на пулашонро баргардонидааст.
Вазорати корҳои дохилӣ аз ифшои номи ҷабрдидаҳо то анҷоми пурраи тафтишот худдорӣ кард ва танҳо бо овардани сари ҳарфи ному насабашон иктифо намуд. Дар маҷмӯъ, маблағҳои бо роҳи фиреб бадастовардаи Маҳмадалӣ Давлатшоев 32 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бохтар мегӯяд, ки алайҳи Маҳмадалӣ Давлатшоев бо ҷурми "қаллобӣ" парванда боз намуда ва тафтишот идома дорад.
Боздошти ин шахс дар ҳолест, ки даҳҳо тан аз сокинони Хатлон аз мавориди ришваситонӣ ва фасод дар тақсими замин аз сӯи масъулон дар ин минтақа сӯҳбат мекунанд. Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷой доштани хариду фурӯши замин, бахус аз ҷониби кормандони кумитаи заминсозӣ дар шаҳру навоҳии ин вилоятро тасдиқ намуда мегӯяд, ки ин мавзӯъ онҳоро нигарон кардааст.
Бар асоси оморӣ расмӣ, дар Хатлон дар соли гузашта 91 ҳолати қонуншиканӣ дар самти хариду фурӯши замин ошкор шудааст, ки раисону котибони ҷамоатҳо, сардорони шуъбаҳои ҳукумат ва дигар масъулин даст доштаанд. Мақомот алайҳи 50 нафар шахсони мансабдор парвандаҳои маъмурӣ боз намуда, онҳоро ба маблағи 80 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд.