Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занозанӣ бо сарбозони Русия дар Чеченистон


Дар Интернет навори занозании гурӯҳие нашр шудааст, ки гумон меравад, рӯзи 23 феврал, дар рӯзи иди артиши Русия дар рустои Борзойи Чеченистон байни сарбозони рус ва сокинони маҳаллӣ рух додааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет наворе пайдол шудааст, ки зоҳиран лаҳзаҳое аз занозании гурӯҳӣ байни сарбозони Русия ва чеченҳоро намоиш медиҳад. Дар ин навор аз паси кадр садои фарёдҳо бо забонҳои русиву чеченӣ ба гӯш мерасанд.

Нафаре бо номи Надежда Иванова, ки ин наворро нашр кардааст, мегӯяд, ки ин занозанӣ дар рустои Борзойи ноҳияи Шатойи Чеченистон дар наздикии як қисми низомии артиши Русия рух додааст.

Радио Маршо (бахши Қафқози шимолии Радиои Озодӣ) мегӯяд, манзарае, ки дар видео менамояд, нишон медиҳад, ки занозанӣ дар ҳақиқат дар Борзой рух додааст. Пайдо кардани муаллифи видео даст надод, вале дар Радиои Маршо гуфтанд, ки кормандонаш ин нусхаҳои ин видеоро аз манобеи мухталифе, ки бо якдигар рабт надоранд, дастрас кардааст.

Дар занозанӣ низомиҳо ва афроди либоси мулкӣ дар тан, русҳо ва чеченҳо ширкат кардаанд. Маълум нест, ки ин видео кай ба навор гирифта шудааст, вале манобеи Радио Маршо мегӯянд, ки ин занозанӣ рӯзи 23 феврал сурат гирифтааст.

23 феврал дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун рӯзи таъсиси Артиши Шӯравӣ таҷлил мешуд. Русия номи ин идро ба Рӯзи ҳомиёни Ватан табдил кард, вале 23 февралро аксар ҳамчун рӯзи иди касбии низомиҳо медонанд.

Дар навори видеоӣ садои дашном ба забони русӣ, ҳамчунин ибораҳо бо забони чеченӣ шунида мешаванд:

Радио Маршо ҳамчунин мегӯяд, ки чунин ҳодисаҳо дар ноҳияи Шатой ҳар сол 3-4 дафъа рух медиҳанд, вале мақомот аз шарҳи онҳо худдорӣ мекунанд.

Чеченистон, ки соли 1991 худро аз Русия мустақил эълон кард, дар солҳои 1994-1996 ва ибтидои солҳои 2000-ум ду дафъа бо артиши Русия вориди ҷанг шуд. Баъди ҷанги дуюми Чеченистон дар ин ҷумҳурии Қафқози шимолӣ як ҳукумати рӯ ба Маскав, ки феълан ба он Рамазон Қодиров раҳбарӣ мекунад, рӯи кор омад.

Дар солҳои охир миқёси муқовимати мусаллаҳона чирикиҳои ҷудоиталаб дар Чеченистон рӯ ба коҳиш овард, вале ҳар сари чанд вақт аз ин минтақаи ошӯбзада дар бораи ҳамлаҳои чирикиҳо алайҳи нирӯҳои артиши Русия ва пулиси маҳаллӣ гузоришҳо ба даст мерасанд.

Русия ба хотири муқобила бо гурӯҳҳои чирикӣ дар чанд минтақаи Чеченистон қисмҳои низомиашро мустақар кардааст. Маскав ҳамин тавр, чанд воҳиди ғайринизомӣ аз ҳисоби худи чеченҳоро, ки ба хотири муқобила бо ҷудоиталабон таъсис дода шудаанд, маблағгузорӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG